БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шукӯҳи наве дар пойтахт

Сиёсат

   Ҳине, ки гузори кас аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, ки муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ босалобату ифтихормандона қомат афрохтааст, меафтад, дидаҳо беихтиёр нерӯ мегиранд ва ба чор самт менигаранд. Чӣ намои зебоеву иморати ҷаззобе раҳгузаронро водор месозад, ки сар ҷониби он тобанду дурудароз ба бинои нави хушсохт чашм дӯзанд.

Ин бинои нави Парлумони Тоҷикистон аст, ки ҳамзамон бо бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми июли имсол дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи ин иморатҳои бошукӯҳ доир шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон чун рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири равобити кишварҳо арзёбӣ намуданд. Сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин ва дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя сурат гирифтааст.

Дар бунёди иморатҳои мазкур муҳандисону бинокорону меъморони гулдаст давоми 6 сол заҳмат кашида, аз санъати волои меъмории муосир, унсур ва нақшу нигори миллӣ, услуби хоси пардозу ороиш истифода бурдаанд. Аз 5 ширкати сохтмонӣ дар умум, 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ дар бунёди ин ду иншооти муҳташаму муосир масруф буданд, ки имрӯз ба маҳсули эъҷози ҳунари онҳо мардум баҳои баланд медиҳад.

  Гулгашту роҳу пайроҳаҳои сафолакпӯш, фаввораҳои шабона ба сад ранг ивазшавандаи назди бинои Парлумони Тоҷикистон беихтиёр назарҳои сокинону меҳмонони пойтахтро сӯйи худ моил месозанд ва хурду бузург ба тамошои ин муъҷизаи дасти устоҳои гулкор меоянду аз гарди фаввораҳои серун ва рангомезиҳои он лаззат мебаранд. Ин иморатҳои муҳташам ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳусни бештаре зам намуда, симои хиёбони марказии шаҳрро боз ҳам зебову рангин месозанд.

 Барои фаъолияти самарабахши ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мазкур туҳфаи арзишманди замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, ки бо беҳтарин шароити корӣ қомат афрохтаанд. Дар дохили бинои Парлумон маҷлисгоҳи бузург бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои алоҳида барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ ҳар кадоме бо 250 ҷой, толори қабули меҳмонони воломақом, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, китобхона, маркази тиббӣ, толор барои баргузории конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои кориву ёрирасон мавҷуданд. Баландии бинои Парлумон 49,7 метр ва бо гунбазаш 70 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 43 ҳазору 750 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ороиши ҳуҷраҳо ва толорҳои ин иморат бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва ороиш бо сангҳои табиӣ сурат гирифтааст.

 Бо арзи сипосу қадрдонӣ ва эҳтироми бузург Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Тоҷикистони биҳиштгуна хайрамақдам гуфта, бунёди иморатҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз намунаҳои олии ҳамкории ду кишвар унвон дода, маҷмуи нави санадҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонданд. Месазад, ки ҳусни ҳамҷаворӣ, анъанаи дӯстии ҳамсоякишварҳо, эътимоди байниҳамдигарии давлатҳоро дар мисоли Тоҷикистону Чин тарғиб намуду диққати аҳли башарро сӯйи иқдому ташаббусу созандагиҳо раҳнамун сохт.

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон