БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Эмомалӣ РАҲМОН: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»

Сиёсат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба истиқболи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуда буданд: «Ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву бародарии поянда ҳамчун неъмати бебаҳои тақдир, дастоварди бемисли мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои сокини ин кишвар аст, ки аз озмоиши таърих ва имтиҳони Ватану ватандорӣ бори дигар гузаштанд». 

Дар Паёми шодбошиашон соли 2023 ба ифтихори ин рӯзи фирӯз, Пешвои муаззами миллат таъкид карданд: «Имрӯз Ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст».

Дар ҳақиқат, вожаи ваҳдат чанд маънии олӣ, аз қабили беҳтарин неъмат, сулҳу оштӣ, наҷоти миллат, рушди давлат, якдигарфаҳмӣ, аз як гиребон сар баровардан ва амсоли инҳоро дар ниҳон дорад.

 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун як воҳиди марзиву маъмурии мустаъқилу соҳибихтиёр дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд, аммо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба душманони миллати тоҷик хуш наомад, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои аз байн бурдани ин давлати тозаистиқлол шуданд. Оқибат, дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо онҳо тавонистанд дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро таҳмил диҳанд ва мухолифатҳои шадиди сиёсиро роҳандозӣ созанд. Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат зикр намуданд: «Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанг ба дараҷае расид, ки хатари аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёфта буд.

Ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардиданд».

Бахусус мо сокинони минтақаи Кӯлоб оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандиро бо чашм медидем ва дар зиндагии худ ҳамарӯза эҳсос мекардем. Аз ҷумла муҳосираи иқтисодӣ, ки ба хотири шикастани руҳияи мардони ғаюри Кӯлоб аз ҷониби мухолифин роҳандозӣ гардида буд, вазъияти бе ин ҳам душворро рӯз аз рӯз мураккабтар мегардонд. Воқеан, бояд тазаккур дод, ки ин родмардон барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархоста буданд ва дар ин роҳ нафарони зиёде қурбон шуданд. Вазъият боз аз он ҷиҳат печида буд, ки дар хусуси сулҳу созгорӣ, аз байн бурдани ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ касе ҳарф намезад. Баръакс тарафҳои даргир дар фикри интиқом буданд ва нақша мекашиданд, ки пас аз саркӯб кардани ҳариф дар ин ё он мавзеъ, боз ба кадом ноҳия лашкар мекашанд. Дар ҳукумати марказӣ ягон нафареро, ки байни гурӯҳҳои даргир ва сокинони ҳама минтақаҳои мамлакат нуфузу эътибор дошта бошад ва ба суханҳои ӯ гӯш диҳанд, пайдо кардан имкон надошт.

Чунин ҳолат ба шиддат гирифтани ҷанг мусоидат менамуд. Сафи қурбониён афзуда, ҳазорони дигар маҷбур ҷойҳои муқимии худро тарк ва ба дигар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ё кишвари ҳамсояи Афғонистон гурезаи иҷборӣ шаванд. Агар пеши роҳи задухӯрдҳои мусаллаҳона гирифта намешуд, бе ягон муболиға, парокандашавии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз эҳтимол дур набуд. Ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯз мамлакат ба як хиради бузург эҳтиёҷи беандоза дошт. Гардиши айём кишвари моро дар ҳолате қарор дода буд, ки ба назарияи марксистӣ мутобиқат мекард. Яъне «раванди тараққиёти ҷамъият дар назди он масъалаҳоеро вогузор мекунад, ки ҳалли онҳо пайдоиши шахсиятҳои мушаххасро тақозо менамояд».

Зимнан, дар он замон он нафаре роҳбари ҷумҳурӣ шуда метавонист, ки барои расидан ба сулҳу ваҳдат ҷони худро ба гарав гузорад ва тамоми ҳастиашро ба миллат бахшад.

Хушбахтона, ақли солим ғалаба кард ва вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI таърихиву тақдирсоз ҷамъ омаданд. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб шуд. Ҳоло бо дили пуру имони комил мегӯям, ки ин бузургтарин хизмати вакилони Шурои Олии Тоҷикистон барои мардуми ҷафокашидаи кишвар буд. Онҳо зимоми давлатдориро ба дасти ҳамон хиради бузург, яъне Эмомалӣ Раҳмон доданд. Пешвои муаззами миллат бо амалҳои сулҳофарии хеш дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ собит намуданд, ки ҳақ ба ҷониби Мавлавӣ будааст:

Асли лашкар бе гумон сарвар бувад,

Қавми бесарвар тани бе сар бувад.

Сарвари давлат дар иҷлосия бо қатъият изҳор намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ чи ҷонбозиҳое накарданд. Маҳз ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзии ин абармард гурӯҳҳои оштинопазири мусаллаҳ сари мизи музокирот нишастанд ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Хизматҳои бузурги Сарвари давлати тоҷиконро ҷиҳати расондани миллати тоҷик ба ваҳдати сартосарӣ шоири маҳбуб Саидҷон Ҳакимзода чунин ба қалам додааст:

Пешвои халқи мо аз ҷодаи ғамхорҳо бигзашт,

Ҳамчу нур аз мағз мағзи оҳани озорҳо бигзашт.

Рӯ ба рӯ омад бо неку зишт, бо пиндори неки хеш,

Аз миёни оташи сӯзандаи пайкорҳо бигзашт.

Аз барои ваҳдату сулҳу амонии ватандорон, 

Аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёрҳо бигзашт.

Инак, 28 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ханда бар лабанд ва дар сартосари кишвар шодию сурур танинандоз аст.

Бо мурури замон ба гузаштаи на  чандон дури кишвари худ назар андохта, бори дигар эҳсос мекунем, ки дар ҳақиқат вожаҳои сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳоянд. Маҳз пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар кишвар сулҳ тадриҷан ҳукмрон гашт ва Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳод. Садҳо иншооти хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд ва пешрафту комёбиҳои Ватани мо боиси тааҷҷуби ҷаҳониён гардидааст. Аз баракати ваҳдат ҷумҳурии мо имрӯз Неругоҳи азамати барқи обии «Роғун»-ро бунёд карда истодааст. Роҳи оҳани паҳнбари Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)-Кӯлобро, ки дар 70 соли давлати абарқудрати шуравӣ сохта нашуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Шаҳри Кӯлоб ҳоло соҳиби Фурудгоҳи байналмилалӣ, 77 корхонаи саноатӣ, ки беш аз 90 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад, мебошад. Танҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон беш аз 800 иншоот бунёд, азнавсозӣ ва таъмир карда шуд. Азнавсозӣ ва таъмири боз 494 иншооти дигар дар нақша аст.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Тоҷикистон атои худовандӣ ҳастанд. Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳбари оқилу доно ва хиради сулҳофару созанда ҳамагон бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Дар атрофи сиёсати созандаашон зич муттаҳид бошем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, ин сарзамини биҳиштосоро боз ҳам обод ва дар сафи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мақом бидиҳем...

Бахтиёр НАЗАРЗОДА,

раиси шаҳри Кӯлоб, узви МаҷлисимиллииМаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон