Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Парчами озодагон пар мезанад
СиёсатПарчам яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ буда, ҳамчун омили муттаҳидсози миллат гузашта, имрӯза ва ояндаи кишварро ба ҳам, ба як занҷири устувор мепайвандад. Он аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоди халқу миллатҳо ва муборизаи онҳо барои озодӣ дониста мешавад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муаррифгари давлат буда, ҳадафу вазифаҳои он дар ин рамзҳо ҷой дода шудаанд. Рамзҳои давлатӣ аҳамияти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дошта, аз ин миён Парчам дорои ҷойгоҳи асосӣ ва таҷассумгари ғояи миллии давлати Тоҷикистон аст.
Моҳияти Парчами Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтироми мардум ба он аст, зеро аз нигоҳи ҳуқуқӣ он мансубияти шаҳрвандони тоҷикро ба давлати Тоҷикистон ифода менамояд. Дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтани Парчами давлатӣ ба таври муфассал оварда шудааст, ки онро дар боло, пештоқи бино ва ё пояи махсус дар ҳавлии бинои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, боғу хиёбону гулгаштҳо ва ғайра ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон парафшон кард. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ ҳуқуқ доранд, ки Парчами давлатиро бо арзи эҳтиром истифода намоянд. Ҳамчунин, аксари шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби хизмати давлатӣ таъин мегарданд, дар назди Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ савганд ёд мекунанд.
Ҷойгоҳи Парчам дар муносибатҳои байналмилалӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ узви созмону ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ мебошад. Мавқеи ҳар як давлатро дар арсаи ҷаҳон метавон тавассути парчами ӯ шинохт.
Дар олами варзиш
Дар ҷаҳони варзиш низ Парчам дорои ҷойгоҳи хосса буда, дар сабқатҳои варзишии ҷаҳонӣ, амсоли олимпиадаву чемпионатҳо, Ҷоми ҷаҳон ва ғайра ба хотири ҳунари волои размандагии ғолибон дар фарҷоми чорабинӣ парчами давлатҳои қаҳрамонон боло мегардад. Зери боли он намояндагони миллатҳо бо ҳисси ифтихори бузург, ҳалқаи ашк дар чашмон нишони сабқатро ба гардан мекунанд ва суруромез суруди миллӣ замзама менамоянд. Баланд гардидани Парчами давлат дар арсаи ҷаҳон на танҳо варзишгарон, балки мардуми он сарзаминро, ки ба тариқи мустақиму ғайримустақим аз ҷараёни сабқат назора мебаранд, ба ҳам меорад ва эҳсоси ифтихорро дар вуҷуди онҳо бармеангезад.
Муниса Ойматова – варзишкори тоҷик, устоди дараҷаи байналмилалӣ аз риштаи таэквондо WT (Таэквондои ҷаҳонӣ), моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Бейрути Лубнон дар сабқати байналмилалӣ ҳарифонашро шикаст доду дар даври финалӣ бо рақиби пурқувват Шамс Аҳмад, варзишгари суриягӣ, ки ҷоизадори бозиҳои Осиё буд, зӯрозмоӣ кард. Ҳариф сӯйи устоду шогирди тоҷикистонӣ назарбаландона нигаристу ба ҳамраҳонаш фармуд, ки Парчами Сурияро омода намоянд, то баъди шикаст додани ҳариф бо Парчам гирди майдон бичархад. Ӯ мутмаин буд, ки ҳатман ғолиб меояд.
Шамсулло Қодиров, устоди Муниса, ба шогирдаш рӯй оварду гуфт:
Парчам ба даст даври майдон аз туст!
Баъди рақобати шадид довари майдон дасти Мунисаро боло намуд. Шамс Аҳмад худро ба замин афканду бо алам гирист. Гурддухтари тоҷик болидаруҳу сарфароз гирди ҳариф Парчами Тоҷикистон ба даст дар майдон чархид. Санаи 8-уми сентябри ҳамон сол дидани ин манзара аз тариқи пахши мустақим аз телевизионҳои арабиву шабакаҳои иҷтимоӣ басо ширину хотирмон буд ва ин пирӯзӣ ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде гардид.
Ин намунае аз садҳо ҳунарварии варзишгарони номошнои Тоҷикистон аст, ки ҷилои симини ашки онҳоро ҳазорҳо ҳамватанон мушоҳида карда, ҳамду сано ва таҳсинашон мехонанд, ки ҷаҳонпаҳлавонони диёр рӯйи зинаҳои музаффарият по мениҳанд ва Парчами зебои Тоҷикистонро чун намое аз парчами озодагон болои сар парафшон месозанд.
Дар гӯшаву канори дунё
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ борҳо дар арсаи ҷаҳон парафшон гардидааст. Соли 2009 бо ташаббуси олими тоҷик ва иқлимшинос Абдулҳамид Қаюмов Парчами давлатии Тоҷикистон расман дар Антарктида барафрохта шуд. Бо гузоштани Парчами давлатӣ дар Антарктида иқтидори илмии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими экологӣ, хосса омӯзиши пиряхҳои Антарктида ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Қабл аз 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дипломатҳои кишвар кӯҳи Фудзиямаи Ҷопонро фатҳ намуда, Парчами Тоҷикистонро дар қуллаи он афрохтанд. Ҳамчунин, соли 2004 кайҳоннаварди Осиёи Марказӣ Солиҷон Шарифов (бобояш тоҷик), ки Парчами Тоҷикистонро бо худ гирифта буд, дар дохили стансияи байналмилалии кайҳонӣ онро намоиш дод, ки ба ин тариқ, тули 7 моҳ Парчам дар он ҷо нигаҳдорӣ шуд.
Соли 2022 Солиҷон Шарифов дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, Парчами дар кайҳон барафроштаро ҳамчун нигораи муҳими таърихӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд. Ҳамчунин, дар ин осорхона Парчами нахустини давлатии Тоҷикистон дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад.
Ҳамасола 9-уми сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаршараи бузургтарини дунё – Ниагара Парчами давлатии Тоҷикистон инъикос меёбад ва дар ин радиф, дар ҳар гӯшаву канори дунё, дар лавҳаҳои электронии биноҳои азими шаҳрҳои гуногун ба хотири ин ҷашни муҳими тоҷикон Парчами Тоҷикистон ҷилвагар мегардад.
Ҳоло дар қатори давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ин Созмони бонуфуз дар шаҳри Ню-Йорк парафшон аст, ки боиси фахру сарбаландии мардуми тоҷик мебошад. Парафшон гаштани Парчами давлатии тоҷикон дар ҳар гӯшаву канори дунё мояи ифтихори миллат ва боварӣ ба фардои нек аст. Ба иқрори шоир «Парчами озодагон пар мезанад, аз замин то осмон пар мезанад» - ин тасвири шоирона ба воқеият табдил ёфта, миллати тоҷик зери ин ливои маҳбуб муттаҳид гаштааст.
Ситора АШӮРОВА