БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тоҷ ба сар марҳабо

Сиёсат

Вақте модар ба пешвози фарзанд меояд…

Чархболи Пешвои миллат дар фазои Фархор дар парвоз аст. Кӯдаке пеши дари хонаашон чашм ба осмон садо дармедиҳад: «Пешвои миллат, хуш омадед ба Фархор». — Ба хона медавад, то аз аҳли хонавода шодиёна гирад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб бонги «Фалак» ба фалак мепечад:


Тоҷ ба сар, марҳабо,

Шамсу қамар, марҳабо.

Мардуми Кӯлобро,

Нури басар, марҳабо…

Модарони пичасафед ба истиқболи фарзанди дилбандашон то фурудгоҳ омадаву мерақсанду шодӣ мекунанд…

Фурудгоҳ чаманзореро мемонад, ки ҳар гул накҳату зебоии худро дорад: онҳо духтарону модарони чаканпӯшанд. Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин манзара чаман – чаман шукуфтанд ва ба модарони азиз рӯй оварданд: «Ман аз самими қалб барои модароне, ки ба пешвози Роҳбари давлати худ омаданд, боз хизмат мекунанд, як ҷаҳон ташаккуру миннатдорӣ баён мекунам. Модарони азиз, ман ба шумо аҳсан мегӯям, сари таъзим фуруд меорам. Ин аст дӯст доштани Ватан».

Ин зебоӣ, ин хушрӯзиро танҳо дар Тоҷикистон мебинӣ…

Дидани ин саҳнаи зебои идона, ки танини истиқлол фалакпеч буд, боз ҳам ёди Сарвари давлатро ба рӯзҳои пешин бурд ва бо нигаристан ба чеҳраҳои аҳли майдон афзуданд: «Ин хурсандиву хушбахтии мардуми шаҳри бостонии Кӯлобро мебинаму ба ёдам рӯзҳои соли 92-юм мерасанд. Ва шукрона мекунам, ки ба ин хушрӯзӣ расидем».

Бале, Пешвои миллат аз дидани хурдтарин дигаргунӣ дар дурдасттарин гӯшаи кишвар хушнуд мегарданд, чӣ расад ба модароне, ки ба поси хизматҳои арзандаи фарзонафарзанд то фурудгоҳ омадаанд. Омадаанд, ки арзи сипос кунанд: барои имрӯзии ором, давлати обод, мулки ҳамакнун машҳури офоқ.

Ин муҳаббат танҳо дар симои модарон ҷамъбаст намешавад. Кӯдакон низ ба пешвози бобои ғамхорашон пушти дари хонаву майдонҳои варзишӣ хушҳолӣ мекунанд. Писараки фархорӣ бо дидани чархболи Президент ба худ намеғунҷад, қадами Президентро ба диёри нозанинаш хушомадед мегӯяд ва беихтиёр вориди хона мешавад, то шодиёна гирад. Гурӯҳи дигари наврасон, ки машғули тамринанд, бо дидани вуруди Роҳбари давлат ба хоки бостониашон, шиор медиҳанд: «Тоҷикистон, ба пеш!». Онҳо Роҳбари давлатро бо ҳамин шиор шинохтаанд ва бо чунин андеша ба камол мерасанд: Тоҷикистонро дурахшонтар бояд намуд!

Дар шаҳри Кӯлоб бошад, кӯчаҳое, ки Сарвари давлат бояд иншоотро боз намоянд, моломоли одам аст: кӯдакон, модарону духтарон. Онҳо аз рӯйи ҳеҷ барномае наомадаанд. Бидуни тайёрӣ омадаанд, то аз дур ҳам бошад, ба дидори мубораки Роҳбари давлат шарафёб гарданд. Чӣ бахти баланд!

Ҳамин аст муҳаббати беинтиҳои халқ ба Сарвари худ, ки бо ҳеҷ сухане наметавон тафсир кард. Президентро ҳама дӯст медорад ва хеле самимӣ.

Меҳрангез ҚОДИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2026_small.pdf [2.95 Mb] (зеркашиҳо: 9)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон