БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маро ту дар сафар зодӣ…

Сиёсат / Слайдер

То поёни соли 2024 чанд рӯзи дигар ҳаст. Аз ин рӯ, гуфтани теъдоди мушаххаси сафарҳои дохиливу хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соле, ки анҷом меёбад, ҳоло имкон надорад. Бар он боварем, ки таҳлилгарону коршиносон, мисли солҳои қаблӣ, бо ёдоварӣ аз ҳар сафар, теъдод ва моҳияташон ҳатман хоҳанд гуфт.

Аз ҷониби дигар, ғайр аз сафарҳои нақшавӣ, ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки сафарҳои ғайринақшавӣ пеш оянд. Он чи ки дар фаъолияти Пешвои муаззами миллат як чизи табиист.

Хулоса, ҳамон тавре дар шеъре бахшида ба Президенти Тоҷикистон мехонем, сафар як ҷузъи муҳими фаъолияти Пешвои миллат аст:

Маро ту дар сафар зодӣ, ки доим дар сафар бошам,

Дуоям деҳ, аё модар, ки то дур аз хатар бошам…

 Зимнан, бояд гуфт, ки сафарҳои Сарвари давлат вобаста ба замону макон дар худ ҳикматҳо доранд. Масалан, солҳои аввали роҳбариашон, ки ба замони нооромиҳо рост меомад, сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар маънои ваҳдатофарӣ дошт. Бештар аз ин, ҷасорату азхудгузаштагии Сарвари ҷавону дурандешро нишон медод. Хоса дар минтақаҳои ҷангзада. Ҳангоми ин сафарҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳалҳои гуногун вохӯрда, дар ҳамон солҳои душвор ҳам бо мушкилот, андеша ва ниёзҳои мардум ошно мегардиданд ва то ҷойи имкон дар ҳалли ниёзмандиҳо ёрӣ мерасонданд. Аммо барои мардум, муҳимтар аз ҳама дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, зеро то ин замон онҳо ёд надоштанд, ки нафаре аз роҳбарони олимақоми қаблӣ ба пешашон омадаву бо онҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом дода бошад. Дар натиҷа, ин сафару мулоқотҳо дар он давраи сангин, ҳамон тавре таҳлилгарон хулоса кардаанд, ба мардум умеду боварӣ бахшид, омили мустаҳкам барои муколама ва ҳамкорӣ шуд, барои муттаҳид кардани кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва аҳолии маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ созгор омад.

Як нуктаи муҳим, хотираи қавии Сарвари давлат аст, ки ҳодисаҳои чанд даҳсола пешро ҳамоно ба ёд доранд, ному ҳолати одамонро ба хотир меоранду дар сафарҳои баъдӣ аз он давраҳо ёд меоранд. Ҳатто аз замоне, ки ҳар рӯзаш як ҳодисаи мудҳиш дошт…

 Паҳлуи дигари сафарҳои Президенти Тоҷикистон дар заминаи онҳо ҳосил шудани рушди бештари шаҳру ноҳияву деҳоти Тоҷикистон аст. Борҳо шунидаем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум самимона «Хушпоиқадам», «Марди бобаракат», «Кони файзу эҳсон» ва мисли ин гуфтаанд. Деҳқонони зиёде борҳо иқрор шудаанд, ки вақте донаи кишти онҳоро Пешвои миллат ба замин партофт, ҳосили рекордӣ гирифтаанд ё корхонае, ки лентаашро қайчии сеҳрноки Сарвари давлат бурида, ба кори созанда оғоз бахшид, хеле муваффақ гардид.

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафарҳои Президенти Тоҷикистон чандин корхонаву коргоҳҳо ба фаъолият сар мекунанд, роҳҳо навсозӣ мешаванд, мактабу бемористонҳои нав ифтитоҳ меёбанд, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. Маълум аст, ки ҳамаи ин дар рушду ободии шаҳру навоҳӣ ва ниҳоят тамоми мамлакат нақши барҷаста мегузораду дар ҳалли мушкилоти мардум саҳм мегирад.

Як вижагии дигари сафарҳои Пешвои миллат аз он иборат аст, ки тақрибан дар ҳар сафар ба ятимхонаҳо мераванд, ба бепарасторон либосу туҳфаҳо тақдим мекунанд, ҳамроҳашон нишаста, суҳбат меороянд, ғизо мехӯранд, акс мегиранд. Бегуфтугӯ, таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расондани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва ҳамон тавре Сарвари Давлат ҳамеша такрор мекунанд, «мо намегузорем, ки шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед». Чунин суҳбату дидорбиниҳо дар тарбияи ватандӯстии кӯдакону наврасони бепарастор бетаъсир намемонад.

Сафарҳои Президенти Тоҷикистон, бидуни шак, ба маънои огоҳӣ ёфтан аз мушкилоти мардум дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳам ҳаст. Аз ин хотир, ҳамасола Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шахсан сафар мекунанд. Дар баробари ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои маишиву фарҳангиву истеҳсолӣ, ҳамчунин, ҳатман бо сокинон мулоқот сомон медиҳанд. Дар ин вохӯриҳои самимона одамон, дар баробари изҳори миннатдорӣ аз пешрафтҳои Ватан, аз мушкилиҳои ҷойдошта изҳори назар мекунанд ва Сарвари давлат дар ҳамон ҷо ба масъулон барои ҳалли мушкилот дастуру супоришҳо медиҳанд. Боиси зикр аст, ки сафарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати ғамхории мардум ва дастгирии онҳо ҳам ҳаст.

 Бояд махсус таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат ба рушди сайёҳии дохилӣ ҳам мусоидат мекунад. Борҳо шоҳид гаштаем, ки пас аз сафарҳои Сарвари давлат ва кушода шудани иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернет пахш мегарданд, мардуми шаҳру навоҳии дигар барои дидани манзараҳои зебои Ватан ба он ҷойҳо сафар мекунанд. Ин на танҳо барои рушди сайёҳӣ, балки ба дӯстиву ваҳдати мардум низ созгор меояд.

Хулоса, сафарҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мамлакат мисли ҳама ташаббусҳои дигари он кас созанда буда, барои пешрафту ободии Тоҷикистони азиз нигаронда шудаанд. Ин сафарҳо барои таҳкими ваҳдату дӯстӣ, созандагӣ ва бештар асоснок кардани шиори ватанхоҳонаи «Тоҷикистон, ба пеш!» мувофиқат хоҳанд кард.

ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон