БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Таҳкими вазъи иҷтимоию сиёсии занон
СиёсатИстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист барои бонувон баъд аз қарнҳои тулонӣ истиқлолияти аслиро таъмин намояд. Имрӯз бонуи тоҷик дар ҳама давлатҳои дунё фаъолият дорад, духтарони зиёде паи таҳсил ва ба даст овардани тахассусеанд, ки ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳон аст.
Мавриди зикр аст, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо, беҳтар намудани шароити рӯзгору фаъолият ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеаи навини тоҷик ҷойгоҳи муҳим дорад. Корҳои самараноки татбиқи баробарии гендерӣ на фақат дар додани ҳуқуқҳои баробар, балки муҳайё сохтани имкониятҳои баробар барои иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар амал ҷорӣ мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳтар намудани аҳволи занон бо назардошти ҳаёти воқеии сиёсию иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ корҳои зиёде амалӣ гардонда шуданд. Инчунин, барои беҳтар фаро гирифтани духтарон дар сатҳҳои гуногуни таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Бо мақсади барои ноҳияҳои дурдасти кишвар аз ҳисоби духтарон тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб намудани онҳо, аз соли 1997 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Квотаи президентӣ ҷорӣ гардид, ки дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардааст.
Дар шароити имрӯзаи ҷомеа нишондоди баланд бардоштани мақоми занон, истифодабарии усули банақшагирӣ ва истифодаи квотаи намояндагии занон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ниҳоят баланд аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷрои квотаи намояндагии занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти имрӯза ва махсусан мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ дар назорати махсус гирифтааст. Яке аз дастовардҳои муҳим он аст, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсию давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятии кишвар сол ба сол беҳтар гардида, дар солҳои сипаришуда дар ин бобат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28.12.2024 дар Паёми навбатии хеш зикр намуданд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон, иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Дар доираи сиёсати давлат, дар бахши ҳуқуқи занон барномаҳои махсуси дастгирӣ ташкил гардида, имкониятҳо барои рушди касбӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар ва дар мансабҳои давлатӣ фароҳам оварда шудаанд. Ташкили курсҳои таълимӣ, маҳфилҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои занон имкон медиҳанд, ки онҳо барои рушд ва кор дар заминаи касбӣ омода шаванд, ки ин яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошад. Ҳамзамон, дар кишвар қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва таъмини амнияти онҳо тақвият ёфтааст.
Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмуи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошанд, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунанд. Дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои муваффақ дар ҷомеа, ҳам аз ҷониби Роҳбари давлат ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар самти омӯзиши хусусиятҳои роҳбарии занон ин муайян намудани самти фаъолнокии онҳо мебошад, ки тавассути он имконияти гурӯҳбандии сохтории роҳбарии занон имконпазир мегардад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми зан дар раванди идоракунии давлат сол ба сол афзоиш ёфта истодааст, ки ин омил аз дигаргуниҳои назаррас дар ҷомеа ва баланд бардоштани шуурнокии занон ва фаъолияти онҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ дарак медиҳад.
Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Мубодила:
Шарҳҳо
