БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН –эҳёгари наврӯзи байналмилалӣ

Сиёсат / Слайдер

          Пешвои муаззами миллат боз яке аз анъанаҳои      азбайнрафтаи Наврӯзро эҳё намуд

Наврӯзи соли равон барои мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз махсус хоҳад буд. Интизор меравад он ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ дар Тоҷикистон – шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шавад. Эҳтимоли иштироки Президенти Эрон ҳам дар ин маъракаи таърихӣ ҳаст. Таври маълум, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Масъуди Пизишкиёнро ҳам ба Наврӯзи байналмилалии мо даъват намуд. Дар он сурат моҳияти Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам фаротар меравад ва ҳатто гуфтан мумкин ин Ҷашни ҷаҳонӣ пас аз 10 сол дар сатҳи баланд ҷараён мегирад.

  Пас аз мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз дар соли 2010, он дар ҷумҳуриҳои гуногун бо иштироки раҳбарияти олии кишварҳо таҷлил мегардид. Нахустин давраи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон доир шуд, ки дар он роҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ироқ, вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия ширкат доштанд.

   Ҳамин тавр, Наврӯзи байналмилалӣ соли 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор гардид. Қатъи назар аз таҳдидҳои амниятӣ, соли 2014 дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кобул, тақрибан 700 нафар сардорони маҳаллии Афғонистон, роҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Аммо баъд, ин анъана – баргузории Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раҳбарони воломақоми кишварҳо, дигар иттифоқ науфтод. Ҳарчанд ин маърака, ки онро «Наврӯзи президентҳо» ҳам унвон карда буданд, маълум аст, ки як ҷашни одӣ набуд. Зимни баргузории он чандин иншооти муҳим дар кишварҳо ифтитоҳ мешуданд, раҳбарони мамолик зимни вохӯриҳо масоили муҳимтаринро баррасӣ мекарданд. Асос, ин ҷашн барои баҳамоии мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки хеле умумиятҳо доранд, мувофиқ меояд.

  Масалан, зимни баргузории Иди Наврӯз дар Кобул Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони намунаи самарабахши ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз бунёди неругоҳҳо, шабакаҳои интиқоли барқ ва лӯлаи газ ёдовар шуда, гуфтанд, ки чунин кор имкони таъмини ниёзмандиҳои рӯзафзуни минтақа бо барқу об, оби обёрӣ ва газро фароҳам меорад. Ӯ, ҳамчунин, зарурати сохтмони баъзе қитъаҳои роҳи оҳани минтақа ва пайвастани он бо роҳҳои Аврупоро матраҳ карда буд. Пешвои миллат зимни хитоб ба мардуми Афғонистон зикр намуданд, ки: «Мо аз ҳамаи фарзандони ин хиттаи бостонӣ даъват менамоем, ки манфиатҳои волои ин кишвар ва мардуми худро аз манофеи сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ ва минтақавӣ бартар донанд ва ба хотири зиндагии шоистаи мардум гом бардоранд.»

 Президенти вақти Эрон Ҳасан Руҳонӣ зимни суханронии худ даъват ба амал овард, ки ғубору кудурат байни давлатҳо бояд тоза шаванд ва танҳо ба ҳамнишинии роҳбарони ин кишварҳо дар Наврӯз иктифо накунанд: «Мо метавонем поягузори як иттиҳоди ҷомеи минтақаӣ бошем, ки тавсеаву пешрафти миллатҳо ҳадафи муштараки он бошад».

Мамнун Ҳусайн, ки он вақт Президенти Покистон буд, низ дар бораи сулҳи минтақа ва мубориза бо ифротгароӣ, дар бораи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ суҳбат кард. Ҳомид Карзай, роҳбари вақти Афғонистон, ҳам зимни суханрониаш ба мавзуъҳои муҳими он шабу рӯз дахл намуд.

Суханронии роҳбарони кишварҳо чандин паёмҳои муҳимро дар худ ҷо медод. Хоса вақте гуфта шуд, ки Наврӯз аслан ҷашни эътидол аст, яъне ҷашне, ки ба эътидоли шабу рӯз ё табиат дуруст меояд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки эътидоли ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои волои Созмони Милали Муттаҳид буда, бояд эътидоли сиёсат ва табиат бо ҳам тавъам бошанд.

Мутаассифона, бархӯрдҳои геополитикии вақт имкон надод ин нишастҳои муҳим идома ёбанд. Маълум аст, ки бадхоҳон имкон намедиҳанд чунин як кори савоб – баҳамоии мардумони ба ҳам қарин иттифоқ афтад.

  Инак, бо гузашти даҳ сол боз ҳам Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусро ба даст гирифта, барои сарҷамъ намудани ҳамтоёни худ иқдом намуд. Интизор меравад дар ҷараёни баргузории Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон нахустин нишасти сеҷонибаи президентҳои се кишвари ҳамсоя -Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардад. Бояд махсус таъкид намуд, ки ин нахустин нишасти сеҷонибаи сарварони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Содир Жапаров, Президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон, хоҳад буд. Пеш аз ин, сарварони давлатҳо танҳо дар доираи нишастҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳам меомаданд.

 Дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни се мамлакат дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ва баҳси беш аз 30-солаи байни кишварҳо оид ба марз дар Наврӯзи Хуҷанд ҳалли худро пайдо мекунад. Баҳсе, ки нофаҳмиҳои зиёде дар пай дошт ва ҳатто боис ба хунрезиҳо гардида буд, акнун ба поён мерасад. Паёми аслии ин Наврӯз ҳамин хоҳад буд, ки минтақаи мо набояд макони ноамниву даргириҳо бошад.

Моҳияти ин дидору ин созишномаҳоро Эдил Байсалов, ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон, хеле муҳим арзёбӣ кардааст: «Барои расидан ба ин созиш ҷасорат, қатъият ва садоқати қавӣ ба сулҳ зарур буд. Ин созиш қудрати дипломатия ва ҳамкориҳои минтақавиро собит месозад ва мо омодаем, ки ин дастовардро боз ҳам рушд диҳем».

 Боиси зикр аст, ки ҳайатҳо тайи ду соли ахир нишастҳои зиёд доштанд ва ниҳоят 21-уми феврали соли 2025 Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев - раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба имзо расонданд. Акнун ин созишномаро парлумон бояд тасвиб ва раҳбарони олии ду кишвар имзо кунанд.

Пас, метавон гуфт, ки Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон асоситарин анъанаҳои қадимаи мардумони ҳавзаи Наврӯзро эҳё хоҳад кард. Зеро мардумони ин ҳавза бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешуданд ва амалҳои созандаву мондагореро дар рӯи Замин анҷом медоданд. Яъне фарҳанги ягонаеро густариш додаанд, ки дар тарбияи инсонҳо ва парҳез аз каҷрафториҳо нақши муҳим дорад. Ин фарҳанг мардумро даъват мекунад, ки дар бораи зиндагии минбаъдаи худ амиқан биандешанд ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигиранд. Як сабаби ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар ҳамин аст, ки он такондиҳандаи амалҳои созанда мебошад.

Хулоса, собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин Ҷашни тамаддунсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст.

Наврӯзи байналмилалӣ муборак, азизон!

ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон