БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Тоҷики номваре, ки ҳама мардум дӯстдори сулҳ медонад

Сиёсат / Слайдер

  Солҳои кӯдакии мо ба солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Дар он солҳо падарам – Баҳодур Салимов (собиқ корманди милитсия) чун муҳофизи сохти конститутсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Панҷакент, Айнӣ, Нуробод фаъолияти низомӣ мебурд. Вазъи зиндагӣ рӯз ба рӯз вазнин мешуд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, нонҳои хурд-хурди аз ҷуворимакка пухтаи модаркалон ба чашмамон мисли лаъличаи тиллоӣ менамуд.

Бо вуҷуди ин, дар хонаводаи мо сухан ҳамеша аз Шумову корномаҳои Шумо мерафт. Бобоям, рӯзноманигори собиқадор, ки дар охири солҳои 90-уми асри ХХ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), аз ҳавзаи интихоботии № 12, деҳаи Ғазантарак буд, ҳамеша аз Сарвари ояндасоз будани Шумо мегуфт ва шукр, ки он ҳама бовару пешгӯиҳои бобоямон рост баромаданд.

Падарам се маротиба дар ноҳияи Деваштичу шаҳри Душанбе иштирокдор ва муҳофизи оромона гузаштани ҷаласаҳо бо иштироки Шумо – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар нахустин сафаратон ба деҳаи Хушекати ноҳияи Ғончӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиат падарам масъули бехатарии сафари меҳмонон ба ин гӯшаи диёр буд ва аз он дидор то ҳанӯз бо ифтихор ҳарф мезанад. Меҳру самимият ва садоқат нисбат ба Шумо дар дили мо реша ба ҳамон солҳои аввали фаъолияти Шумо дорад.

Соли 2010. Падарам дар муҳоҷират ва ман хатмкунандаи дабистон. Маркази миллии тестӣ ҳанӯз таъсис наёфта буд. Давом додани таҳсил дар мактаби олӣ барои ман зери суол рафт. Ҳатто ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ карда, омода будам, ки ба муҳоҷират равам. Ба толеи ман, ба бахти хонаводаи мо, Квотаи президентӣ ба додам расид. Сипос, ки онро бо дурандешӣ таъсис додаед. Вагарна, шояд ман низ имрӯз дар шумори муҳоҷирон будам.

Бо лутфи Ҳақ ва ёрмандии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб соли 2015 ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам, ки муассисаш Шумо, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед. Аз ин бештар дигар ифтихор набуд. Акнун дар ҳақиқат парвардаи мактаби бузурги сиёсии Шумо гардидам. Зеро ҳам бо Квотаи президентӣ таҳсил дидам ва ҳам дар нашрияи президентӣ фаъолият дорам.

 

Наврӯзи соли 2017, ки бо ташаббуси Шумо ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст, бароям ба ҷашни таърихӣ табдил ёфт. Мане, ки дар назди некиву хидматҳои бедареғи Шумо ва Меҳану мардум то вопасин нафас мадюнам, ба суҳбати рӯ ба рӯи Шумо – бунёдгари давлати навини тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидам. Суҳбат дар вохӯрӣ бо зиёиён ногаҳонӣ ва шодиовару хотирмон сурат гирифт. Бо ҳама фараҳмандиву ҳаяҷоне, ки буд, назди Шумо ҳарфи дил гуфта, чанд шеъри шогирдонаи хешро ба шарафи Шумову кишвари тоҷик армуғон намуда, аз панду роҳнамоиҳои Шумо баҳра бурдам.

На танҳо, бо Квотаи таъсисдодаи Шумо илму амал омӯхтам, на танҳо дар рӯзномаи таъсисдодаи Шумо фаъолият мебарам, балки акнун аз давлати суҳбати шахсияти бузурги ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон баҳравар будам.

Пас аз суҳбати Шумо бо пешбарии Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим маро, ки навроҳу навомӯзи адабиёт ҳастам, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд. Се маҷмуаи шеърӣ – «Ҳамболи турнаҳо» (2016), «Баҳор овардан осон нест…» (2019) ва «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» (2024)-ро интишор додам.

Ёдовар бояд шавам, ки ман ғолиби Озмуни байналмилалии «Шаҳр дар оинаи ВАО» ҳастам, ки он дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполисҳои асри ХХ1» соли 2021 ҷамъбаст гардид. Муассиси он Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои азими ИДМ (Международная ассамблея столиц и крупных городов - МАГ) мебошад. Се мақолаи русии ман дар бахши «Ба ифтихори 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Ин ҳама муҳаббат ба эҷоду эҷодкорӣ, садоқат ба коғазу хома пойдевор дорад. Пойдевор ҳамон нахустин сангу хиштҳои Шумо гузошта дар кохи бошукӯҳи давлати тоҷикон мебошад.

Агар ин обу хоки бостониро ба як боғи зебову обод монанд кунем, боғбони чирадасти он Шумоед. Хористони Тоҷикистонро ба баҳористон табдил додаед. Шеъри «Ин Ватанро сохтан осон» набуд, бешак, садои дили Шумост. Сохтани кишваре бо номи Тоҷикистон барои Шумо – Сарвари давлат, воқеан ҳам, осон набуд. Ранҷу худфарсоӣ ва азхудгузаштанҳои Шуморо таърих фаромӯш нахоҳад кард!

Ин шеърро ҳамчун хитобаи Шумо ба миллат ба қалам дода будам, ки дар китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» сабт аст:

Меҳан аз ағёр эмин доштем,

Боғро аз хор эмин доштем.

Тоҷикистон дар сари як мӯй буд,

Бурда сар бар дор эмин доштем.

 

…Як нафас ором будан марг буд,

Хешро бо кор эмин доштем.

Шаъни миллат буд оина, варо

Байни ин кӯҳсор эмин доштем!

Ёдовар бояд шавам, ки китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ҳам бардошт аз талошҳои рӯзафзуни худшиносонаи Шумост. Зеро имрӯзҳо, дар ҷаҳоне, ки бино ба қавли худатон «ҳар лаҳзааш пешгӯинашавандаву ҳар рӯзаш пур аз хабарҳои пурваҳшати куштору ҷангу офатҳои табиат аст», тоҷик будан, инсон будан, мушкил мешавад. Бавижа, барои Шумо, ки аз тоҷикони номвари ҷаҳон ҳастед, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сахт нигаронкунанда аст. Шумо ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон ғами тоҷикони он сӯи Ому ва кишварҳои дигарро низ дар дил доред, дар ҳама суҳбатҳои дохиливу хориҷии хеш аз ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бонги изтироб мезанед.

Дар ҷодаи пуршарафи тоҷик будан, ки намунаи шоистаи он, дақиқан, Шумоед, бар Шумо тандурустии мудом ва сарфарозии айёмро мехоҳам. Зодрӯзатон пирӯз бод, Сарвари кишвари мо, тоҷики далеру зиндадил, ориёии асил!

Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 40)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон