Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ваҳдат василаи саодати миллат
СиёсатПас аз ҳазор соли бедавлатӣ халқи тоҷик ба ормони ҳазорсолаи хеш озодӣ шарафёб шуд, вале аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоту зиддиятҳо тамоми марзу буми онро фаро гирифтанд. Бинобар нақшаҳои ғаразноку ҷоҳталабонаи баъзе аз гурӯҳҳо ин хоки муқаддас ба вартаи ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар роҳи ҷангандозию шӯрондани миллат душманону бадхоҳони миллати тоҷик, аз нав фаъол шуданд ва баҳри аз байн бурдани давлату миллати мо кӯшишҳо намуданд.
Дар ҳамон лаҳзаҳои барои миллату Ватан ниҳоят ҳассос, Тоҷикистон ба роҳбаре ниёз дошт, ки пеши роҳи пурфоҷиа ва даҳшатноки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бигирад ва миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз завол ёфтан наҷот бахшад. Ин рисолатро, хушбахтона, нафаре тавонист анҷом диҳад, ки дар замираш муҳаббати бекарона ба ин Ватан ва мардуми он дошт. Вақте сухан аз ваҳдати миллӣ, аз сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Мусаллам аст, ки ҷанг ҳамеша воситаи асосии ҳалли ягон низоъ, хоҳ дохилӣ, минтақавӣ, байнидавлатӣ, байналмилалӣ ё динӣ маҳсуб намешавад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳҳои осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира пеш гирифтем». Ин амр дар тақдири минбаъдаи халқи тоҷик рост омад ва дар ниҳоят ба натиҷаҳои назаррасу ҳалкунанда оварда расонд, вале то ба мақсади ниҳоӣ расидан, кӯшишу заҳматҳои зиёде дар пеш буданд.
Оғози музокирот ва гуфтушунидҳои судманду тақдирсоз бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии қавӣ дорад. Ин фарзанди барӯманди сарзамин баъдан бунёдгузори сулҳи воқеӣ ва кафили оромию осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардид ва муддате баъд бо ин амали худ дар қатори машҳуртарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон мақоми шоистаро касб кард.
Ҳамон лаҳзаи ба мақоми роҳбари мамлакат интихоб гардидан, Эмомалӣ Рамон бе дудилагӣ ва истиҳола изҳор кард: «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».
Бозгашти гурезаҳо марҳалаи муҳимтарини истиқрори сулҳу осоиш буд ва инро Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз дигарон эҳсос намуда, гуфта буд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оғози марҳалаи рушду нумӯи миллати тоҷик гардида, эҷодгари он Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ касб намуд.
Ваҳдат ифодагари волотарин орзуву омоли халқ буда, он асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи фатҳи он гардид…
Ваҳдатгароӣ хусусияти зотӣ ва сифатии ҳар халқ буда, он дар марҳалаҳои муайяни сарнавишт гоҳе тобон ва гоҳе хира ба назар мерасад. Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз Давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии ӯст, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, дида тавонистани мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардондани тадбирҳое, ки барои ташаккул ва инкишофи як давлати муосир хосанд, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.
Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд ва роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, ободиву навсозиҳои бисёр дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии кишвар ба рӯйдоди муқаррарӣ мубаддал гардиданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистони моро як кишвари дар ҳоли рушд шинохтаву эътироф намудааст. Тайи чанд сол аст, ки зимни назарсанҷии чандин пажӯҳишгоҳҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Соз мони ҷаҳонии Гелап ва Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисоди ИМА Тоҷикистон ҳамчун амнтарин кишвари ҷаҳон мақом пайдо намудааст…
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо гулрез аст, офтоби дурахшон болои сари мардуми ин диёри файзхез шуълапошӣ мекунад, шаҳру деҳи мамлакат қабои идона ба бар кардааст.
Инак, беш аз 30 сол аст, ки дар замони нави таърихӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон умр ба сар дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешаамон – сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисми бузурги Шарқро дар бар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихори ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки дар кору пайкор, ҳар иқдому нияти мардуми он ба хотири таҳкими ваҳдат бошад. Дар марҳалаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгир шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида онро халалнопазир намоянд. Мусоидат ба созгории умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли қатъият ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвар дар асоси Конститутсияи мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, муборизаи беамон ба муқобили таассубу хурофот, терроризму экстремизм, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.
Ваҳдати абармарди сиёсат Эмомалӣ Раҳмон халқи моро шод, ваҳдати ӯ мулки моро обод ва синаҳои мардумони моро аз бадӣ озод кард.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
НЕЪМАТЗОДА Маликшо Маҳмадшо,
муовини якуми Раиси ҲизбиХалқии
Демократии Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо
