БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун!

Сиёсат / Президенти ҶТ / Слайдер

  Санаи 31.03.2025 дар шуҳри Хуҷанд Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба тасвиб расид, ки мувофиқи ин санад ба баҳсҳои печидаи марзӣ хотима дода шуд.

Вақте се дасти пурқувват ба хотири дӯстӣ ба ҳам омаданд, дунё такон хӯрд. Башарият дар замони ҷангҳову фаслшавиҳо аз васли тоҷику қирғизу ӯзбек шод гашт. Барномарезони ин воқеаи фараҳнок Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳам даст доданду аҳди дӯстиву бародарӣ намуданд.

Он рӯз корвони сарварони давлатҳо дар иҳотаи гулҳои ранга ва шиору овезаҳои «дӯстӣ поянда бод!», «do,stlik аbadiy bol,sin!», «достук туруктуу болсун!» ва самимияти издиҳоми муттаҳидгардида ғарқ буд.

Даҳҳо мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни се давлат сурат гирифт, ки асосашро тақвият додани робитаҳои дӯстиву ҳусни ҳамсоядорӣ, густариш додани риштаҳои ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо ташкил медод.

Ҳангоми бардоштани парда аз рамзи «Дӯстии ҷовидона» дар буриши сарҳади се давлат ашк аз чашмони мардум ҷорӣ буд. Ашки муштоқии дӯст бар дӯст, ашки пайвастани хеш бо хеш, ашки васлу баҳамоии халқҳо, ашки шодӣ!

 Дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд шоми 31-уми март 25 ҳазор нафар ҷамъ омада буд, 15 ҳазор нафар аз шумори беҳтарин ҳунармандону санъаткорони се давлат ҳунарнамоӣ намуд. Мавҷи қарсакҳои бардавом зимни суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров ба осмон мепечид. Мавзуъ як буд: сулҳу дӯстӣ!

Обтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,

Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 7)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон