Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ҶУМҲУРИЯТ
СиёсатҶУМҲУРИЯТ
100 сол минбари миллат
Нахустин суҳбати ихтисосии Қурбоналӣ Раҳмонзода,
сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи«Ҷумҳурият»
бахшида ба муносибати 100-солагии «Ҷумҳурият»
Пеш аз ҳама, табрики моро бипазиред. Воқеан, ин санаи муҳиму муфарраҳ барои тамоми матбуот ва миллат ҷашни фархунда ва мондагор аст. Сад сол арзи ҳастӣ кардан, тобовар будан дар муқобили ҳарифон дар дарозои аср, пиёда намудани ҳадафҳои милливу арзишҳои фарҳангӣ ва, муҳим аз ҳама, шинохта будан дар байни даҳҳо ҷаридаҳо кори саҳл нест…
- Воқеан, вақте соли 1991 давлати абарқудрати шуравӣ барҳам хӯрд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид, рӯзномаи номдори давр - «Тоҷикистони шуравӣ» 19-уми сентябри ҳамон сол табдили ном кард ва чун «Ҷумҳурият» шинохта гардид. Бузургтарин муваффақият дар таърихи рӯзномаи миллату ҳувиятсози «Ҷумҳурият» ин, пеш аз ҳама, таъсиси худи нашрия аст. Ҷоннисориҳо ва кӯшишҳои саромадони матбуоти тоҷик, ки як навъ саромадони давлатдориву давлатсозии миллати тоҷик низ маҳсуб меёбанд, барабас нарафт. «Ҷумҳурият»-и имрӯз ҳамқисмат, ҳамтақдир ва ҳамсоли Тоҷикистон ҳамчун давлат аст.
Пас аз таъсиси Тоҷикистон чун ҷумҳурии худмухтор нашрия бо талошҳои шахсиятҳои муътабари миллатсоз 15-уми марти соли 1925 таъсис ёфт ва номи «Иди тоҷик»-ро гирифт. Паси ин унвони воқеан рамзӣ, бо ормону талошҳои давлатсозӣ фарзандони баруманди миллат Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон қарор гирифта буданд. Эшон хуб дарк мекарданд, ки рӯзнома парчами давлатсозӣ хоҳад буд.
Вақте саромадони матбуоти тоҷик тасмими таъсиси «Иди тоҷик»-ро намуданд, вазъияти сиёсӣ дар минтақа нобоб буд, зеро тақсимоти ҳудудии Осиёи Марказӣ идома дошт. Ҳадаф аз рӯи кор овардани нашрия мужда додан аз мавҷудияти як миллати таърихиву тамаддунофар бо номи тоҷикон дар Осиёи Марказӣ буд. Фарзандони миллат мехостанд тавассути рӯзнома миллатеро тарғиб созанд, ки ваколату рисолату ҳувияти соҳибмулкиву соҳибзаминиву соҳибманзилӣ дорад. Аз ин бармеояд, ки таъсиси «Иди тоҷик» ба хотири таъсиси давлате бо номи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Рӯзнома аз шумораи дуюм бо номи «Бедории тоҷик» баромад, зеро вазъи замон талаб мекард, ки тоҷикон ҳувияти миллии худро бишносанд, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд ва дар ҳалли масъалаҳои худшиносӣ ҷасурона андеша ронанд. Баъдтар, аниқаш соли 1928, ба «Тоҷикистони сурх» табдил ёфт, ки ин ҳам талаби давр, таъсири муҳити сиёсии замона буд. Аз ҳамон давр фаъолияти рӯзнома чун минбари идеологӣ шуруъ васеътар, доманадор, ҳамагир шуд ва дар даврони ҳукумати шуравӣ, ки яке аз фишангҳои маъмулии тарғиботу ташвиқоташ матбуот ва рӯзномаҳо маҳсуб меёфтанд, дар марҳалаи шукуфоӣ ва пешрафт қарор гирифт. Зина ба зина теъдоди нашраш ба саду шаст ҳазор нусха расид ва ҳафтае шаш маротиба чоп мешуду дар байни 15 ҷумҳурии бародарии Иттиҳоди Шуравӣ, мақому манзалати хосса дошт. Соли 1955 «Тоҷикистони сурх» ба «Тоҷикистони советӣ» ва баъдтар, соли 1990, ба «Тоҷикистони шуравӣ» ивази ном намуд, ки ин ҳам таъсири муҳити сиёсӣ, бозсозӣ ва ҳисси озодихоҳиву соҳибихтиёрӣ буд.
- Ҳоло «Ҷумҳурият» ягона нашрияе дар кишвар аст, ки ҳар рӯзи кории ҳафта пешкаши хонандагон мегардад. Нашрия то куҷо ниёзҳои муштариёнро дар масъалаи сари вақт ҷамъ, нашр ва паҳн намудани иттилоот бароварда месозад ва чун сармуҳаррир аз кори худу аҳли эҷоди рӯзнома қаноатманд ҳастед?
- Рӯзнома дар таърихи садсола дастикам ба ду давраи ҳассосу нозук, парокандагии сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дучор омадааст. Давраи нахусти таъсисёбӣ, соли 1925 ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ. Замоне дигарон табли шодии озодӣ мезаданд, ҷумҳурии мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ печид. Мутаассифона, ҳамин нокомиҳои таърихӣ дар қатори тамоми дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, таъсири манфии худро дар кори рӯзнома низ расонд. Аз рӯи хулосаи муҳаққиқони соҳаи матбуот, соли 1995 соли камфаъолиятии рӯзномаи «Ҷумҳурият» маҳсуб меёбад.
Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, мустаҳкам шудани пояҳои давлатдорӣ барои рушди рӯзнома низ замина фароҳам омад. 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ҳамчун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ташаббуси ғамхорона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки нашрия на танҳо аз мушкили иқтисодӣ, ҳатто аз норасоии кадрӣ раҳо ёфта, бо неруи тоза қомат барафрозад ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сарҳадҳои мафкуравию маънавӣ сина сипар намояд.
Аз рӯи нишондодҳои 10 соли охир, теъдоди нашри «Ҷумҳурият» аз 31 ҳазори соли 2015 ба зиёда аз 50ҳазор дар як рӯз расонда шуд. Аз рӯи пажӯҳишу мониторинги марказҳои мустақил (ташкилоти «Машварати расонаӣ», маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало», Сафорати ИМА) тайи 7–8 соли охир «Ҷумҳурият» ҳамчун серхонандатарин нашрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Далелҳо собитгари онанд, ки дар роҳи олии татбиқгариамон, ки аз ҳадафҳои муассисони мо дар роҳи давлатдорӣ сарчашма мегирад, то ҳадде муваффақ ҳастем, аммо барои боз ҳам мутобиқ намудани «Ҷумҳурият» ҳамчун рӯзнома ва рақобатпазир будан дастикам дар сатҳи давлатҳои пасошуравӣ, ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонд; масъалаҳои фундаменталие мавҷуданд, ки ҳалли дастаҷамъона мехоҳанд.
- Дар самти интихоб ва бандубасти мавзуӣ дар саҳифаҳои нашрия чӣ дигаргунии мусбат ба амал омадааст?
- Пӯшида нест, ки бартарии имиҷсозӣ дар рӯзномаҳои асри пеш ба сиёсати яккаҳизбиву яккаҳукмронӣ рабт дошт. Баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва эълон шудани Тоҷикистон чун давлати мустақилу демократӣ, рақибони зиёде дар майдони матбуот фаъол гардиданд. Рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, медиаалянсҳо таъсис ёфтанд ва то андозае муваффақ ҳам шуданд. Воситаҳои электронии ахбор, шабакаи ҷаҳонии интернет чун воситаи таъсиррасон ба мафкураи ҷомеа зуҳур карданд. Кор то ҳадде расид, ки луқмапартоиҳо дар хусуси он ки гӯё нашрияҳои чопӣ, бахусус рӯзномаҳои давлатӣ, аз байн мерафта бошанд, оғоз ёфт. Роҳбарияти «Ҷумҳурият» алорағми ҳамин афкор бо такя ба нафароне, ки дар соҳа собиқа, касбият ва маҳорати бештар доштанду доранд, корҳои зиёдеро амалӣ намуд. Афзудани теъдод ба 50 ҳазор нусха собит сохт, ки то замоне давлат ва миллат ҳаст, пояҳои рӯзнома ҳам устувор хоҳанд монд.
Баъзан, гуфтаҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки дар рӯзномаҳои давлатӣ, махсусан «Ҷумҳурият», бештар маводи расмӣ чоп мешаванд, ки гӯё барои хонанда камтар ҷолибанд. Воқеият ин аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчун Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби сиёсати давлатсозӣ ва ояндасозии муассисонаш: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар баробари минбари муассисон будан, «Ҷумҳурият» минбари миллат аст ва санадҳоеро интишор месозад, ки барои ҳамин миллату давлат оянда месозанд.
Ба хотири фарогири бештари хонандагон мо иқдомҳои зиёди созандаро роҳандозӣ намудем. Яке аз пешниҳодҳое, ки писанди хонанда ҳам омад, ин ба таври нисбатан кӯтоҳу мухтасар дарҷ намудани маводу мақолаҳост. Мутаассифона, хонандаи имрӯз завқу хуши хондани маводи калонҳаҷмро надорад. Гӯшаҳои иттилоотӣ созмон ёфтанд, ки он ҷо хабарҳои кӯтоҳ ё хроника дарҷ мегарданд. Сарунвоне бо номи «Тоҷикистон дар як сатр» фаъол гардид, ки аз муҳимтарин воқеаю ҳодисаҳо маълумоти кӯтоҳи мушаххас пешниҳод менамояд. Сафҳае дорем бо унвони «Тоҷикистон», ки дар қолаби жанри хабари кӯтоҳ барои хонанда мужда мерасонад. Сарунвони «Ҷаҳон» созмон ёфт, ки аз муҳимтарин ҳаводиси олам навид медиҳад. Ба хотири кӯч набастани муштариён ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз соли 2015 саҳифаи иттилоотӣфарҳангии «Шоми шанбе»-ро таъсис додем. Дар ин сафҳа берун аз сиёсат, сирф барои истироҳату фароғатӣ хонанда маводи фарҳангию иттилоотӣ пешниҳод мегарданд.
- Биёед бо баҳонаи ҷашн дар хусуси роҳбарони давраҳои гуногуни нашрияи рақами яки Тоҷикистон ёдовар шавем…
- Дар табрикоташон ба унвони аҳли қалам ва ҳаводорони нашрия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 100-солагии «Ҷумҳурият» аз хизматҳои шоистаи устод Абулқосим Лоҳутӣ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки «барои мо бисёр хушоянд аст, ки Лоҳутӣ яке аз муҳаррирони ҳамин рӯзнома буд ва на танҳо дар кори рӯзнома, балки дар адабиёти муосири тоҷик корҳои зиёди мондагор анҷом додааст». Дар тақвияти ин гуфтаҳо меафзоям, ки воқеан бори заҳмат рӯи шонаҳои саромадони нашрия қарор гирифта буд. Аввалин муҳаррири нашрия Аббос Алиев аст ва солҳои гуногун устодон Самад Ғанӣ, Шодӣ Саид, Ҳалим Ашӯров, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғоиб Қаландаров, Нур Табаров, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон ҳамчун сардабири ҷарида фаъолият бурдаанд. Ман, ки аз соли 2002 ба гурӯҳи кории «Ҷумҳурият» пайвастам, хуб огоҳам, ки ин ҷо сардабир ҳамеша баробар бо аҳли қалам қарор дошту дорад. Сардабири муваффақ ҳамонест, ки бо дастгирӣ ва ҳавасмандсозиҳо тавонад завқи қаламкашонро барои пешрафти кор ва саҳм дар давлатсозӣ аз сари меҳру ихлос бедор бисозад.
Замони эҳёи дубораи нашрия шуруъ мешавад аз фаъолияти сардабирии устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ. Ба гуфти коршиносон ва тадқиқоти олимони соҳаи матбуот, ҳар мушкиле, ки дар саргаҳи таъсиси нашрия Аббос Алиев бо тими кориаш, аз қабили камбудиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, кадрӣ дошт, устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ низ соли 1995 дубора бо аҳли қалам таҷриба карданд. Дар замони бемаошӣ, дар замоне, ки ягон роҳи имкони ҳавасмандсозии кормандон вуҷуд надошт, кор кардану ба некӣ ном баровардан, кори осон набуд.
Баъдан, ба ин маснад таъин мешаванд Субҳон Кошонов, Камол Абдураҳимов, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб. Аҳли қалам ва шахсан банда нисбат ба ҳамаи ин устодон эҳтироми зиёд қоилем; барои пешбурди рӯзнома, воқеан ҳам талош варзиданд, заҳмат кашиданд.
- Аксар зиёиёну равшанфикрон ва чеҳраҳои саршиноси соҳаи илму адаб, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Мутеулло Наҷмиддинов, Абдулҳамид Самад ва дигарон худро дастпарварони мактаби эҷодии нашрияи «Ҷумҳурият» медонистанду медонанд. Ҳоло кор дар самти ҷалби кадрҳои ҷавон чӣ гуна сурат мегирад?
- Аз рӯзи аввали таъин ба вазифаи сардабир корро чун як корманди қаторӣ ва чун як хонандаи одӣ шуруъ намуда, вазъи рӯзномаро соле мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додам. Ба хулосае расидам, ки барои татбиқи ҳадаф ва хостаҳо барои пешбурди кори идора ҷалби кадрҳои ҷавон ногузир аст. Шуруъ кардем ба ҷалб ва тарбияи кадрҳо, дар такя ба мактаби эҷодии худи нашрия. Ба ҷавонони соҳибистеъдод, донишҷӯёни факултетҳои рӯзноманигорӣ, коромӯзон имкон додем ба корманди комилҳуқуқ ва маошгири идора бадал ёбанд. Давоми 7–8 сол кадрҳое омода намудем, ки на танҳо номбардори нашрия, балки аз пештозони матбуоти тоҷиканд…
- «Ҷумҳурият» дар баргузории озмунҳои бошукӯҳ муваффақ ва дар нашри китобҳои арзишнок низ пештоз аст, ин раванд дар пешрафти кор чӣ таъсир мерасонад?
- Банда аз зумраи он роҳбарони хушбахтам, ки моҳе як маротиба шарафи иштирок дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорам. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, ҳамеша аз таърихи дирӯзу имрӯзамон ёдовар мешаванд. Ман аз ин ҷаласаҳо маънӣ бардошта, барои пешрафти кор, ба қавле, идея мегирам. Ҷалби бештари ҷавонон, занон, ғамхорӣ нисбат ба эҷодкорон, хидмат ба мардумро аз ҳидоятҳои Пешвои миллат барои худ ёддошт кардаам.
Пешниҳоду ҳидояти аввалинро дар хусуси гузарондани озмунҳо ҳам аз ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гирифтам. Аз 13 озмуне, ки «Ҷумҳурият» баргузор намуд, 6-тои он ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори фарзандони ҷоннисори миллат, шуруъ аз Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода то Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Озмунҳои «Ҷумҳурият» паҳлуҳои зиёди мусбат доранд. Пеш аз ҳама, озмунҳо рӯзномаро назди хонанда бурданд. Русто ба русто, кӯча ба кӯча истеъдод кофтем, собиқадорони бознишастаро, ки қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафтанд, дубора ба майдони кор овардем. Бо ин роҳ барои насли имрӯз, ки рисолати ояндасозӣ дорад, аз фарзонафарзандони миллат идеал сохтем.
Таъсису роҳандозии як озмун ташвишҳои хеле зиёд дорад. Боз вақте озмун ғайричашмдошт ва табиӣ ба озмуни байналмилалӣ бадал мешавад, шахсиятҳое хоҳиши иштирок пайдо менамоянд, ки мисли офтоби сари кӯҳанд ё қаҳрамоне, ки дар соҳаи худ муҷаллост, оне ки мисли локомотив гурӯҳеро ба пеш мекашад. Кӯшидем гуфтаҳои ҳамин нафаронро фарохтар аз доираи як рӯзнома, дар қолаби китобҳо барои таърих нигоҳ дорем.
- Нақшаҳои ҳайати эҷодии нашрияи бонуфузи «Ҷумҳурият» барои солҳои минбаъда чӣ гунаанд?
- Дар доираи тавон ва имконияти идора намояндагиамонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъол гардондем. Ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафоратҳо намояндагиҳои «Ҷумҳурият»-ро дар ду шаҳри калонтарини Федератсияи Россия: Москва ва Санкт-Петербург созмон бидиҳем. Тасмим дорем кормандони нашрия ва донишҷӯёни фаъоли факултетҳои рӯзноманигориро аз ҳисоби молиёти худи рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои омӯзиш ба давлатҳои пешрафта, аз қабили Қазоқистон, Россия, Амрико, Ҷопон бифиристем…
- Пас аз сад соли дигар «Ҷумҳурият»-ро чӣ гуна мебинед?
- Мехоҳам «Ҷумҳурият» то он замон ба академия табдил ёбад. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил шавад ба ВАО-и чандрасонаӣ. Бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ мавод паҳн намояд. Намояндагиҳояшро дар давлатҳои Россия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Амрико дошта бошад…
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
