БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сулҳе, ки аз сабурии бонувон пойдор шуд

Сиёсат

Чаро, вақте сухан аз сулҳу ваҳдат меравад, Пешвои миллат ҳамеша саҳми занону модаронро ба сархат мебаранд?

«Ҷанг танҳо хоку хун нест, он хомӯшии модарест, ки дигар ханда намекунад…».

Ин иқтибосро намедонам дар куҷо хондаам, аммо ҳар лаҳзае ба зеҳнам меояд, он бори дигар сахт таконам медиҳад. Маро ва бовар дорам, на танҳо маро сӯи хотираҳо мебарад…

 

Моҳи июни соли 1997. Тоҷикистон. Баъди панҷ соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пас аз ҳазорҳо қурбонӣ, миллионҳо ашк, ҳазорҳо гурезаву садҳо кӯдаки ятим, ниҳоят як рӯшноии умедбахш аз паси хокборон пайдо шуд. Номи он рӯшноӣ сулҳ буд, ки алҳол дар байни ҳамватанони мо бо таъбири «ваҳдати миллӣ» серистифода аст.

Аммо, пеш аз ин рӯшноӣ, модари тоҷик борҳо фарзанди худро бо чашмони машки об ба сафи гурезаҳо гуселонда буд ё ба майдони ҷанг. Қариб ҳамарӯза нолаву фиғоне аз хонаводаҳои зиёд ба само мехест, ки кадом пайванди худро аз даст дода буданд. Ё аз тири ҳамватани худ, ё аз гуруснагӣ.

Кӯдаконе кам набуданд, ки шояд танҳо чанд адад китоби дарсӣ доштанд, вале шояд мактаб надоштанд, ё агар деворҳои куҳнаи мактабашон ҳанӯз боқӣ монда буд, намедонистанд, ки ба дарс бираванд, ё ба хӯшачинӣ, то барои сер кардани шиками худу аъзои оила саҳм бигиранд. 

Бонувон бо гулдӯзиҳои ба умед дӯхтаашон даст ба дуо мебардоштанд: «Худоё, моро наҷот бидеҳ ва ба орзуҳоямон бирасон!».

Шоир ноумедона месуруд: «Як рӯзи дигар ханда ба лаб мешуда бошад?»

Аммо, модари тоҷик пушти девори фурӯрафтаи хонааш ҳамоно табассум дошт, то ин ки фарзандашро ба зиндагӣ дилгарм намояд ва ӯ мутмаин шавад, ки зиндагӣ идома дорад…

Оё он рӯзҳо аз хотир мераванд? Хонаҳои сарду торик, кӯдакони бесарпаноҳ, модарони гирён, ҷавонони ноумеду асабӣ. Сахттарин шаб он буд, ки модар бар сари кӯдаки бемор даст мебурд, вале чизе аз дасташ намеомад, зеро дору набуд, нон набуд, сулҳу оромӣ набуд…

Ин ҳама далолат ба он аст, ки имрӯз, вақте аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд меорем, набояд танҳо аз маъракаҳои расмӣ бигӯем. Мо бояд суроғи ошхонаи модароне равем, ки 28 сол қабл бо ордоби тақрибан бе орду камрӯған фарзандонашро сер мекард. Онро ҳам на ҳама дошт. Модарон ордобро рӯи дастархон мегузоштанду худашон башаст берун мерафтанд, то фарзандон гуруснагии онҳоро нафаҳманд. Ба даъвати фарзандони худ ором посух медоданд: -Ман дар сари дег хӯрдам, шумо ба иштиҳо бошед!

Оё мешавад ин рӯзҳо ва ин ҳолати модарон фаромӯш шаванд?

Оё ин маъноеро надорад, ки сулҳи ба ҷуз аз қаҳрамониҳои бешаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қаҳрамони дигар ҳам дорад ва он модарони мост, ки бароямон дарси таҳаммул ва сабурӣ омӯзонданд?

 

Аз ин ҷост, ки ҳоло, вақте ҳар саҳар кӯдаконамон бо либоси озода ба мактаб мераванд, бояд таъкид намоем, ки ин озодӣ ва оромӣ осон ба даст наомадааст. Ҳар як субҳи ором, ҳар як садои зангӯлаи мактаб, ҳар як навои хушбахтӣ маҳсули фаъолиятҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва дуову сабри модарон аст. Пас, бояд дар қатори шиорҳои ваҳдатофар иқтибоси дигари пуртаъсир ҳам бояд дошта бошем:

«Агар сулҳро мехоҳем, бояд модаронро эҳтиром кунем!».

Зимнан, Пешвои миллат ҳар бори дар бораи истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон суҳбат намудан, ҳамеша аз саҳми занону модарон ёд меоваранд ва ба нақшу мавқеи муҳими бонувон дар роҳи таҳкими сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

«Дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш менамуданд. Аз оғози гуфтушунидҳо бо мухолифин, ҳарчанд ин мулоқотҳо фарсахҳо дур аз сарзаминамон доир мешуданд, занони тоҷик бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои худ иштирокчиёни музокиротро ба ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, гузашт ва муросо даъват менамуданд»,- гуфта буданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми иштирокашон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ, ки дар таърихи 26-уми апрели соли 1997 баргузор шуда буд.

Аз ҷониби дигар, бонувон дар минбарҳоисиёсиву идеологӣ низ ҷуръати зиёд нишон медоданд. Дар нашрияҳои вақт, ҳамчунин китобу ёддоштҳо ишора шудааст, ки дар баҳсҳои сахти сиёсӣ вакилони боҷуръати мардумӣ Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мӯсоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова ва дигарон мавқеи қонун ва адолатро нотарсона ҳимоя мекарданд.

Пас аз Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олӣ, ҳамон тавре Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, на  ҳар сиёсатмадор ҷуръат мекард, ки дар паҳлуи Сарвари давлат бошад ва дар сохтусози давлати парокандаву ҷангзада ширкат намояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин давра маҳз ба занони сиёсатмадор такя намуда, онҳоро бавазифаҳои калидӣ ҷалб намудаанд. Дар натиҷа Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Мунира Иноятова, Зууракан Давлаталиева, Адолат Узоқова ва дигарон масъулиятҳои муҳими давлатиро дар ҳамин давра сарбаландона иҷро карданд.

Як нуктаи муҳим ин аст, ки аввалин одамоне, ки аз муҳоҷират ва гурезагӣ баргаштанд, маҳз занон буданд. Тасаввур намоед, ки дар ноҳияҳои ҷангзада чӣ ҳолат ҳукмфармо буд: аз хонаву дар ва чизу чораашон нишоне набуд, мактабу беморхонаҳо ҳам валангор ва корношоям гардида буданд, аммо сабру шукргузории занону модарон рафъи ҳолатро хеле осон намуд. Зимнан, бонувони фаъоли ҷамъиятӣ ба ин деҳаҳо омада, аз мардум ёриву дастгирии худро дареғ надоштанд.

Ҳодисаи дигареро, ки Сарвари давлат ҳамеша аз он ёд мекунанд, ба сафарашон дар ВМКБ марбут аст. Зимни яке аз мулоқотҳо ҷавони мусаллаҳе мехост ба мошини Президент ҳамла намояд, аммо бонуи бадахшоние бо як дав пеши роҳи он ҷавони бадхоҳро гирифт…

Оё ин ҳамаро мешавад фаромӯш кард?

Пас аз раванди сулҳ дар сохтусози Тоҷикистони навин низ саҳми занон беназир аст.

Хулоса, Созишномаи сулҳ ин танҳо маънои оташбасро надорад. Он оғози марҳалаи навини сохтмони давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишвар аст. Ҳукумати кишвар тавонист таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ як модели муваффақи барқарорсозии сулҳро амалӣ намояд, ки имрӯз ин таҷриба чун намуна дар платформаҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.

 

Бо ин ҳама, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ кори як насл нест. Он як раванди пайваста ва зеҳнӣ аст. Нафароне ки имрӯз дар марказҳои таълимӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодӣ фаъолият мекунанд, бояд ин рисолатро дарк намоянд: ваҳдат на танҳо пос доштани сулҳ, балки таҳкими адолат, ҳифзи гуногунандешӣ ва мубориза бо нобаробарист. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд ва аз мақомдорон иҷрои онро тақозо менамоянд.

Яъне, бояд дуруст дарк намуд, ки сулҳу ваҳдатро, агар метавон ба мерос гузошт, ин танҳо бо меҳру муҳаббати самимӣ, бо тарбия, бо гуфтугӯ имконпазир аст. Бонувон бошанд, дар маркази ин раванд қарор доранд. Аз ҳама муҳимаш бояд донист, ки эҳсосе, ки дар қалби модари тоҷик реша дорад, ҳаргиз хушк намешавад.

Дар зимн, иқтибоси дигаре метавонад охирсухани матлаби мо бошад:

«Ҷомеае, ки занонаш бедоранд, ҳаргиз дигар ба ҷанг намеравад!»

ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон