Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Модари баталион
Сиёсат / Аз ҳар бобМайсара Қаландароваро насли калонсоли ноҳияи Ёвон бо номҳои мустаори «модари баталион» ва «Майсараи мубориз» мешиносанду аз корнамоиҳои ин зани шуҷоъ огаҳӣ доранд.
Бонуи ғаюр овони ноамнии солҳои 90-ум ҳамчун ҳамшираи шафқат дар чанд қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ фаъолият бурда, дар гармтарин нуқтаҳои низоъ ба даҳҳо сарбозу афсарони маҷруҳ кумаки аввалини тиббӣ расондааст. Он айём ҳамшираҳои шафқат, хосса дар қисмҳои низомӣ асосан русҳо буданд ва Майсарабону аз шумори он духтарони тоҷике буд, ки аз аввалинҳо шуда, дар минтақа ба ин пеша таваҷҷуҳ карда, соли 1979 ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дохил шуд. Ҳам фаррошӣ мекарду ҳам таҳсил. Баъди гирифтани диплом ҳамчун сарпарастори навзодон дар таваллудхонаи ноҳия ба фаъолият пардохт ва муддате чанд сарҳамшираи тиб таъин шуд.
Шабу рӯзҳои нооромиҳо дар кишвар ба ӯ супориш шуд, ки ба Душанбе равад. Духтари ҷавон бехабар аз хавфу хатар ва фитнаҳои низоъхоҳон ба яке аз майдонҳо омад, билохира суроғи ҳамдеҳагон карду рӯ ҷониби майдони дигар гирифт. Расиду арзи ҳол кард.
Чаро ба дигар майдон рафтӣ?
Аз куҷо донам, ки ин майдону он майдон барои чист? Ман ҳатто номи ин майдонҳоро намедонам.
Пас аз чанде хабаре расид, ки ба бинои Шурои Олии ҷумҳурӣ чаҳор нафар маҷруҳ овардаанд ва ӯро барои ёрӣ хонданд. Аз тир захмишудагонро бори аввал медид. Як қуттӣ дору оварданд ва ҳарчи аз дасташ омад, ёрӣ расонд, ғайри нафаре, ки тир аз раги шараёнаш гузашта буд. Аз ду ҷониби ҷароҳат тофтабанд баста, гуфт, ки ӯро беморхона баранд. Ҳамин тариқ, ӯ бо ду зан ду рӯз ба захмиёни фронти халқӣ ёрии тиббӣ расонд. Аз садоҳои тиру тӯп тарсу ҳаросаш дучанд шуд. Аз тиреза нигарист, ки аз мошини ҷангие ба ҳар сӯ борони тир меборад. Аз гап-гапи атрофиён дарёфт, ки онҳоро гаравгон гирифтаанд.
Чанде пас бо кумаки низомиён бо автобусе сӯи зодгоҳ раҳ гирифт. Автобуси сӯзони миёни раҳ, дастаҳои силоҳбадастон ва чанд манзараҳои ҳузнангез диду баъди расидан ба манзил, сахт бемор шуду чанд муддат мисле ки нобино гашт.
Баъди андаке беҳбудӣ ёфтан, ба кор баромада, рисолати касбиамро идома додам. Як бегоҳ касе дари моро кӯфту гуфт, ки аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия одам омада, шуморо суроғ дорад. Гуфт, ки мо 103 нафар ҷавонони ноҳияро ҷамъ кардаем ва бо фармони Раиси Шурои Олӣ барои ором кардани вазъият бояд ба ноҳияи Ғарм равем. Ба мо як нафар ҳамшираи тиб даркор аст. Аз он сабаб, ки дигар духтурон посухи рад доданд, ба назди шумо омадем.
Қиблагоҳам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буд ва маро нанг омад, ки аз чунин падари қаҳрамон фарзанд тарсуе бошад. Агарчи духтарчаам хурдсол буд, ба парастории наздикон гузошта, моҳи феврали соли 1994 ҷомаву мӯзаи гарм пӯшидаму савори автобус ба самти шаҳри Душанбе роҳ гирифтем. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ намояндагони ҳар ноҳия ҷамъ омада буданд. Дар ошёнаи дувум вазир, ки рустабор буд, маро ба ҳузур пазируфту аз шуҷоатам ситоиш намуда, ба билети ҳарбиам муҳр зад.
Роҳ сӯи Ғарму Тоҷикобод. Моро намояндагони як қатор мақомоти қудративу низомии ҷумҳурӣ ҳамраҳӣ карданд. Дар масҷидҳо қарор мегирифтему гурезаҳое, ки аз вилояти Хатлон ҷойи амн ҷуста, ба ноҳияҳои Лахшу Тоҷикободу Ғарм панаҳ бурданду баъдан дар ин маконҳо даргириҳо оғоз шуд, онҳоро аз ин мавзеъҳо бароварда, тавассути трактору мошини боркаш ва дигар нақлиёти дастрас ба ҷойҳои амн интиқол медодем. Ёд дорам, ки дар болои пули деҳаи Ҳоит 80 нафар ҷавони бегуноҳро бо тири танк кушта буданд. Бо аскарон онҳоро гӯронда, болои мазори онҳо нишона гузоштем, - ёд овард бонуи диловар.
Дар деҳаи Ҳоит ҷавоне бо номи Шерафган аз мақоми амниятӣ нимишабӣ аз тири мухолифон ҷароҳати вазнин бардоштаву хуни зиёдаш рехта буд, бе таъхир аз хуни худ гузаронд. Ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ занг зада, ёрӣ хостанд. Ба чархболи фиристода захмиро ҷо карданд. Ба шарофати ҳамшираи ҷонфидо он ҷавон аз марг наҷот ёфт.
Боре Майсарабону бо афсарон, ки савори мошини хизматӣ аз пеши шуъбачаи милитсияи ноҳияи Тоҷикобод гузар доштанд, диданд дар барфии шадид зани гурезае рӯи раҳ таваллуд дорад. Ҳамшира мошинро манъ карда, ба кумак шитофт. Бо рӯймоли гарданаш тифлро печонд. Сӯи милисаи ҷавоне садо дардод, ки теғи нави ришгирӣ орад. Бо ёрии он ҷавон аз ҳошияи рӯймол қадре даронду ба нофи тифл баст, нофро буриду маҳкам кард ва тифлро даруни рӯймол маҳкам печонду ба дасти модар дод. Гуфт, ки кори оҷиле доранд, бояд раванд, каме поинтар деҳа аст, дар он ҷо панаҳ барад. Майсарабону пайи кори худ рафт, аммо аз рӯи ғаризаи модарӣ бетоқат шуду қадре нону маскаву шакар гирифт ва сӯи деҳа раҳ гирифт. Он занро ҷуст ва даруни ташнобе, ки дар ҷойи дар гилеме овезон буд, ёфт. Навзоида тифлакро сахт бағал кашида, аз ғояти сардӣ дир-дир меларзид. Ӯро берун оварду дари хонае кӯфт ва аз соҳибхона хоҳиш кард, ки ду-се рӯз ӯро парасторӣ кунанд. Хӯроки овардаашро ба соҳибхона супурд.
Дар ин муддат, дар шаҳраки Ғарм баталиони алоҳидаи 2-юми тирандозӣ-кӯҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ташкил шуд ва Майсарабону сардори нуқтаи тиббии он таъин гардид.
Ёд дорам, 20-уми майи соли 1994 буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чархбол ба ин қисми низомӣ ташриф оварданд. Миёни афсарону аскарон ягона бону будам ва дар даст гули ёс доштам, то ба Сарвари давлат тақдим кунам. Бори аввал либоси низомӣ ба бар карда будам. Бо ҳама салом карда, маро диданду ботааҷҷуб гуфтанд, ки аз куҷоям. Гуфтам аз ноҳияи Ёвон. Боз суол доданд, ки аз ҷанг наметарсӣ, гуфтам на. Ба нафаре, ки паҳлуяшон меистод, супориш доданд, ки дар бораи фаъолияти ин духтар дар газета матлабе ба табъ расонед. Аз пешониам бӯсиданду гуфтанд: «Модари баталион!». Баъди ин аз хобгоҳ, қисми тиббӣ ва шароити будубоши сарбозон дидан карданд. Ба ин тариқ, Сарвари давлат чанд маротиба ба ин минтақа ташриф оварда, бо халқ вохӯриҳо мекарданд, агарчи кӯҳу пуштаҳо пур аз мухолифон буд, ин марди сарсупурдаи Ватан аз касеву чизе намеҳаросид, - изҳор намуд Майсарабону.
Се-чаҳор маротиба ин бонуи майдони ҳарб гаравгон афтид ва оне, ки танҳо шифокор буду инсонҳоро аз марг наҷот медод, тавонист аз вартаи ноумедӣ вораҳаду наҷот ёбад. Миёни мақомотҳои қудратӣ шинохта буду соҳибэҳтиром, ки дар ҳузураш ҳарфе носазо намегуфтанду сарбозон ӯро модар мехонданд.
Баъди бозгашт аз корзор муддати як сол дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе фаъолият бурд ва билохира, ба зодгоҳаш баргашту дар таваллудхона фаъолиятро идома дод. Кунун 8 сол аст, ки ба нафақа баромада, дар ҳалқаи ду фарзанду панҷ набера давлати пирӣ меронад.
Майсара Қаландарова сокини Ҷамоати шаҳраки Ёвон, дорандаи рутбаи капитан, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ иштирок намуда, дар рӯйхати аъзои фронти халқии ноҳияи Ёвон таҳти № 253 номнавис шудааст.
Моҳи феврали соли 1994 бо фармони Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Барои хизмати шоёни ҳарбӣ ва як қатор медалҳои ҷашнии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қадр шуда, муовини раиси намояндагии ТҶХ «Сипарони Ватан» дар ноҳияи Ёвон ба тариқи волонтёрӣ таъин гардидааст. Эҳтиромаш ба муовини раиси шаҳри Ёвон Саёҳат Абдуллозода бағоят зиёд аст, ки дар арафаи ҷашну идҳо ӯро қадр намуда, корнамоии варо ба сокинон мауаррифӣ менамояд.
Гоҳе, ки дар арафаи ҷашнҳо ба қисмҳои ҳарбӣ даъват мешавам, рақсу хурсандиҳои ҷавононро дида, беихтиёр ашк мерезам, ки ҳазорон бор шукр ба ин рӯзҳо расидем. Бо ҳамхизматонам як бурда нонро бо ҳам медидему аз рӯзҳои неки дарпешбуда мегуфтем. Рӯзи дигар ба ҷанг мерафтанду тани беҷони онҳоро меоварданд, ки пасон ҷасади онҳоро ба мошину чархболҳо бор карда, ба зодгоҳашон мефиристодем. Гоҳо аз норозигии баъзе бонувон дар шигифтам, ки аз пайи таъқиби шукӯҳу сарват фарзандонро дар ин замони амну осоишта аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд. Ба онҳо мегӯям, ки ҳазорҳо маротиба ба унвони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипос ва дуоҳои нек гӯед, ки имрӯз бе ягон ташвиш бо фарзандон осуда сар ба болин монда, рӯзи дигар осуда аз ин болини ноз сар мебардоред, - афзуд гурдофариди ватан Майсара Қаландарова.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе - Ёвон
Мубодила:
Шарҳҳо
