БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ИШҚИ ИСТИҚЛОЛ

Сиёсат

Онро оғоз ҳасту анҷом не

Замоне, ки кишвари азизамон соҳибистиқлол гардид, 10-сола будам. Дар дабистони деҳа барқосо мужда дар ин боб паҳн шуд. Тавассути радио эълон гардид, ки «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 -уми августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». 

         Буҳрони нави мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат Президенти аз тариқи интихоботи умумихалқӣ интихобшударо аз сари қудрат дур сохт ва ҳам боиси чанд муддат бекор кардани ин падидаи конститутсионӣ ва ба ҷойи он ҷорӣ намудани идоракунии парлумонӣ шуд. Маълум гардид, ки истиқлоли давлатӣ танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Бинобар саҳлангории масъулин барои пойдории истиқлол ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намоянд, тадбирандешӣ нашуд. Дар ин замина, барои шаклгирии истиқлоли давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангие, ки бояд амалӣ мешуданд, ба таъхир афтоданд.

Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони соҳибистиқлолӣ имкони мавҷударо аз даст дода, вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳалаи сарнавиштсоз дуруст муайян карда натавонистанд. Ин ҳама боиси буҳрони ҳокимият ва муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ гардида, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид…

Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишу ҳаракатҳое ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ баромаданд, ки бо ташвиқу ҳидояти онҳо ошӯбу эътироз ва майдоннишиниҳо дар пойтахт ҳамчун падидаи нави сиёсӣ дар таърихи кишвар ба вуқуъ пайвастанд. Гурӯҳҳои сиёсӣ бо барномаҳои мухталиф ба майдон омаданд, ки бештарашон дар хориҷи кишвар тарҳрезӣ гашта буданд. Арзишҳои динӣ, мазҳабӣ, псевдодемократияи таҳмилшуда бо шиорҳои «озодӣ», «ошкорбаёнӣ» мағзи мардумро таҳрик медоданд. Вале ҳама як ҳадаф дошт: ба даст гирифтани лаҷоми қудрат.

Моҳи майи соли 1992 бо талаби неруҳои мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ба фаъолият оғоз намуд, вале ба иллати шомил гардидани шахсони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ба ҳайати он ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мураккаб ва вазъият боз ҳам ноором гашт.

      ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Истиқлоли давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Он моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз вартаи фано раҳо кард. Баъд аз ҳазору сад сол давлати бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намударо, ки тоифае бо мансабталошӣ ба ҳолати нестшавӣ оварданд, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳдои Худованд эмин нигоҳ доштанд.

Шояд ҳоло барои баъзе нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ боварнокарданист, вале дар он замон шахсе пайдо нашуд, ки зимоми идораи давлатро бар дӯш гирифта, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти давлатсозӣ ва давлатдориро ба зиммаи Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.

Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз дорад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Муҳим он аст, ки Пешвои миллат идеяҳои беназир ва пурмоҳиятро амалӣ намуда, шаҳрвандонро дар атрофашон муттаҳидтар намуданд. Сохтмони иншооти бузурги аср, аз ҷумла НБО «Роғун», шаҳодати ин гуфта аст. Ҳар тасмиме, ки ин Абармард барои пешрафти давлату миллат гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин намуд.

     ДАРКУАРҶГУЗОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Масъалаҳои марбут ба назария ва амалияи истиқлоли давлатӣ дар асарҳо, паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳваранд ва онҳо хосияти консептуалӣ дошта, мазмуну моҳияти соҳибихтиёриро бозгӯӣ кардаанд. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки маҳз суханони пурмоҳияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шарҳу тавзеҳи моҳияти истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ба ақидаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад».

17-уми июли соли равон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла гуфтанд, ки барои мо ду иди муқаддас – Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯз вуҷуд дорад. Ҳамзамон, дастур доданд ин идҳо ба ғайр аз сатҳи давлативу маҳал, дар ҳар хонавода бо шукӯҳу ҷалол таҷлил шавад. Омили мазкур бори дигар манзалати бениҳоят баланди Ҷашни Истиқлоли давлатиро ба маъраз гузошт…

Агар ба тадбирандешиҳо ҷиҳати таҳкими истиқлолияти давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътирофшуда - ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад. Дар робита ба усули ҳарбии таҳкими истиқлолияти давлатӣ месазад аз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият ва яке аз дастовардҳои муҳимтарин мебошанд, ёд оварем.

Усули дуюми таҳкими истиқлолияти давлатӣ - маънавӣ, ки дар давлатсозиву давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мадди назар аст, аз бедор кардани эҳсоси ватандорӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маншаъ мегирад. Ҷавҳари ин иқдомро беш аз пеш ошно намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, дин ва анъанаи миллӣ ташкил медиҳад.

Минбаъд ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шахсияти фавқулода, бо назардошти махсусияту мушкилоти ҷомеа ҳадафҳои дигари стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуданд. Муҳим он аст, ки ҳадафҳои зикршуда бо ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, моҳиятан ва мантиқан силсила мебошанд.

Омили мазкур исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш мекунанд, ки зимни тасмимгирӣ вобаста ба дилхоҳ масъала тавозуни манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ риоя гардида, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебнопазир бошанд…

                                                   Далер АБДУЛЛО,

                                                 номзади илмҳои сиёсӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон