Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нақши Пешво дар таҳкими Ваҳдати миллӣ
Сиёсат27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо саъю талош ва фидокориҳои беназири фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи мардуми сулҳхоҳи тоҷик имкон фароҳам омад, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расад.
Маҳз Созишномаи мазкур ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар хотима бахшид. Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ истиқлоли давлатии Тоҷикистони навбунёдро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот дода, дар бунёд ва рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлатдории навини тоҷикон асос гузошт. Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳи хосса ҷашн мегиранд.
Таҳлилгарони сиёсӣ ва сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ раванди музокироти сулҳи тоҷиконро, ки барҳақ, поягузори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, кӯшиш менамоянд, таҷрибаи бузурги расидан ба суботи комили тоҷиконро дар ҳалли низоъҳои кишварҳои дигар истифода баранд.
Пеш аз ҳама, дар ин самт нақши Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, амиқан фаҳмонда ва таблиғ карда шавад. Чунки иқдоми нахустин ва муҳим дар роҳи қатъи низои дохилӣ ва ба ҳам овардани қувваҳои мухолиф, аз ҷониби Ҳукумати конститутсионӣ, маҳз дар ҷараёнибаргузории иҷлосияи мазкур сурат гирифт. Заминаҳои воқеӣ ва ҳуқуқии на танҳо давлатдории навини тоҷикон, балки истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ низ дар ин иҷлосия гузошта шуданд.
Таърих борҳо исбот кардаву нишон додааст, ки дар марҳалаҳои тақдирсози давлату миллат саҳми сарвари сиёсӣ, ки дорои сифату аломатҳои хоси худ, ки бо истилоҳи «Сарвари харизматикӣ» ифода меёбад, хеле бузург аст. Роҳбари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳалаи фоҷиабор, ҷавонмардона зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта, бо андеша, сухан, рафтор ва амали худ возеҳан нишон доданд, ки маҳз, танҳо ва танҳо ҳамин шахс қодир аст, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда ва умуман тақдири давлату миллатро бар дӯши худ гирад. Мардуми хирадманду солеҳ ба Сарвари сиёсии давлати худ бовар карданд ва раванди минбаъдаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ гувоҳ аст, ки Пешвои миллат бо фидокориҳои худ эътимоди мардумро бароварда сохт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорияшон ҳалли қазияро дар муколама, мусолиҳа ва гузашту авф медиданд. То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, дар давоми ҳашт даври музокирот бо мухолифин 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯрии ғайрирасмӣ доир гардиданд. Дар паси ин арқоми оморӣ чи қадар заҳмату талош, донишу маҳорат, сарфиёти моддию маънавӣ ва корҳои ташкилӣ меистанд.
Дар радифи андешидани чораҳои муассир ҷиҳати истиқрори сулҳу созгории миллӣ давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, сохт ва рукнҳои давлатдориро барқарор ва мустаҳкам гардонда, таҷдиди конститутсиониро ба вуҷуд оварда, соҳаҳои иқтисодиётро аз таназзул боздошта, иҷтимоиёт ва ҳаёти маънавии мардумро беҳбудӣ бахшид.
Сохтмони роҳу пулҳо, фурудгоҳу неругоҳҳо, мактабу қасрҳои фарҳанг, беморхонаю меҳмонхонаҳо, васеъ намудани заминҳои кишт ва ба мардум тақсим намудани замин, дастгирии табақаҳои ниёзманд, баргузор намудани равобити дипломатӣ бо давлатҳои дигар, шомил шудан ба созмонҳои муътабари байналмилалӣ ва иқдомҳои дигари саривақтӣ таҳкурсии сулҳу ваҳдатро мустаҳкам намуданд. Маҳз ин ва дигар фаъолиятҳои густурда дар баробари гуфтушуниду музокирот ва бартар аз ҳама ҷоннисориҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид.
Дар ин раванд чандин муроҷиатномаҳои Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон ва мухолифину дигар неруҳо садо доданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат махсус ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ муроҷиатҳо карданд ва дар яке аз онҳо мушаххасан мавқеи Ҳукуматро нисбат ба вилоят ва сокинони он чунин муайян карда буданд: "Ба ҳеҷ кас ҳуқуқ дода нашудааст ва халқ низ ҳеҷ гоҳ чунин ҳуқуқ намедиҳад, ки ба ин диёр касе бо чашми кам нигарад. Мардуми шарифи вилоят дилпур буда метавонанд, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҷустуҷӯйи беҳтар кардани аҳволи онҳо мебошад". Ин суханон дар он лаҳзаҳои вазнин хеле муҳим ва умедворкунанда буданд.
Сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, дипломатияи оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт самараи хуб ба бор овард. Дар муддати кӯтоҳ суботи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид.
Ваҳдати комили миллӣ имконият дод, ки пойдевори истиқлолият мустаҳкам гардида, Тоҷикистони азизи мо, дар марҳалаи кӯтоҳтарин, мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро ҳаллу фасл намуда, ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пойдор ва устувор созад.
Имрӯз бо сарфарозиву ифтихори комил қайд кардан ба маврид аст, ки 28 сол қабл ба вуқуъ пайвастани ин воқеаи сарнавиштсоз, ки таҳти роҳбарии меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми сулҳпарвару созанда ва ободкори тоҷик амалӣ гашт, чун таҷрибаи нодир барои ҳалли низоъҳои ҷаҳони пурошӯби имрӯза, хизмат намуда истодааст.
«Ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба дастоварди сулҳи тоҷикон ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор намудани он роҳ надиҳад», таъкид менамоянд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз назари коршиносони масоили сиёсию иҷтимоӣ Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокии худ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба кишварамон мустақилият ва соҳибихтиёрӣ фароҳам оварда бошад, Созишнома барои эмин нигоҳ доштани пойдевори мустақилияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон заминаи устувору воқеӣ гузошт. Он барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки сокинону зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар он солҳои мудҳиш хисороти калони моддию маънавӣ бардоштанд. Садҳо нафар зодагони Бадахшон, ки дар минтақаҳои даргир кору зиндагӣ мекарданд ҷонашонро аз даст доданд, беш аз 100 ҳазор нафар ба зодгоҳи бумӣ фирорӣ гаштанд.
Дар чунин давраи вазнин Роҳбари тозаинтихоби давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи васоити ахбори омма ба мардуми шарифи Бадахшон чандин бор муроҷиат намуда, онҳоро умедвор карданд, ки баҳри ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, аз он ҷумла дар ин гӯшаи Ватан шабу рӯз заҳмат хоҳанд кашид.
Дар он рӯзҳои душвор гурӯҳҳои корӣ бо супориши Роҳбари давлат ба вилоят сафарбар шуда, то ҷое барои паст кардани шиддати вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуданд.
Ба вазъияти басо мураккаб нигоҳ накарда, моҳи июни соли 1993 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба Бадахшон ташриф оварданд ва маҳз баъди ин сафар заминаи рушду тараққиёти вилоят гузошта шуд.
Сарвари давлат бо фаъолон мулоқот намуда, иброз доштанд: «Ман аминам, ки шумо Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва сайёҳии байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан, кумаки зарурии худро расонад».
Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳамасола ба шаҳру навоҳии вилоят сафар намуда, дар доираи ин сафарҳо нақша-чорабиниҳои мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ таҳияю қабул гардида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми чораҳо андешида мешуданд.
Дар доираи амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун, ки дар 28 соли таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҳудуди вилоят роҳандозӣ шуданд, комёбиҳои бузург ба даст омаданд.
Ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат ба даст оварда шуд, имкон фароҳам овард, ки бонувони кишвар баробари мардон номуси ватандорию ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат кор карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи хеш дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузошта истодаанд.
Ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ мебошанд, ки маҳз бо талошҳои хастанопазир ва ватанпарастию миллатдӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату пайкори миллати шарифи тоҷик мебошанд.
Зимнан бояд гуфт, ки Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар радифи дигар ҷашнҳои муқаддас бо моҳияти ободкорию созандагиаш фарқ мекунад. Агар суботу оромӣ набошад, ҳамдигарфаҳмию ваҳдати иҷтимоӣ набошад, бобати ободию созандагӣ наметавон андеша ронд.
Солҳо пайи ҳам мегузаранду наслҳои нав зиндагии тозатару гуворотареро бунёд мегузоранд. Дар ин маврид, ҳар як фарди тоҷикистонӣ зимни омӯзиши таърихи Ватани худ вазъи солҳои 90-уми асри ХХ-ро дар тарозуи ақл бармекашад ва аз он хулосаи зарурӣ хоҳад баровард. Бале, ҳамеша дар ёд дошт, ки истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ бо душвориҳои зиёд насибамон гардид. Сабақҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ водор менамоянд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар сартосари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт намоем.
Бигзор Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан поянда бошанд!
Алишер Мирзонабот Худобердӣ,
раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
узви МаҷлисимиллииМаҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо
