Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эъморгари сулҳи тоҷикон ва сипари боэътимоди миллат
Сиёсат / СлайдерТоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби даргириҳои шадиди сиёсӣ кашида шуд. Дар кишвар қувваҳои сиёсӣ ва ашхоси алоҳидае зуҳур карданд, ки масъулияти таърихро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотару волотар гузоштанд. Ба ин сабаб, Тоҷикистони оромро оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт. Натиҷааш рушди ҷомеаро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Ба бахти мардум дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муқтадири сиёсӣ сарвари давлат интихоб шуданд ва ин шахси оқилу хирадманд, Ватанро аз варта раҳонд. Миллат соҳиби Пешвое гардид, ки сулҳу осоишро дар ҷомеа таъмин карда, обрӯи тоҷикро дар саросари ҷаҳон афзун намуд.
Пешвои маҳбубу муаззами миллат тавонистанд:
Тоҷикистонро хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё эълон намуда, сулҳи бебозгаштро ба мардуми шарифи Тоҷикистон эҳдо кунанд ва сарбаландона ба масири ояндаи неки халқи бузургвор қадам ниҳанд;
миллати парешонгаштаро аз панҷаи хорию гуруснагӣ раҳо бахшида, бо муҳаббат ва садоқату самимият ва адолатпешагии худ ҳазорҳо қалбҳои аз кинаю хусумати ҷанг торикгаштаро равшанию меҳр бахшанд;
кишвари харобгаштаро ба гулзор, ба манбаи нуру сафо, макони амну осоиш табдил дода, муаррифгари миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.
Бузургтарин дастоварди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Барои ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён, аз ҷумла барои мамлакатҳои дар ҳолати ҷанг қарордошта таҷрибаи беназир аст.
Дар баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон ниҳоят бузург ва беқиёсанд…
Чанде қабл, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки Қатъномаи махсуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон гардад.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо, маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми мамлакат ва ҳазорон ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматкашиданҳо ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Мадина БОБОИЁН,
муовини раиси шаҳри Исфара