Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Маърифати оиладорӣ ва арзишҳо
СиёсатМусоҳибаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳонаи Сулаймон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ
– Муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, чанде пеш Шумо дар Ню-Йорк бо мудири иҷроияи Сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон (СММ-Занон), муовини Дабири кулли СММ Сима Сами Баҳус мулоқот ва суҳбат доштед. Зимни дидор бештар кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
– Мулоқоти мазкур моҳи марти соли равон дар ҳошияи ҷаласаи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва ҳамкории созанда баргузор гардид. Мо ба самъи онон расондем, ки Тоҷикистон дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он ҷиҳати таҳкими баробарии гендерӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ин робита, афзудем, ки қонунгузории Тоҷикистон такмил ёфта, зиёда аз 60 санади ҳуқуқӣ барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт қабул шудааст. Ҳамчунин, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон», барномаҳои дастгирии соҳибкории занон ва грантҳои президентӣ амал доранд.
Дар маҷмуъ, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла тақвияти нақши бонувон дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти коҳиши зӯроварии ҷинсӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Зимни ин дидор, пешрафтҳои кишварамонро дар заминаи тақвияти нақши занон дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бори дигар ёдрас шудем. Гуфтем, ки роҳбарияти олии кишвар ба нақшу ҷойгоҳи бонувон таваҷҷуҳи хос доранд ва занон мақоми махсусро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ соҳибанд. Аз ин рӯ, бонувон дар мансабҳои олии роҳбарикунанда фаъолият намуда, бо меҳнати созанда баҳри рушди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат саҳм мегузоранд. Алҳол аз рӯи омори расмӣ дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи мутахассисони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои дахлдори СММ баён дошта, аҳамияти махсуси ин равобитро дар таъмини рушди устувор ва фарогири иҷтимоӣ таъкид намудем…
Дар маҷмуъ, онҳо мутмаин шуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, махсусан дар самти дастгирии занону духтарон, аҳамияти калон доранд ва, албатта, таваҷҷуҳ дар ин самт бештар хоҳад шуд.
Дар фуровард мудири иҷроияи Сохтори СММ - Занонро барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон ва иштирок дар Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намудем.
– Солҳои зиёд созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба вазъи занон ва масоили гендерӣ дар Тоҷикистон баҳои яксон намедоданд. Шумо дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан иштирок доштед. Кунун назари созмонҳои муътабари дунё то куҷо таѓйир ёфтааст ва кадом масъалаҳо ҳамоно ба- рои мо ҳалталаб мемонанд?
– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ва ҷонибдори устувори арзишҳои СММ, дар самти таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занону мардон тадбирҳои фарогир ва пайвастаро рӯи даст гирифтааст. Солҳои охир, дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 69-уми Комиссияи мақоми зан дар СММ бори дигар собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба талошҳои мо дар ин самт баҳои мусбат медиҳад. Махсусан, ҷанбаҳое чун болоравии ҳиссаи занон дар идоракунии давлатӣ, густариши имкониятҳои онҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои занон аз ҷониби шарикони рушд қадр гардиданд.
Бо вуҷуд, як қатор масъалаҳо ҳамоно ҳамчун самтҳои афзалиятноки корбарӣ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, густариши имкониятҳои иқтисодии занон, аз байн бурдани одатҳои анъанавии бо чашми кам дидани занон (стереотипҳои ҷинсӣ), таъмини иштироки фаъолонаи занон дар бахшҳои ҷудогона. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳалли муназзами ин масъалаҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
– Мо дар пешорӯи Рӯзи оила қарор дорем. Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Баҳо додан ба масоили оилавӣ низ саҳлу сода нест. Русҳо мегӯянд: «Оилаи бегона - ҷангалест торик». Мо мегӯем: «Оилаи ман - қалъаи ман». Ҳамчунин, уҳдадориҳои байналмилалии давлат вобаста ба ҳифзи оила вуҷуд доранд. Ба андешаи Шумо, дар шароити имрӯз талаботи меъёрҳои байналмилалӣ то куҷо вижагиҳои оилаҳои миллиро фаро мегиранд?
–Масъалаи муносибати меъёрҳои байналмилалӣ бо вижагиҳои миллӣ ва фарҳангии оила дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Меъёрҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби СММ ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ қабул шудаанд, ба ҳимоя ва густариши ҳуқуқи инсон дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидаанд. Ҳадафи ин меъёрҳо ба он равона шудааст, ки барои ҳар як фард, сарфи назар аз миллату фарҳанг, шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди озод фароҳам оранд, аммо ин меъёрҳо умумибашарӣ бошанд ҳам, онҳо наметавонанд ҳама вижагиҳои миллиро пурра фаро гиранд.
Муҳим ин аст, ки созишномаҳои байналмилалӣ (масалан, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ё Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ) ба кишварҳо имконият медиҳанд, ки баъзе шартҳоро бо «эҳтиром ба хусусиятҳои миллии худ» қабул ё татбиқ намоянд, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки баъзан талоши татбиқи мустақими меъёрҳои байналмилалӣ метавонад бо арзишҳои миллии баъзе ҷомеаҳо рост наояд ва ба «музокироти фарҳангӣ» ниёз дошта бошад.
Тоҷикистон дорои фарҳанги бойи суннатӣ мебошад, ки дар он хонавода на танҳо воҳиди иҷтимоӣ, балки муассисаи муқаддас ба шумор меравад. Анъанаҳо, урфу одат, муносибатҳои байниоилавӣ хусусиятҳои махсусро моликанд. Аз ин рӯ, давлат дар роҳандозии уҳдадориҳои байналмилалӣ мутобиқсозии оқилонаро ба роҳ мемонад. Дар натиҷа, барномаҳои давлатӣ, қонунгузорӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ на танҳо ба иҷрои меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини мутобиқати дуҷониба нигаронда шудаанд.
–Тоҷикистон дар назардошт бо урфу одати қадимаи мардумаш қонунгузории худро дар робита ба оила ва масоили он таҳия кардааст. Қонунҳои миллии мо намуна барои кишварҳои дигаранд. Аз ҷумла, қонунҳои «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Ҳангоми дидору вохӯриҳо бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар бораи ин махсуси- ятҳо суҳбатҳо пеш омада буданд?
– Албатта, ҳангоми мулоқот ва музокирот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ пайваста таъкид менамоем, ки Тоҷикистон бо назардошти воқеиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва урфу одатҳои қадимаи худ, модели хоси қонунгузории милли- ро тарҳрезӣ кардааст. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ба ҳадафи кам кардани хароҷоти барзиёд ва тарѓиби одатҳои созанда равона шудааст. Ё Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таъкиди махсус ба нақши зодмандон ва ҷомеа дар тарбияи насли солим аст.
Ин қонунҳо, дар баробари ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон наздик ҳастанд ва мо мекӯшем, то ин ҳамоҳангиро дар гуфтугӯ бо шарикони хориҷӣ нишон диҳем. Аксар вақт онҳо бо таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба таҷрибаи миллии мо менигаранд. Чандин давлатҳоро медонем, ки мехоҳанд ва талош доранд, ки аз қонунҳои миллии мо барои худ истифода баранд.
– Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ба хотирест, ки ҷавонон аз овони кӯдакию наврасӣ бо мавзуъҳои вобаста ба оила омода бошанд. Ба андешаи Шумо, оилаҳои кунунӣ назар ба 15 – 20 сол пеш чӣ фарқиятҳои усулӣ доранд?
– Имрӯз дар ҷаҳони зудтаѓйирёбандае умр ба сар мебарем, ки таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди фановариҳои навин ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Дар муқоиса бо 15–20 соли пеш, оилаҳои имрӯза бо як қатор фарқиятҳои усулӣ рӯ ба рӯ гаштаанд. Аз ҷумла, чанд паҳлуи вобаста ба ин саволро зикр менамоем.
Якум, ба назар мерасад, ки нақши зан ва мард дар оила то андозае таѓйир ёфтааст. Имрӯз занон назар ба 20 соли пеш бештар дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзанд ва дар натиҷа, тарзи тақсимоти масъулият дар дохили оила дигаргун шудааст.
Дуюм, падару модар беш аз пеш ба тарбияи илмӣ ва психологӣ таваҷҷуҳ дошта, ба ҷуз масо- или интизом ва анъана, ба масъалаҳои равонии кӯдак, эҳтироми эҳсосоти ӯ ва рушди шахсияташ мароқ зоҳир месозанд.
Сеюм, равобити дохилии аъзои хонавода низ таѓйир ёфтаанд. Пештар муҳити оилавӣ иерархӣ ва фармонбардорона буд, алҳол равиши муколамавӣ ва ҳамфикрӣ ривоҷ ёфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир, ибтикори Сарвари давлат ҷиҳати ворид намудани таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба барномаҳои таълимӣ иқдоми саривақтӣ ва оянданигарона аст. Ин ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ҳанӯз аз мактаб фаҳманд, ки оиладорӣ на танҳо анъана, балки масъулият, муошират, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмист.
– Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 554 мард нисбат ба зан дар бораи зӯроварии оилавӣ ба мақомоти ҳуқуқӣ шикоят бурдааст. Дар нишасти ахири матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила гуфтанд, ки шумораи шикоятҳо нисбат ба соли 2023 (493 шикоят) 61 адад бештар аст. Оё гуфтан мумкин аст, ки ҷараёни афзоиши шикояти мардон аз муносибати занон барои ҷомеаи мо нав аст ва ин раванд чӣ паҳлуҳои мусбат ва манфӣ дошта метавонад?
– Бале, аз рӯйи маълумоти расмӣ метавон гуфт, ки муроҷиати мардон бо шикоят аз зӯроварии занон як падидаи нисбатан нав барои ҷомеаи мост. Дар гузашта чунин масъалаҳо бештар ниҳон ме- монданд ё мардонро ҳамеша ҳамчун қавӣ ва тобовар муаррифӣ менамуданд.
Паҳлуи мусбати чунин омор нишонаи сатҳи шуур ва эҳсоси ҳуқуқталабии мардум, аз ҷумла мардон аст. Яъне, имрӯз дилхоҳ нафар, сарфи назар аз ҷинсият, метавонад дар ҳолати зӯроварӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд. Чунин амал ба таҳкими принсипи баробарии ҷинсӣ, муҳити солими оилавӣ ва, аз ҳама муҳимаш, волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқ меояд…
– Иддае аз коршиносон ба он назаранд, ки мафҳуми «зӯроварӣ»-ро вобаста ба махсусиятҳои ҳар халқу давлат алоҳида баррасӣ бояд кард. Масалан, ҳолатҳое ҳастанд, ки барои қисме аз мардумон ё халқ «зӯроварӣ» ҳисоб намеё- банд, аммо аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ онҳо нақзи ҳуқуқи инсон ва зӯроварианд…
– Ин масъала воқеан ҳассос аст. Аз як тараф, дуруст аст, ки ҳар ҷомеа урфу одат, тафаккур ва муносибати хоси оилавӣ дорад. Он чи ки дар як ҷомеа рафтори муқаррарӣ бошад, дар ҷомеаи ди- гар ҳамчун зӯроварӣ ё ҳатто нақзи ҳуқуқ арзёбӣ мегардад. Аз дигар сӯ, мо наметавонем зери ниқоби «фарҳанг» ё «анъана» амалҳоеро, ки озодии шахсро маҳдуд менамоянд, сафед кунем.
Бино бар ин, зӯроварӣ, қатъи назар аз шаклаш, бояд аз нигоҳи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои умумибашарӣ баҳогузорӣ шавад. Масалан, таҳқири лафзӣ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба таҳсил ё кор, маҷбур сохтани шахс ба издивоҷ - ҳамаи инҳо аз нигоҳи меъёрҳои байналмилалӣ зӯроварӣ маҳсуб меёбанд, ҳатто дар ҷомеаи маҳаллӣ чунин амалҳо ба назар «одӣ» намоянд ҳам…
– Як сабаби асосии мушкили оилаҳо ва пошхӯрии онҳоро ба омода набудани ҷавонон, баху- сус духтарон ба ҳаёти оилавӣ мансуб медонанд. Ҳукумат маърифати оилавиро дар барномаҳои таълимии мактабҳо мақом додааст. Мушкили омода набудани духтарон ба ҳаёти оиладорӣ танҳо ба дӯши волидон аст ё боз масъалаҳои дигаре дорем, ки сари онҳо бояд нек биандешем?
– Албатта, ин мушкили танҳо падару модарон нест, ҳарчанд нақши волидон дар ташаккули шахсияти духтар бунёдист, масъалаи омодагии духтарон ба ҳаёти оилавӣ масъалаи фарогири иҷтимоист, ки ниёз ба таҳлили амиқ ва ҳамкории ҳамаҷониба дорад.
Ҷомеаи имрӯз дар муҳити печидаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ қарор дорад. Филмҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳаввулоти арзишӣ ва ѓайра ба диди ҷавондухтарону ҷавонписарон нисбат ба оила ва оиладорӣ таъсири зиёд мерасонанд. Дар чунин шароит, танҳо тарбияи хонаводагӣ ва ҳатто барномаҳои таълимии мактаб кофӣ нестанд. Ин ҷо масъулияти мактаб, ҷомеа, ВАО, дин, ниҳодҳои фарҳангӣ ва ҳам қонунгузорӣ муҳим аст. Мо бояд дар оила муҳитеро эҷод созем, ки дар он насли ҷавон фаҳмад: оила ин на танҳо муҳаббат ва орзуву умед, балки масъулият, таҳаммул, кору заҳмат ва эҳтироми ҳамдигар аст…
– Ҳукумат ҳама талошашро анҷом дод, то духтарон ба таҳсили комил фаро гирифта шаванд. Квота барои духтарони шаҳру ноҳияҳои дурдаст, таъмин намудани онҳо бо шароити хуби таҳсил, бештар кардани ихтисосу донишгоҳҳо аз ҳамин қабиланд. Ҳадаф ин аст, ки онҳо дар зиндагӣ ҷойгоҳи худро ёбанд ва дар оянда азоб накашанду пеши дигарон сар хам накунанд. Бовуҷуд, ҳоло ҳам хабарҳо дар бораи никоҳи бармаҳал дар чархиш аст. Чаро бархе зодмандон ҳоло ҳам шароитҳои мавҷударо сарфи назар кардаву духтаронашонро зуд ба шавҳар медиҳанд?
– Ин, воқеан, як парадокси иҷтимоист. Аз як тараф давлат тамоми шароитро фароҳам овардааст. Манзур квотаҳо барои духтарони деҳот, дастгирии моддӣ, зиёд шудани донишгоҳу ихтисосҳост, то ин ки ҳар як духтар битавонад соҳиби маълумоти босифат ва касбу кор шавад. Ҳадаф рав- шан аст: духтар бояд соҳибилм, соҳибистиқлол ва соҳибмақом гардад ва вобастаи дигарон набошад.
Аз тарафи дигар, ҳоло ҳам ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ меоем, ки духтаронро бармаҳал ба шавҳар медиҳанд. Сабабҳои ин равандро мешавад дар одатҳои куҳна пайдо кард, зеро баъзе волидон ҳанӯз ҳам бар он ақидаанд, ки «арусӣ тақдири духтар аст» ва ҳар қадар барвақттар шавҳар гирад, ҳамон қадар «ҳаёти ояндааш хушбахтона мешавад».
Инчунин, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ таъсиргузоранд. Дар хонаводаҳои камбизоат издивоҷи бармаҳал гӯё роҳи сабуки масъулият ва хароҷоти хонадон бошад. Ё баъзан волидон тасмим мегиранд, ки духтарро зудтар ба шавҳар диҳанд, то «обруяшон зарар набинад».
Аммо фаромӯш набояд кард, ки никоҳи бармаҳал на танҳо сарнавишти як нафар, балки суботи оилавӣ ва солимии ҷомеаро зери хатар мегузорад. Духтаре, ки ҳанӯз барои ҳаёти мустақил ва оиладорӣ омода нест, наметавонад дар оянда модари бофарҳанг, ҳамсари масъул ва шаҳрванди фаъол бошад.
Барои решакан намудани ин мушкил, танҳо чораҳои расмӣ кофӣ нестанд. Нигоҳ ва тафаккури ҷомеа бояд таѓйир ёбад. Дар ин роҳ, баробари давлат, нақши мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, равоншиносон, омӯзгорон, шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ, ВАО ва дин низ муҳим аст.
Бубинед, дар заминаи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтар соҳиби маълумоти олӣ шуд. Аз оѓози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ 11 ҳазору 600 нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудааст. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро тамом карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд…
– Агар дар маҷмуъ бигирем, кадом масъалаву мушкилиҳо пешорӯи оилаҳои тоҷик қарор гирифтаанд?
– Яке аз масъалаҳои асосӣ таѓйир ёфтани муносибат ва нақши оила мебошад. Имрӯз занони бештар таҳсилдида ба бозори меҳнат во- рид мешаванд, ки ин раванди мусбат аст, аммо ин таѓйирот бояд бо тавозун ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила ҳамоҳанг шавад.
Мушкили дигар сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва равонӣ мебошад. Бисёре аз зӯровариҳо маҳз аз нокомии одамон дар муошират, нодуруст ҳал кардани ихтилофҳо ва надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳояшон аст. Масъалаи муҳоҷират низ ба оилаҳо таъсири амиқ гузоштааст. Ҷудоии тулонӣ байни ҳамсарон, бе падар ва ё бе модар калон шудани кӯдакон, фишорҳои равонӣ ва номуайянӣ ҳам метавонанд ба устувории оилаҳо хатар эҷод созанд.
Фаромӯш набояд кард, ки таѓйироти фарҳангӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ низ муносибатҳои оилавиро дигаргун месозанд. Одамон бештар ба муқоиса мераванд, талабот меафзояд, аммо таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ коҳиш меёбанд.
Ниҳоят, масоили иқтисодӣ, аз ҷумла бекорӣ, сатҳи пасти даромад, нобаробарии иҷтимоӣ мета- вонанд аз ҷумлаи омилҳои асосии нофаҳмиву низоъ дар оилаҳо бошанд. Зиндагии душвор фишори зиёдеро ба оилаҳо ворид мекунад ва баъзан боиси пошхӯрии онҳо мегардад.
Дар шароити кунунӣ танҳо бо барномаҳои давлатӣ ё маъракаҳои расмӣ наметавон ҳамаи ин мушкилотро ҳал кард. Моро зарур аст, ки фарҳанги оиладориро дар заминаи арзишҳои миллӣ, донишҳои муосир ва эҳтироми ҳуқуқи ҳар як узви оила такмил диҳем.
Хулоса, масъалаи устувории оилаҳо дар Тоҷикистон тақозо дорад, ки дар баробари дастгирии давлатӣ, ҷомеа низ ба тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон бештар таваҷҷуҳ зоҳир созад. Танҳо дар ин сурат метавонем оилаҳоро ҳамчун ниҳоди муқаддас ва пояи ҷомеаи солим ҳифз намоем.
Мубодила:
Шарҳҳо
