БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Форуми занони Тоҷикистону Қазоқистон

Сиёсат

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, 1-уми август дар шаҳри Душанбе Форуми занони Тоҷикистону Қазоқистон таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» доир гардид.

Форум дар доираи сиёсати «дарҳои кушода»-и давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молияи мамлакат, ҳамчунин, шарикони рушд бахшида ба муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва шарики стратегӣ ҷараён гирифт.

Форум бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти дастрасии беҳтари бонувон ба захираҳои молиявӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон, мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва коркарди роҳу механизмҳои наву муассири пешгирии тамоми намудҳои зӯроварӣ, таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа, таҳияи лоиҳаҳо ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занони ҳар ду давлат роҳандозӣ гардид.

Тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва Форуми мазкур ҳамчун яке аз чорабиниҳои канорӣ ба мисоли минбари ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятнок ва баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳар ду кишвар арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси «Алифбонк» Гуланор Атобек, директори иҷроияи «АФОТ» Зебуннисо Фаттидинова, директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ Х. Саидова ва дигарон ширкат ва ибрози андеша намуданд.

Аз ҷониби Қазоқистон дар Форум аъзои Комиссияи миллӣ оид ба корҳои занон ва сиёсати оилавию демографии назди Президенти Қазоқистон Зулфия Байсакова, раиси Шурои занони фаъоли «Атамекен» Лаззат Рамазонова, узви Комиссияи кор бо занони назди ҳокими шаҳри Алма-Ато Жандай Сана Шайханқизи ва бонувони соҳибкору фаъолони ҷомеа ширкат варзида, аз таҷрибаҳои пешқадаме, ки дар Қазоқистон дар самти дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ, дастгирии бонувони соҳибкор ва мубориза бо хушунат дар оила амалӣ мегарданд, сухан ронданд. Мавзуъҳои муҳиме чун густариши фарҳанги бе хушунат зис­тан, таҳияи барномаи офиятбахшии кӯдакони шоҳиди хушунату зӯроварии хонаводагӣ гашта, кор бо озоргарон (агрессорҳо) ва таҳияи қонун оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо, истиқлолияти молиявии бонувон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои занони Тоҷикистону Қазоқистон дар ҷаҳорчӯбаи «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, таҳияи тавсеаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ду кишвар замина мегузорад ва барои таҳияи стратегия ва механизмҳои беҳтар намудани мавқеъ ва вазъи иқтисодии бонувон, баррасии монеаҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон муайян менамояд.

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон