БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДАНҒАРА: Дастовардҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлол

Сиёсат / Слайдер

  Истиқлоли давлатӣ, ки оғози таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ дар сарнавишти халқи тоҷик арзёбӣ гардида, ба марҳалаи бунёдӣ дар кишвар ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик фурсати беназир фароҳам овард, мардуми саодатманди Тоҷикистонро атрофи сиёсати хирадмандонаи меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва поягузори давлати соҳибихтиёр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуд.

Мавриди зикр аст, ки тули солҳои Истиқлоли кишвар дар радифи марказҳои маъмурӣ, ҳамзамон, то дурдасттарин ноҳияҳои мамлакат, ки дар таъмини бозори дохиливу хориҷ аз кишвар бо маҳсулоти гуногун саҳми муҳим доранд, ободу зебо гардида, захираву заминаҳои иқтисодиву истеҳсолии онҳо ба кор дароварда мешаванд…

Чун анъана дар арафаи ҷашну маросимҳои фархундаи кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муборакбодии мардум ва ҳам шиносоӣ аз раванди корҳои бузурги созандагӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар мекунанд. Мусаллам аст, ки ба шарофати қадамҳои мубораки Пешвои муаззами миллат дар саросари мамлакат ба оғози ташаббусҳои ободонӣ ба хотири истиқболи арзанда аз ҷашнвораҳои муҳими кишварамон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти муҳими хизматрасонӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин пайкори наку ба тантанаҳои идонаи мо шукӯҳу ҷалоли зебанда бахшид.

19-уми сентябри соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ аз раванди рушду ривоҷи соҳаҳои хоҷагии халқ, вазъи иҷрои дастуру супоришҳо ва нақшаҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Данғара сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ин рӯз ба хотири оғози расмии корҳои сохтмони бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон дар ноҳия санги асос гузоштанд. Бинои Маркази ҷавонон аз 7 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст мустақар аст, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон, толори хурд барои суҳбату вохӯриҳо ва ошёнаҳои болоӣ аз марказҳои омӯзишиву тайёрии касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Эҷодкорони ҷавон» ва китобхонаву гӯшаи варзишӣ, ошхонаву меҳмонхона ва дигар хизматрасониҳо иборатанд.

 Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ–драмавии Данғара» аз ҷониби Роҳбари давлат аз рӯйдодҳои фаромӯшнопазир барои аҳли фарҳанг ва толибони санъати театрӣ арзёбӣ мегардад. Бинои сеошёнаи хуштарҳу замонавии Театр аз 4 толори бузурги дар умум дорои 1700 ҷойи нишаст ва дигар толору ҳуҷраҳои сершумор иборат хоҳад буд. Баландии толори асосӣ ба 18 метр расида, дар он ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи байналмилалӣ фароҳам хоҳанд гардид. Театри мазкур бо услуби хоси меъмории миллӣ ва ҷавобгӯйи талаботи театрсозии сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида, дар оянда ҷиҳати омода намудани мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ, навозандагӣ ва ғайраҳо нақши муҳим хоҳанд бозид.

 

 Дар ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ ду адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаҳои ба номи Оимхол Абдуллоева барои 3100 хонанда дар ду баст ва дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез барои 2160 хонанда санги асос гузошта шуд. Бунёди ин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони ноҳия амалӣ гардида, дар соли хониши 2026–2027 муҷаҳҳаз бо асбобу ашёи таълимӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои илму донишандӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки соҳибкорону сокинони меҳандӯсти ноҳияи Данғара дар бунёди мактабу фароҳам овардани беҳтарин имкониятҳои илму донишандӯзии фарзандони худ низ саҳми пешоҳангӣ доранд. Аз ҷумла, дар ҷараёни сафари корӣ Сарвари давлат дар деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои МТМУ № 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти соҳаи маориф бо тарҳи муосир иборат аз 36 синфхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ бунёд гардида, барои 2160 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Инчунин, бо иштироки меҳмонони олиқадр дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳия МТМУ № 24 барои 2160 хонанда дар ду баст ва муҷаҳҳаз бо беҳтарин асбобу ашёи муосири таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Нав­ободи деҳоти Исмат Шарифов бинои нави таълимии №86, барои 720 нафар хонанда дар ду баст, дар деҳаи Булёни Поёни деҳоти Хуррамшаҳр МТМУ № 11 барои 2160 хонанда ва умуман, дар ин рӯз дар ноҳияи Данғара 6 муассисаи нави таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардории насли ояндасоз қарор дода шуданд.

Натиҷаи ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди боғчаҳои бачагона буд, ки зимни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара, дар деҳоти Булёни Поён Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон» барои 100 нафар таълимгиранда, дар деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов боғчаи кӯдаконаи №8 ба номи «Хушбахт» ва дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг, бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» барои 150 нафар кӯдак фаъол гардиданд.

Дар идомаи сафари корӣ роҳбарияти олии мамлакат роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд, ки он 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро дар бар гирифта, барои зиёда аз 20 ҳазор сокинони деҳаҳои Ҳусейншайх, Лоларух, Булёни Боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳияи Данғара ва чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик беҳтарин туҳфа дар Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулони ноҳия дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ дар Данғара аз ҷониби соҳибкорон 6 пули мошингузар бунёд шуда, 143 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 310 километр роҳ сангфарш гардида, ҳамакнун, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии роҳҳо идома дошта, дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аллакай наздики 70 километр мумфарш ва 60 километр роҳ сангфарш карда шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ Роҳбари давлат аз рафти корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми корхонаи муштараки ҶДММ «Муосир», ки бо ҷалби сармоягузории Тоҷикистону Чин амалӣ мегардад, шинос шуданд.

Марҳалаи аввали корхона соли 2018 бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфта буд, ки дар он зиёда аз 100 нафар фаъолият дорад, 80 дарсади онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти ин корхона дар соҳаи роҳсозӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва кандани нақбҳо истифода гардида, иқтидори истеҳсоли солонаи он 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин сафар Роҳбари давлат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» дар деҳаи Лоларух шинос шуда, кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои табиӣ барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ, баланд бардоштани самаранокии замин ва гирифтани чанд ҳосили солона аз як қитъа ҳидоят намуданд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Данғара

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 40)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон