БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Паём ба воситаи рӯзи президент

Сиёсат

Агар назарсан ҷие ан ҷом диҳем, ки дар Рӯзи Президент мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ таманниёте хоҳанд дошт, бовар дорем аксарият, балки ҳамаи пурсидашудагон танҳо изҳори сипос хоҳанд кард. Албатта, чунин изҳори миннатдориро то ҷикистониён бе назарсан ҷии расмӣ ҳам сомон медиҳанд. Аз  ҷумла, дар табрикоти бешумори худ тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои и ҷтимоӣ, ки ҳамасола шоҳид мешавем. Бегуфтугӯ ин муҳаббати одамон ба Пешвои маҳбубашон дар худ заминаҳои мустаҳками воқеӣ дорад. Онҳо мебинанд, ки дар дунё чӣ ҳодисаҳое пеш меоянд ва мамлакатҳо бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯянд. Аз ин гирудорҳо, мутаассифона, на ҳар халқу кишвар бе осеб раҳо меёбанд.

Тибқи маълумоте, ки донишмандон аз сарчашмаҳои муътамад меоранд, феълан танҳо ду фоизи халқҳои  ҷаҳон соҳибдавлатанд. Дар ҳақиқат, тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид дар дунё 7,5 ҳазор халқу миллатҳо ву ҷуд доранд, аммо дар рӯйхати ин Созмони бонуфузи  ҷаҳон ӣ танҳо 194 давлат ҳамчун давлати мустақил расман сабти ном шудааст.

 

Яъне, мо аз  ҷумлаи мардумони хушбахти сайёраем, ки дар ин ду фоиз халқҳои соҳибдавлат мақому мартаба дорем. Дар ин хурсандиву ифтихори мо бегуфтугӯ саҳми асоситаринро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки як давлати нав ба истиқлолрасида, аммо фала ҷгаштаву анқариб фаноёфтаро дубора эҳё кард ва  ҷони тоза бахшид. Воқеан ҳам, он замон тақрибан ҳе ҷ кас намедонист, ки фо ҷиаи миллии мо кадом роҳи ҳалро дорад. Баъзе одамон шояд аз ноумедӣ меандешиданд, ки дар То ҷикистон дигар на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад. Берун аз кишвар бошад, ҳамон тавре Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, буданд шахсият ва давлатҳое, ки бо ҳадафҳои нопоки худ мехостанд ва талош доштанд, то давлати То ҷикистонро пора – пора карда, ҳамчун давлат аз байн бубаранд.

 Боиси хушнудист, ки 16-уми ноябри соли 1992 И ҷлосияи XVI Шурои Олии  Ҷумҳурии То ҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Ху ҷанд ба кори худ о ғоз кард ва рӯйдоди муҳимтарин дар ин и ҷлосия ҳосил шуд: роҳбарии кишварро сиёсатмадори  ҷавон, аммо хеле дурандеше ба зимма гирифт, ки тавони баровардани мамлакат аз буҳрону фо ҷиаро дошт. Ин и ҷлосия, ки то 2-юми декабри соли 1992 идома дошт, дар таърихи халқи то ҷик, дар роҳи қатъ гаштани  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бақои миллати то ҷик дигаргунии куллӣ ворид кард.

 Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин и ҷлосия нақши Пешвоии худро муаррифӣ намуданд. Ба ҳар сурат, аввалин суханҳои самимонаи Сарвари нави давлат ҳамчун Раиси Шурои Олии  Ҷумҳурии То ҷикистон - «Ман ба шумо сулҳ меорам», «Ҳастиямро барои миллатам мебахшам», «То охирин гурезае, ки ба Ватан барнагардад, худамро орому осуда ҳис намекунам», яъсу ноумедиро аз қалби мардуми ран ҷдидаи То ҷикистон дур сохт ва ихлосу муҳаббат ба ояндаро дар дили одамон ба ву ҷуд овард.

 «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии То ҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи  ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳе ҷ чизро даре ғ намедоштам», - гуфта буданд Пешвои муаззами миллат солҳо пас дар суханронии худ бо ёдоварӣ аз он солҳо.

 Борҳо навиштаанд, ки вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти давлатдории хеш о ғоз намуданд, вазъи иқтисодиву и ҷтимоии  Ҷумҳурии То ҷикистон аз замони баъди  Ҷанги дуюми  ҷаҳонӣ ҳам вазнинтар буд. Ҳоло ба пешрафтҳои Ватан назар афканда, хуб дарк месозем, ки сулҳу осоиш барои инсон ва ояндаи кишвар чӣ қадру қимат дорад.

 Ҳазорон бор шукрона, ки рӯзҳои пурдаҳшати  ҷанг бебозгашт рафтанд. Шабонгаҳон ба  ҷойи садои тиру туфанг хандаҳои беолоиши кӯдакон, аллаҳои ширину гӯшнавози модарон ва садои мусиқӣ аз ҳар гӯшаи шаҳру деҳоти кишвар, аз ҳар хонадон ба гӯш мерасад.

 Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар туфони ҳаводиси пурталотуми  ҷаҳон нигоҳ доштани як кишвари амну осоишта кори осон нест. Аз ин хотир, та ҷлили 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент, ки аз соли 2016 дар То ҷикистон  ҷашн гирифта мешавад, дар худ ҳикматҳо ва паёми хос дорад. Қаблан дар бораи ҳикматҳои рақами 16 навишта будем. Аз  ҷумла, ин ки Эмомалӣ Раҳмон дар И ҷлосияи XVI Шурои Олии  Ҷумҳурии То ҷикистон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд. Қасри Арбоб, ки и ҷлосияи таърихӣ дар ин кох баргузор гардид, 16 сутун дорад. О ғози ин и ҷлосия ба 16-ми ноябр рост омада, 16 рӯз идома ёфт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 116-ум номнавис гардида буданд ва  ғайра…

 Баъдтар ҳам рақами 16 нишон дод, ки дар зиндагиву фаъолияти Пешвои муаззами миллат ва ҳамин тавр тамоми мардуми То ҷикистон фоли нек аст. Дар нати ҷа, аввалин савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти То ҷикистон 16-уми ноябри соли 1994 сурат гирифт, аз 16-уми ноябри соли 2016 Рӯзи Президент ҳамасола дар То ҷикистон та ҷлил мегардад.

 Нуктаи муҳимтарин ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соли 1930-юм 16-умин Роҳбари давлати То ҷикистон аст.

 Пас, гуфтан мумкин аст, ки Рӯзи Президент барои мо дар худ асрору паёмҳо дорад. Балки мо дар ин рӯз ба воситаи Пешвои муаззами миллат ва Президенти худ ба дунё паём медиҳем: муваффақиятҳои То ҷикистон дар пешанд, моро интизор бошед!

 ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон