Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Роҳи дустӣ
Сиёсат / СлайдерШабонгоҳ ҳавопаймои Душанбе-Бишкек фазои пойтахти азизро давр зад. Аз баландӣ ба Душанбеи чароғону пурнур менигараму эҳсоси ифтихору ватандорӣ боло мегирад. Суханони шиоргаштаи «Дӯст бошед, иттифоқ бошед. Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!» - и Пешвои муаззами миллат ба гӯшам садо медиҳад. Ин ҳидоят бо вусъати як ҷаҳон маънӣ масъулиятамро дар ин сафар меафзояд. Хуб дарк менамоям, ки дар ин сафар ҳайат як рисолат дорад - тақвияти ДӮСТӢ!
Ин сафар ба иродаи сиёсӣ ва ибтикороти наҷиби роҳбарони ду давлати ҳамсояву дӯст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рабт дорад. Идеяи баргузории он зимни сафари кории Пешвои муаззами мо дар моҳи марти соли 2025 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон садо дода буд, ки аз ҷониби сарварони ду давлат хуш пазируфта шуд.
Рӯйи олам дидан, одам дидан аст!
Санаи 24-уми июли соли равон як гурӯҳ журналистони ВАО-идавлативу хусусӣ, аз ҷумла намояндагони «Бонувони Тоҷикистон» барои табодули таҷриба, баҳравар гардидан аз дастовардҳои ҳамдигарӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ ва муносибатҳои дӯстона ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Ҳайати даста аз 24 нафар: хабарнигорон, муҳаррирон, сармуҳаррирон, коршиносони масоили сиёсӣ, наворбардорон иборат буд.
Намояндагони ВАО-и Тоҷикистонро дар толори ВИП-и фурудгоҳи «Манас» намояндагони расмӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Хадамоти матбуоти Президент, роҳбарон ва намояндагони ВАО-и ин давлат пазироӣ намуданд.
Он шом меҳмонхонаи зебои «Ambassador» дар маркази шаҳри Бишкек бароямон оғӯш кушод. Калом танҳо аз меҳру дӯстӣ буд. Ҳампешагон ва дар умум мардуми қирғизро мисли тоҷикон меҳмондору меҳмоннавоз дарёфтем.
«Кабар» ва «Ала-тоо 24»
Рӯзи дигар аз Оҷонсии миллӣ-иттилоотии «Кабар», ки аз калонтарин агентии хабарпарокании Ҷумҳурии Қирғизистон ҳисобида мешавад, дидан кардем. ОИ «Кабар» ҳамарӯза бо шаш забон хабару гузориш омода ва паҳн менамудааст.
Шабакаи телевизионии «Ала-Тоо 24» аз шабакаҳои телевизионии маъруфи Қирғизистон аст, ки шабонарӯзӣ аз воқеоти дохилу хориҷ маълумот пахш месозад. Шарафи ошноӣ бо хабарнигорону ровиёни шинохтаи «Ала-Тоо 24» зимни боздид аз ин даргоҳи эҷодӣ моро ҳам насиб гашт. Аз рӯйи мушоҳидаҳоямон соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон рушд кардааст. Мардуми ин кишвар барои ҷалби бештари сайёҳон аз тамоми имконоти табиӣ ва фарҳангии доштаашон истифода менамоянд.
«Ала-Арча»
Ҳайати Тоҷикистонро барои тамошо ба мавзеи Боғи миллии «Ала-Арча» бурданд, ки бо табиати зебою сабз, арчаҳои ҳамешасабз шабеҳи доманакӯҳҳои Шаҳристон, Ховалинг ва Варзоби Тоҷикистон аст. Чанд соли пеш, баробари моликияти давлат эълон шудани ин мавзеъ, давлат бо дуруст кардани инфрасохтор нахуст оташафрӯзӣ ва дуюм партофтани ҳама намуди партовро дар ин макон қатъиян манъ эълон кард.
Ҷолибияти ин маконро осорхонаи даромадгоҳи «Ала-Арча» афзун менамояд, ки намунаҳо аз олами набототу ҳайвонот, парандаву хазандаи ин мавзеъ он ҷо ба намоиш гузошта шудаанд.
Хонаҳои муосири чӯбӣ, муҷаҳҳазу муосири поёнбағали кӯҳ макони истироҳату зисти сайёҳони дохиливу хориҷист. Тарабхонаи оинабандие бо номи «Ала-Арча» дар баландӣ зебоиҳои ин маконро мисле, ки дар кафи даст мегузорад.
«Иссиқ-Кӯл»
Тобистон дар Қирғизистон мавсими сайёҳист. Роҳи Бишкек-Чолпон-Ата аз ду ҷониб хеле серҳаракат аст. Сабукравҳо, автобусҳо ва микроавтусҳо дар хидмати сайёҳон. Роҳ ҳамвор, ҳаво серуну тоза ҳамроҳи дӯстони тоҷику қирғиз сурудхонон чи гуна роҳи 4-соатаро кӯтоҳ карданамонро нафаҳмида мондем. Дӯстони қирғизи мо сурудҳои тоҷикиро хуб замзама мекарданд.
Пас аз ҷобаҷошавӣ дар ҳуҷраҳои барҳаво (бонувон дар виллаи алоҳида)-и меҳмонхонаи боҳашамати «Baytur» намояндагони ВАО-ро барои истеъмоли ғизои шом дар айвони тарабхонаи «Da Vinci» хонданд. Шоми фараҳноки фарҳангиву суҳбатҳои дӯстона оғоз шуд ва то як поси шаб идома ёфт…
«Кырчын»
Дараи зебо, ки дар доманаш тамошогоҳе зери осмони кабуд бунёд кардаанд. Ҳамсоягони мо ин ҷо маданияту фарҳанги кӯчии худро бо ифтихор ва сарафрозӣ ба сайёҳон ва насли ҷавони худ ба намоиш мегузоранд. «Кырчын» макони баргузории бозиҳои миллии қирғизӣ ва варзиши машҳури «Бозиҳои кӯчиён» низ маҳсуб меёбад. Барномаи таҳиянамудаи дӯстони қирғиз дар хусуси расму русуми мардумони кӯчманчӣ: аспдавонӣ, найзаандозию шикор, ромсозии парандагони тезчангол, юртаороӣ маълумот медод. Ҳайатро ин ҷо роҳбари Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскат Алагозов роҳнамоӣ мекард.
«Рух-Ордо»
Маркази фарҳангӣ ё осорхона дар ҳавои кушод, ки дар соҳили «Иссиқ-Кӯл» ҷойгир шудааст. Нуктаи ҷолиби ин макон ҳайкалҳои хурду азими қаҳрамонони миллӣ ва адабиёту фарҳангашон буд, ки дар хусуси ҳар яке роҳбалад иттилоъ пешниҳод менамуд. Роҳнамои ҷавон дар хусуси динҳои ҷаҳонӣ, таъриху адабиёти мардуми қирғиз бомаҳорат ҳарф зада, порае аз эпоси «Манас»- ро ҷаззоб қироат кард.
Шоми дӯстӣ
Рӯзи охири сафар дӯстони қирғиз моро сари хони идона ба Қароргоҳи давлатии №2 даъват намуданд. Он рӯз барои ҳайати меҳмонон аз Тоҷикистон хаймаи сафеди азиме густурда ва хони ороста бо ғизоҳои миллӣ, аз ҷумла, бешбармаку бӯғурсоқ пероста гардид. Ансамбли миллии Қирғизистон бо ҳунармандони шинохта дар хидмати меҳмонон қарор дошт. Дар баробари сурудҳои милливу этнографӣ ва муосири қирғизӣ, рақсу сурудҳои тоҷикӣ сақфро мешикофт.
Пайғоми сабзи ин шом ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар шаҳри Чолпон-Ато ва маҳз дар Қароргоҳи давлатӣ буд, ки он лаҳзаҳо эҳсоси масъудӣ ҳайати Тоҷикистонро фарогир буд. Мо хуб медонем, ки ҳар ҷо Пешвои муаззами миллат по мениҳанд, файзу саодат, дӯстиву ваҳдат гул мекунад!
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Бишкек-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
