БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз насли Ориён

Сиёсат / Слайдер

«БонувониТоҷикистон» ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Модар аз кору амали бонувони номвари кишвар дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуд, ки дар амри хизмат ба халқу Ватан мисли падарони шинохтаи худ байни мардум соҳибэҳтиром гардидаанд.

.Эмомалӣ Раҳмон – Раҳмон Озода Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон (5.10.1952, Данғара, ҶШС Тоҷикис­тон) - Ходими дав­лативу сиёсӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ (3.01.1978, Данғара) - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба даҳгонаи бонувони таъсиргузор ва шинохтаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дохил мешавад.

Яке аз 7 духтарони Сарвари давлат муҳтарам Озода Эмомалӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ (1995–2000), донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА дар бахши иқтисод, сиёсатшиносӣ, забономӯзӣ (2004–2006), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2012) мебошад.

Карераи сиёсии Озода Эмомалӣ аз соли 2005 шуруъ мешавад. Пас аз фаъолияти муваффақ дар соҳаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА (2005–2007) дар вазифаҳои сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ (2007–2009), муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ (2009–2014), муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶТ (2014–2015) фаъолияти муваффақ дошт.

Аз соли 2016 бону Озода Эмомалӣ масъулияти роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар зимма дорад. Ҳамзамон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Озода Эмомалӣ рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад. Соли 2017 ба дарёфти унвони мушовири давлатии адлия шарафёб гардидааст.

Раҳмон Озода Эмомалӣ барои хидматҳои содиқона ба Ватан бо ордени Шараф, дараҷаи I қадр гардидааст.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон