Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Занон дар рушди давлатдории миллӣ
СиёсатБаланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, яке аз тадбирҳои асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки натиҷаи он барои рушди давлатдорӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар кишвар бо назардошти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуданд, ки дар раванди давлатдории миллӣ нақши муассир гузоштанд. Агар мо ба таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти давлатию ҷамъиятии занон дахл доранд, назар андозем, пешрафти ҷомеаро бевосита аз масъулияти бонувони тоҷик пайхас менамоем.
Алалхусус, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳала (солҳои 2011–2020 ва солҳои 2021–2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳала (барои солҳои 2007–2016; солҳои 2017–2022 ва солҳои 2023–2030), инчунин Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки занон аз ҳуқуқу манфиатҳои худ, имтиёзҳои давлатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятие, ки барои пешрафти ҷомеа танзим карда мешаванд, бархурдор бошанд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, ҳамаи мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ марҳала ба марҳала паси сар шуда, занону духтарон тавонистанд, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намоянд. Агар аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ таҳлил созем, 49,3 фоизи аҳолиро маҳз занон ташкил медиҳанд. То соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, 66 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Акнун, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба таҳсили духтарон хеле зиёд аст. Дар зарфи 27 соле, ки Квотаи президентӣ барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар таъсис дода шудааст, аз 61 шаҳру ноҳия 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, 11 500 духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро тавассути Квотаи президентӣ хатм карданд.
Метавон зикр намуд, ки бо ибтикори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли 2024 шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба 4569 нафар ё 25,1 фоиз расида, аз ҷумла тақрибан 1100 нафар ё 19 дарсади онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувон ташкил медиҳанд. Дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши занон назаррас мебошад. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки тақрибан 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47 дарсад, бонкдорӣ 39 дарсад, алоқа 25 дарсад, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад ва зиёда аз 23 дарсади онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон мебошанд.
Занон роҳи зиндагии инсониятро бо азму иродаи қавӣ ва назари некбинона мунаввар месозанд. Бо донишу заковат ва хиради азалии худ дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми хешро мегузоранд.
Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
Соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон» баргузор гардид.
Дар «Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон» имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва ғайраҳо муаррифӣ гардида, лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мунира АБДУЛЛОЕВА,
сармутахассис-коргузори
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон