БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хиради ваҳдатофар

Сиёсат

Сарнавишти миллати тоҷик, ки солҳо дар ҳаводиси таърихӣ бори сангинеро бар дӯш кашид, маҳз дар лаҳзаҳои сахту ҷудоиафкан, бо матонату ҷавонмардӣ тавассути фарзандони некухисолу некусиришт бо шири поку сафеди модари тоҷик савганд хӯрда, руҳи ваҳдатро чун дирафши саодати хеш баланд бардошт.

Солҳои фоҷиавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки парокандагӣ, нигаронӣ ва заъфи иродаи миллӣ фазои ҷомеаро фаро гирифта буд, бо хиради азалии фарзанди баруманд, Сарвари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нидои дӯстиву сулҳ ва бо эҳёи ормонҳои таърихӣ тоҷикон роҳи наҷот ва давлатдории навинро дарёфтанд.

Бо фароҳам овардани фазо ва муҳити сулҳ, бо шиору амалкарди «Ман ба шумо сулҳ меорам», бо марҳаму дармон бахшидани ҷароҳатҳои равониву ҷисмонии ҷомеа, бо гиромидошти арзишҳои милливу динӣ ва бо эҳтироми шахсияти инсон мардуми Тоҷикистонро ба фардои умедбахш ва ҳаёти ободу созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Сухан аз сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27- уми июни соли 1997 дар таърихи миллат бо зарҳал нигориш ёфт, сухан аз камоли фарҳанг, аз шукӯҳи маънавӣ ва эҳёи инсонгароии ҷомеа аст. Имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ на  танҳо анҷоми ҷангу низоъ, балки оғози маърифати тоза, таҳкими арзишҳои инсонӣ ва афкори миллиро ба армуғон овард. Таҷрибаи мо дар ҷодаи офариниши сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Нақша, назария ва амалкарди сулҳи тоҷикон аҳамияту арзиши миллӣ ва ҷаҳониро касб на-муд ва пайроҳаву намунаи хуби ба мувофиқа омадан ва аҳдномаи ҳампаймонӣ бастан барои мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва барқарор кардани сулҳи абадӣ миёни мардуми як кишвар, давлатҳои як минтақа ё минтақаҳои гуногун шуда метавонад.

Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Хуҷанди бостонӣ 31-уми марти соли 2025 санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии 3 кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, ки далели раднопазирест.

Хусусияти мактаби давлатдорӣ ва сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар он аст, ки дар Тоҷикистони ҷангзада сулҳу осоиш ба даст омад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ҳукмфармо шуд ва ба ғояи миллӣ табдил ёфт, якпорчагии давлати Тоҷикистон таъмин гардид, бедории тафаккури сиёсии мардум ба вуҷуд омад, Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона пазируфта шуд. Шуҳрату нуфузи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон боло рафт ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки тарроҳаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, мавриди омӯзишу ибрати ҷаҳониён гардид, дар ин замина пешниҳодҳои ҷаҳонии ин нобиғаи дунёи сиёсат аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар марҳалаи гуфтушунидҳои сулҳ ва раванди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, садои занон, дуои модарон, панду ҳикмати хоҳарон дар паси саҳна ва ҷараёни иҷтимоӣ ҳамчун неруи пинҳонӣ, вале созанда таъсиргузор буд. Ҳамин садо ҳам сабаби қалбҳоро ба фурӯтанӣ, руҳу равонҳоро ба эҳсоси бахшиш ва ҷисмҳоро ба саъйи ҷиддӣ ба хотири ваҳдат ва рушди оянда омода сохт.

Баъд аз расидан ба ваҳдати миллӣ нақши занон дар барқарорсозии хонадон, эъмори ҷомеа ва эҷоди муҳити ҳамзистиву мададгорӣ назаррас гардид. Онҳо чун омӯзгор, табиб, ходими фарҳанг, сиёсатмадор ва соҳибкор барои таҳкими сулҳу ризоят ва тарбияи насли нав садоқати хешро дар амал татбиқ карданд.

Сиёсати Ҳукумати мамлакат дар солҳои истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ба таҳкими мақоми зан, тавонмандсозии ӯ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронда шудааст. Имрӯз садҳо ҳазор занон ҳамчун раҳбари муассиса, фаъоли ҷомеа, ходими давлатӣ ва парчамбардори маънавият саҳм мегузоранд, ки худ кафили таҳкими ваҳдат ва рушди ҷомеа мебошад.

Дар таҳаввулоти замон, агар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунҳои давлатӣ роҳи ваҳдатро дар сатҳи умумимиллӣ кушод, пас маҳз панду амали модарон ва устувории занон ин ваҳдатро дар ҳар хонадони тоҷик ба асли зиндагӣ табдил дод. Ин симои ахлоқӣ ва тарбиятӣ, ки дар дилу руҳи занон ҳаст, мисли решаи дарахти куҳан дар умқи замин ҳамеша ба миллати мо қувват мебахшад. Ҳар дафъа, ки миллат бо таҳдиду низоъ рӯ ба рӯ шудааст, аввалин қадам ба сӯйи сулҳ ва ваҳдат аз дуои модар ва таҳаммули устувору шикастнопазири зан оғоз ёфтааст. Ҳамчуноне ки фарзанди неруманд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корномаи ваҳдатофариро бо гирифтани дуои сабзи Модар ва савганд ба шири поку сапеди Ӯ оғоз намуд.

Нақши зан дар эҷоди муҳити ҳамкорӣ, таҳаммул ва пуштибонии мутақобил имрӯз ҳам бештар эҳсос мешавад. Чунин муҳит, ки зан меҳвари маънавии он аст, дар тарбияи фарзанди ватандӯст, таҳкими оила ва эҷоди ҷомеаи фардо нақши асил мебозад. Дар фарози ҳама озмоишҳои таърихӣ модарону хоҳарон намунаи олии фидокорӣ, бахшиш, сабр ва дастгирии беназир буданд. Беҳуда нест, ки дар адабиёти мардумӣ ва нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «дуои модар» рамзи фатҳу кушоиши кор ва кафили саодати рӯзгор эътироф шудааст. Ба ҳамон андозае, ки сиёсати давлатӣ ва иқдоми Пешвои миллат ваҳдатро расмӣ кард, ҳузур ва талоши занон ва модарон онро зинда, фаъол ва муассир нигоҳ медорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».

Занон, ки ҳамеша маҳаки маънавият ва поягузори муҳаббат ҳастанд, имрӯз дар баробари мардон дар рушди ҷомеа нақши калидӣ до-ранд. Сиёсати давлати мо имконият дод, ки садҳо ҳазор зан соҳиби таҳсил, мақоми давлатӣ, унвони илмӣ ва касби озод шаванд. Ҳифзи ҳуқуқи зан, шароити мусоиди зиндагӣ, ҳимояи оила ва фарзандон, дастрасӣ ба илм ва касбу ҳунар шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи навини тоҷик ба ояндаи худ бо эътимод менигарад. Аз ҳамин ҷост, ки фарҳанг, ахлоқ ва маърифате дар руҳи ҷомеа вуҷуд дорад, маркази онро эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, баробарии иҷтимоӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ташкил медиҳад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳар  иқдоми хеш ба инсондӯстӣ ва ваҳдати миллию иҷтимоӣ такя мекунанд, низоми давлатдориро бар пояи дониш, маърифат, ахлоқ, худшиносӣ ва озодӣ устувор намудаанд. Ҳар як сиёсати давлатӣ, ҳар як қонун ва барномаи миллие, ки барои рушду тараққии ҷомеа роҳандозӣ шудааст, ба мақсадҳои ваҳдатофарӣ, таҳкими мақоми зан, боло бурдани сатҳи маънавият ва эҷоди фазои орому осуда равона гардидааст.

Дар тули таърих ваҳдати миллӣ чун гавҳари аслии бақои давлат ва озодии руҳи миллат ҳамеша барои тоҷикон омили саодат ва заминаи пешрафт будааст. Ин ваҳдат, ки аз мероси ниёгони ориёӣ ва аз фазилати сулҳпарварии фарҳанги тоҷикӣ ғизо гирифтааст, имрӯз дар сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар хирад ва меҳнати мардуми одӣ, насли калонсол ва пирони кор, дар саҳми бемисли модарону занон ва дар талоши рӯзафзуни ҷавонон идома меёбад. Ҷомеае, ки ба ваҳдат такя мекунад, қудрати ҳақиқии хешро мешиносад; бо эҳтирому қадршиносии гузаштагону аҷдодон, падарону бародарон, модарону хоҳарон, бо такя ба дониш ва маърифат, бо пос доштани арзишҳои миллӣ ва бо пайравӣ аз сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои хирадманд, ба ҳар ормон ва қуллаи инсонӣ мерасад.

Имрӯз воқеияти зиндагии мо нишон медиҳад, ки бе ваҳдат на  истиқлол устувор мемонад, на  мақоми занон эҳтиром меёбад, на оромии ҷомеа ва на пешрафти давлат таъмин мешавад. Ваҳдат танҳо шиор нест, балки таҷрибаи зиндаи рӯзгор, рамзи ҳамбастагии қалбҳо, пояи маърифати миллӣ ва асари шикастнопазири иродаи мардум аст.

Ваҳдат, истиқлол, муҳаббат, маърифат ва садоқати шаҳрвандӣ, ҳастии давлат ва кафолати бахти мардуманд. Танҳо бо арҷгузорӣ ба ин арзишҳо, метавонем ҷойгоҳи худро дар миёни халқҳои дунё пойдор, фарҳанг ва маърифатамонро ҷаҳонӣ, абадӣ ва беинтиҳо созем.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,

ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,

доктори илмҳои филология, профессор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон