БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

15 май – Рӯзи байналмилалии оила

Сиёсат

Ҳамасола 15-уми май дар саросари олам рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад, ки соли 1993 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Дар ин раҳ дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол низ аз ин ид тантана мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва устуворгардонии оилаҳоро бо назардошти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор доданд ва дар ин раванд тадбирҳои муассиру самарабахш андешиданд.

Маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат муайян гардид.

 

Кумитаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти хешро самаранок ба роҳ монда, бо мақсади аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ташкили семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ бо ҳадафи фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии онҳо, барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбат ба занон, пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ миёни занон, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва терроризму ифротгароӣ, ҷалби занон ба касбомӯзӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни онҳо, баррасии лоиҳаҳои гранти президентӣ ва мониторинги онҳо, пешравии занон дар соҳаи илм, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи солимии репродуктивӣ, танзими оила, коҳиш додани пошхӯрии оилаҳои ҷавон, одоби оиладорӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии амали номатлуби худкушӣ ва ғайра чорабиниҳои сатҳи гуногунро дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои зидахли кишвар ва шарикони рушд мунтазам анҷом медиҳад.

Конфронс, форум, фестивал, озмун, ҳамоиш, аксия, маҳфилҳои муддавом, аз қабили «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», «Занроҳбар», «Кадбонуи беҳтарин», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Зан – маҳзари покизагӣ», «Беҳтарин ҳамсар», «Тарбия аз оила сарчашма мегирад», «Фарзанд – боғи падару модар», «Занон ва об», «Модар – олиҳаи меҳр», «Саҳми занон дар мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ», «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», «Занон – сипари боэътимоди Ватан», «Наврӯз – иди занони ваҳдатсаро», «Саҳми занон дар рушди илм», «Занон дар меҳвари Паём» ва ғайра баргузор гардида, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷашнҳои домодиву арусӣ ва хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ба таври ройгон ба роҳ монда мешаванд.

 

Дар самти таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд. бо назардошти муҳимияти масъала ва нақши оила дар рушди ҷомеа Пешвои миллат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ки ҳадаф аз он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.

Бахшида ба Соли оила Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашта, дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими пояҳои оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян кард. Дар доираи тадбирҳои Соли оила ворид гаштани як қатор тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳифзи манфиатҳои аъзои оиларо мустаҳкам намуд. аз ҷумла, бо мақсади таҳкими солимии ҷомеа ва иҷрои дастури Пешвои миллат дар масъалаи манъи никоҳҳои хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии пешазникоҳии издивоҷкунандагон тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии амалкунанда ворид карда шуданд.

Умуман, баргузории рӯзи оила имкон фароҳам меорад, ки сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографие, ки ба вазъи оилаҳо таъсир мерасонанд, баланд гардад.

Дар ин рӯзи фирӯз тамоми духтарон ва бонувони кишварро таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори осоишта, саломатии бардавом ва саодати хонаводагӣ орзу менамоям.

Бунафша ФАЙЗИДДИНЗОДА,

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон