БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Оини зиндагӣ биомӯзем

Сиёсат

Гарчанде фарҳанги чӣ гуна зистанро дар шебу нишеманҳои рӯзгор таҷриба карда бошад ҳам, дар интихоби касб панди зодмандонро мақбули дилаш донист, ки мегуфтанд: «Оини хушбахтӣ на аз кӣ будану кадомин мақомеро соҳиб гаштан, балки чӣ гуна зистан аст».

Имтиҳонҳои дохилшавиро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият супурд, вале дар комиссияи мандатӣ бахташ омад накард ва ба зодгоҳаш-ноҳияи Восеъ баргашт. Соли аввал ҳамчун мутахассиси шуъбаи коргузории мақомоти прокуратураи ноҳия фаъолият намуда, пасон, ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд.

 Дар баробари ҳуқуқшиносӣ ба пешаи омӯзгорӣ низ завқу рағбати бепоён доштам, биноан, то хатми Донишгоҳ қисман дар мақомоти прокуратура фаъолият карда, баъдан, фаъолияти омӯзгориро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 деҳоти ба номи Абдӣ Авазов оғоз бахшидам. Тайи солҳои 2000 – 2002 дар Муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 64 дарс гуфта, баъдан то таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳия роҳбарии муассисаи мазкурро ба зимма доштам, - иброз дошт Бибинисо Гулмуродзода. – Хушбахтона, дар ин давра муяссар гардид, ки ин мактаби ибтидоиро ба МТМУ табдил дода, бо дастгирии Кумитаи падару модарон ва шахсони саховатманд дар назди мактаби мазкур 5 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода диҳем.

Ёдоварӣ аз фаъолияти бисёрсолаи омӯзгорӣ ба он хотир аст, ки бетардид, дар умури идоракунии соҳаи иҷтимоӣ, хусусан, дастгоҳи идеологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҷрибаи фаъолият дар соҳаи маориф беҳад ба кор меояд. Чун солҳои қаблӣ, масъулияти самти иҷтимоиёт ва маънавиётро як нафар аз муовинони раиси ноҳия ба зимма дошта, дар ин ҷода кадрҳои дар риштаи таълиму тарбия обу­тобгирифта бештар муваффақ буданд.

Ин буд, ки баъди беш аз 20 соли фаъолияти омӯзгорӣ, пешниҳод ба вазифаи муовини раиси ноҳияро бо боварӣ аз лаёқату зарфиятҳои худ пазируфт. Ҳолиё, бо фараҳу шукргузорӣ аз собиқаи омӯзгориву ифтихор аз ташаббусҳои мондагораш ба ин бовар аст, ки дастоварди коргарзанон дар арсаҳои роҳбарӣ аз сабру таҳаммул дар мушкилиҳо ва баракати ростгориву ҳисси масъулиятшиносии онҳост. Ӯ соҳиби чаҳор писар буда, ду нафари онҳо касбу пешаи модарашонро интихоб намудаанд. Фарзанди калонӣ ҳамчун директори МТМУ № 64 азм намудааст, ки мисли модари номдораш дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ саҳм бигирад.

Восеъ аз лиҳози нуфуси аҳолӣ калонтарин ноҳияи вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, аз ҳудуди 270 ҳазор нафар аҳолӣ 50 фоизашро занону духтарон ташкил медиҳанд ва ҷинси латиф дар пешбурди соҳаҳои кишоварзӣ ва маорифу тандурустӣ нисбат ба мардон шумори аксариятро ташкил медиҳанд. Аз ҳузури фаъол дар рушди соҳаҳои муҳим, ҳамзамон, бонувони таҳсилдида дар ҳаллу фасли мушкилу масоили иҷтимоии аҳолӣ саҳми пешсафӣ доранд. Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад, дар баробари заминагузорӣ ба рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамвора, дар ташаккули ҷаҳонбиниву маърифатнокии мардум нақши муассир дорад.

Ба андешаи Бибинисо Гулмуродзода, «Илм бо мутолааву маърифат аз мушоҳида ҳосил мешаванд» ва ҳаракати корвонҳои пурбори тоҷирону равуои соҳибкорону сайёҳони хориҷӣ тариқи ин шоҳроҳ, хосса дар ташаккули афкору ҷаҳонбинии бошандагони шафати шоҳроҳ таъсиргузор аст. Аз сӯи дигар, дар фазои иқдомҳои бузурги созандагӣ, бунёд гардидани иншооти хуштарҳу замонавӣ ва муассисаҳои таълимиву тарбиявии ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ, симои деҳу деҳкадаҳои ноҳия, ба монанди шаҳракҳои намунавӣ, ободу зебо шуда истодааст, ки ин навгониҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, мафкурасозии созанда ва маърифатнокии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

 Дар ин шабу рӯз, ки тибқи дастуру супоришҳои зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ироанамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари ноҳия суҳбату вохӯриҳои «Деҳа ба деҳа», «Хона ба хона» ҷараён доранд, теъдоди зиёди ҳайати гурӯҳҳои таблиғотиро фаъолзанон ташкил медиҳанд, - мегӯяд муовини раиси ноҳияи Восеъ Бибинисо Гулмуродзода. – Аз дидор бо мардуму ошноӣ бо ҳаёту фаъолияти онон ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар замони тақозои бедориҳои фикрӣ ҳар як шаҳрванди меҳандӯст хоҳиши иштирок дар суҳбату баррасиҳои масоили иҷтимоиро дорад. Ҳолиё, модарони солманд ҳам идомаи таҳсилоти оливу касбии духтарон, ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои бонувони хонашин, баргузории маҳфилу чорабиниҳои оммавиро василаи таъсиргузору пешгирӣ аз ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир мешуморанд.

Чуноне ки зимни суҳбату вохӯриҳои «Деҳа ба деҳа», сокинон иқрор меоянд, тамоми мушкилу монеаҳое, ки боиси ақибмондагии сокинони музофот мегарданд, аз ноогоҳии асли дин ва дарк накардани моҳияти риояи қонунҳои мавҷуда маншаъ мегирад. Мутмаинам, баъди баҳрамандӣ аз суҳбату вохӯриҳо бо ходимони дин, ҷомеашиносону донишмандони риштаҳои ҳуқуқу сиёсатшиносӣ ва маъмурони соҳаву сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дигар касе аз бошандагони ноҳияи Восеъ монеи идомаи таҳсилоти оливу касбии ҷавондухтарон намешавад.

 Зимни дидору суҳбатҳои рӯ ба рӯ занони хонашин изҳори таассуф аз он доранд, ки маҳз аз ноогоҳиву таъсири хурофотпарастии зодмандон, баъзе духтарони рустоӣ аз илму ҳунаромӯзӣ дар канор монда, минбаъд ба издивоҷи бармаҳалу хушунату хонавайронӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, сарварони хонаводаҳои рустоӣ дигар намехоҳанд, ки аз худ насли таҳсилнодидаву модарони бебахт ва кӯдакони ятиму бепарас­тор боқӣ гузоранд, - иброз дошт Бибинисо Гулмуродзода.

  Ба гуфти муовини раиси ноҳияи Восеъ Бибинисо Гулмуродзода, дар марҳалаи навини рушду бунёдгузории зерсохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои сайёҳӣ ва маорифу фарҳангу дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ, тақозои замон аст, ки аз ҳисоби ҷавонону бонувони маҳаллӣ кадрҳои лаёқатманд ва донандагони забонҳои хориҷиро омода намоем.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Восеъ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон