Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳамсинфон, ҳамсафон, ҳамсолони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Сиёсат«Бузургон аз деҳот ба шаҳр меоянд…»
Айёми кӯдакиву наврасиҳоямон дар колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара сипарӣ шудааст ва то имрӯз дар ҳамин макон умр ба сар мебарем. Фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳамин ҷо таваллуд ва бузург шудаанд.
Падари мо, Раҳим Ёқуб, дар ҳамсоягии бобои Раҳмон мезистанд. Дар оилаи онҳо се фарзанд – акаи Нуриддин, апаи Қурбонбӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ба камол мерасид. Писари калонии хонавода замони хизмати ҳарбӣ шаҳид шуда буд. Мо як хона болотар зиндагӣ мекардем. Бобои Раҳмон, падари Сарвари давлат, марди хоксору боандеша буданд. Доим мо, бачаҳоро насиҳат мекарданд. Шахси одиву фақир, аммо дастбахайру некӯкор буданд.
Солҳо баъд Талбаки писари бобои Хуҷамуродро, ки бо сабаби камбағалӣ синнаш рафта бошад ҳам, зан гирифта наметавонист, он кас оиладор карданд.
Он айём зимистон сардтар аз ҳоло буд, барфҳои баланд мезад. Ҳама ба тори ёла барои яхмолакбозӣ мерафтем. Эмомалӣ Раҳмон бачагонро аз ҳар кӯча гирд оварда, бозиҳои якҷоя ташкил мекарданд, ки боиси шиносоиву дӯстии бештар мегардид.
Тобистон бачаҳои калонтар футболбозӣ мекарданду мо, хурдтарон, тамошобин будем. Тӯб, ки «аут» шуд, мисли дигар бачаҳо супориш намедоданд, ки рафта оред, худашон оварда, бозиро идома медоданд. Дар яке аз бозиҳо пои Матлубхони бачаи бобои Султон (Матлубхон Давлатов) зарб хӯрд. Эмомалӣ Раҳмон зуд ӯро то хонаашон бурда, духтур оварда буданд.
Пас аз хизмати аскарӣ соли 1979-ум Эмомалӣ Раҳмон чун котиби колхози ба номи В.И.Ленин ба фаъолият пардохтанд. Тарҷумаи ҳоли ман, ки он сол нав ба кори колхоз омада будам, бо хатти Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст. Дар вазифаҳои раиси иттифоқи касаба, парторг, раиси колхоз кор карданд. Нисбат ба халқ бисёр ғамхорӣ зоҳир менамуданд. Мардум ҳам он касро дӯст медоштанд.
Солҳои 1986–1987 роҳҳои Данғара бори аввал асфалтпӯш шуданд. Он солҳо ҳуҷҷатгузориву ба даст овардани ризоияти ҳукумати марказӣ кори осон набуд, чӣ гуна чунин корҳои ободониро анҷом медоданд, намедонам.
Бо қарори ҳукумати вақт дар заминҳои колхозӣ танҳо пахта кишт мешуд, аммо Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 10 гектар таҷрибаи обчакориву парвариши сабзавотро ба роҳ монданд. Ҳосилро барои бригадаҳои саҳроӣ тақсим мекарданд. Боғдорӣ ривоҷ ёфт, меваю сабзавотро арзон ба фурӯш мебароварданд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф афзуд. Дастгирии муаллимон, ҳавасмандсозӣ, зимистонгузаронӣ ба маротиб беҳтар гардид. Дар мактаби №7-и ноҳия, ки замоне худашон таҳсил мекарданд, акнун фарзандонашон мехонданд, он касро раиси кумитаи падару модарон интихоб карданд. Дар маҷлисҳо пешниҳодҳое мекарданд, ки дар ҳайрат мемондем. Будани равоншинос дар мактаб, омӯхтани хатти ниёгон бори аввал маҳз аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. «Шоҳнома»-ро ҳамон солҳо он кас чун китоби муҳими таърихии хусусияти бадеидошта маънидод карда буданд… Аз байни 12 нафар Эмомалӣ Раҳмон вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Он рӯз дар мавзеи Қушқоқи ноҳияи Данғара дар сари дарав будем, ки мошини тамғаи «Виллис» омаду пас аз суҳбати кӯтоҳ раисро бо худ бурд. Бегоҳиаш огоҳ шудем, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Кӯлоб таъин шудаанд. Тариқи телевизион дидем, ки чӣ гуна дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раис интихоб шуданд. Мардум бо дилпурӣ мегуфт, ки акнун оромӣ хоҳад шуд…
Бузургон ҳамеша аз деҳот ба шаҳр меоянд ва оламгир мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон назаркардаи Худованд будааст.
Худоназар Раҳимзода,
раиси собиқадорони ҷангу меҳнатиноҳияи Данғара
«Рӯзамон нек шуд»
Падарони мо якҷо бузург шудаанд. Мо низ ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон аз кӯдакӣ якҷо калон шудем. Дар як кӯчаву як маҳалла зиндагӣ мекардем. Тақрибан 8-сола будем, ки дар ҷойи хонаи мо сохтмони идораи колхоз шурӯъ шуд. Оилаи Эмомалӣ Раҳмон аз дасти рости ин идора ва мо ба поёнтари маҳалла кӯч бастем. Маркази деҳаи Данғара, ҳамин ҷое, ки мо суҳбат мекунем (қасри фарҳанг), маркази шаҳраки Данғара буд.
Бо Эмомалӣ дар як синф таҳсил кардем. Бачагии одиву хуше доштем. Кӯдакиву нодонӣ, як замон бозикунон ҷони мӯйсафеди ҳамсояро ба лаб овардем ва ӯ бо фалахмон (камонғӯлак)-и дасташ чунон зад, ки дасти ман шикаст. Бобои Раҳмон, падари Эмомалӣ, шикастабанд буд, зуд бо қиёмӯ пашму тухм дастамро баст.
Холаи Майрам ҳам ҷони одам буданд. Меҳрубон, дилсӯз, ҳалиму. Мегуфт: «Бачаҷонҳоям, бишинен, ҳозир ягон чизакатон мепазам». Лаззати тухми дар зери қӯр пухтааш то ҳол аз даҳонам намеравад. Гарчанде баъзан дилам гум мезанад, хоҳиш мекунам, ки аз он омода созанд, аммо он таъму он маза нест. Холаи Майрам тухмро дар қӯри латтаалови чакдон мепухтанд.
Эмомалӣ бисёр хуб мехонду ман чандон майл ба хондан надоштам. Муаллими аввалинамон Ойимхол ном дошт, насабаш Миралиева. Дӯсташ медоштем. Иззатулло Куганов роҳбари синфамон буд, муаллим назди шогирдон эҳтироми баланд дошт.
Пас аз хатми мактаб Эмомалӣ Раҳмон ба аскарӣ рафт, таҳсилро идома дод, парторги колхоз шуд, раис буд, корманди ҳукумат шуд. Бо мошини «Москвич» мегашт. Мо бо ҳам ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40-и шаҳри Леваканти имрӯза дохил шудем.
Дар дарси аввал муаллим бо русӣ савол медиҳад, ман намедонам чӣ гӯям, зеро забони русиро намедонистам. Дидам, ки нашуд, хонданро партофтаму аскарӣ рафтам. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ омадам, ки Эмомалӣ омӯзишгоҳро хатм кардааст. Ман тамоми умр ронандаи одӣ будам…
Солҳои 90-ум, авҷи гуруснагиву ҷанг, кӯдакон хурдтар… Занак гуфт бачаҳо гурусна. Эмомалӣ Раҳмон раиси колхоз буд. Наздаш рафтам. Дар идораи колхоз суроғаш кардаму наёфтам. Ба гаражи колхоз рафтам, ки нишастааст. Пурсид, ки ба хайр аст? Гуфтам: «Эмомалӣ, кумак кун, ки кӯдакон гуруснаанд». Гуфт, ки охир ягон нафар аз оилаатон корманди колхоз нест. Бо зарда рафтанӣ будам, ки манъ кард: «Маҳмадсаид, куҷо меравӣ? Ман шӯхӣ кардам, қаҳрат кард?».
Дар коғаз чизе навишту имзо кард ва ба дастам дод. «Инро хӯрдан гиред, боз мебинем». Давон-давон назди анборчӣ рафтам, ба ман 200 кило гандум доданд. Он сол аз гуруснагӣ раҳидему рӯзамон нек шуд.
Ҳоло дар телевизор мебинаму ҳавасам меояд. Гапҳояшро гӯш мекунем, насиҳатҳояш бисёр мақбуланд. Ифтихор мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯсти айёми кӯдакиҳоям аст ва ӯро аз таҳти дил дӯст медорам…
Маҳмадсаид Чиллахонов,
ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон
«Ба идора биё!»
Дар кӯдакиҳоямон як давра падари Эмомалӣ Раҳмон посбони идораи колхоз буд. Дастархонаш ҳамеша кушода… Доим бо чеҳраи хандон ба мо, рафиқону ҳамсинфони писараш пешниҳод мекард, ки шикамамонро сер кунем. Гурусна, ки шудем, назди бобои Раҳмон мерафтем.
Пас аз хатми мактаб ба аскарӣ рафтам. Баъди баргашт чун тракторчӣ ва ронандаи комбайн дар колхоз кор мекардам. То раиси колхоз шуданаш бо Эмомалӣ якҷоя заҳмат мекашидем. Боре аз даҳонаш сухани бад ё сахтгуфторие нашунидам. Агар бо сабаби иҷро нашудани супорише аз касе ранҷад, мегуфт: «Ба идора биё!». Ҳамин қадар. Дигар дар идора чӣ мегуфт, худаш медонисту он гунаҳкор. Чун роҳбар тамоми колхозчиёнро дастгирӣ мекард.
Берун аз дари ҳавлиашон дарахти олуча доштанд. Холаи Майрам доимо замони мевапаз хоҳиш мекард, ки олучаҳоро чинам. Дар мавзеи Маликова ҳам каме замин доштанд, зироаткорӣ мекарданд. Доим ёрӣ мерасондам. То ҳадде бо ман мисли модар меҳрубон буд, ки ба ӯ «оча» гӯён муроҷиат мекардам.
Соле пеш дар деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мактаби калону замонавӣ ба истифода дода шуд. Он рӯз чашми Сарвари давлат дар толор ба ман афтод. Аз байни издиҳом ба наздаш хонд, аз вазъи саломатиам пурсон шуд. Гуфтам сардардаму гӯшҳоям намешунаванд. Ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки табобат кунанд.
Наздики 50 рӯз дар бемористони ноҳия бистарӣ будам. Шукр, ки ҳолам каме беҳ гашт.Эмомалӣ Раҳмон дар баробари шахсияти муҳими таърихӣ буданаш, шахсияти муҳими зиндагии мо, дӯстону рафиқони айёми кӯдакиҳояш ҳам ҳаст. Диламон барои шӯхиву хандаҳояш ва ба серӣ дидану суҳбатҳояш гум мезанад. Аммо ӯ ҳоло серкор аст, зеро масъулияти идораи як давлатро ба уҳда дорад.
Дар ин роҳ иқбол ёру толеъ мададгорашон бошанд.
Амиршо Раҳматшоев
ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо










