БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Парчам, яъне Тоҷикистон!

Сиёсат / Слайдер

Дар зиндагии ҳар миллат ҳастанд рӯзҳое, ки на танҳо саҳифаи нав дар куҳанкитоби таърих мекушоянд, балки оғози як давраи тамоман дигарро маънӣ медиҳанд. Барои тоҷикон чунин айём, бешак, моҳи ноябри соли 1992 маҳсуб меёбад. Он рӯзҳоест, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он Иҷлосия на танҳо ба таври расмӣ роҳҳои ҳалли буҳрони сиёсиву ҳарбии кишварро дар он солҳо пайдо кард, балки бо қабул намудани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ва Нишон, ба миллати тоҷик руҳи нав, эътимод ва умед ба ояндаи неку дурахшон бахшид.

Ин ҳам дар замоне, ки кишвар дар гирдоби ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии сиёсӣ ва фурӯпошии пояҳои давлатдорӣ қарор дошт ва бархе интизор дошт, ки Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида, аз байн меравад. Аммо Иҷлосияи XVI ба як навъ нуқтаи гардиш табдил ёфта, хостаҳои бадхоҳонро ба бод дод.

Ин таърихи хос аст. Аз ҷумла, вақте дар ҷаласаи рӯзи 24-уми ноябр, вакилон лоиҳаҳои як қатор қонунҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатӣ» - ро баррасӣ ва қабул карданд.

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳое қабул шуданд, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекарданд, руҳияву шинохти мардуми сайёраро дар бораи ин кишвари аз ҷиҳати сиёсӣ навтаъсис, аммо пурмушкил, дигар намуданд.

Вақте натиҷаи овоздиҳӣ эълон шуд, вакилон аз ҷой бархоста, бо қарсакҳои пурмавҷ ин рӯйдоди таърихиро истиқбол гирифтанд. Ин аллакай садои сулҳу шодӣ буд, ки нидои «Ман ба шумо сулҳ меорам!» - и Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро қавитар мегардонд.

       Дар ҳамон Иҷлосияи таърихӣ Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафтанд, бо эҳсоси амиқ вакилон ва мардуми Тоҷикистонро табрик намуда, гуфтанд:

      «Имрӯз рӯзи махсус аст, зеро сарварони силоҳбадасти ду ҷониб бо даъвати шумо дар толор ҳузур доранд…».

         Ин рухдод авҷи таърихиеро мемонд, ки аз сулҳи деринтизор паёми хос медод. Пас аз ин сухан, дар ҳақиқат намояндагони ду ҷониб бо руҳияи гузашт ва орзуи сулҳу осоиш сухан ронданд. Аммо лаҳзаи эҳсосбарангез дигар буд. Вақте ки онҳо зери чапакзании пурмавҷи толор ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд, барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун оғози оштӣ ва ваҳдати миллӣ эҳсос шуд. Бештар аз ин, маълум гашт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи наозмуда надоранд, ҳар ваъдае медиҳанд, дар заминаи талошҳо ва дурандешии як Пешво мегӯянд.

 

      Воқеан, пас аз қабули расмӣ, аввалин намунаи Парчами давлатии Тоҷикистон бо супориши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода шуд, ки андозаи он 145 ба 85 сантиметр буд. Ба ҳеҷ ваҷҳ он лаҳзаҳои таърихӣ аз ёди мардум зудуда нахоҳанд шуд. Махсусан, вақте ки Раиси Шурои Олӣ бо хушҳолӣ гуфтанд:

       «Дӯстони гиромӣ! Ин дақиқаҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ қабул намудем, тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад».

            Баъдан, аз минбар поён шуда, Парчами давлатиро бӯсида, ба дида молиданд. Ин амале буд, ки на танҳо як ҷаҳон самимиятро дар худ дошт, балки Сарвари як давлатро дар пеши мардум ба гунаи дигар нишон медод, зеро халқи Тоҷикистон дар хотир надошт, ки ягон вақт кадом роҳбар Парчами кишварашро бӯсида бошад. Барои ҳамин, ин амалкардро кори як Пешво ва ҳамчун рамзе аз эҳтиром ва муҳаббати беандоза ба давлати тозабунёд фаҳмиданд. Дар натиҷа, ин саҳна ашки шодии тамоми мардуми Тоҷикистонро, ки ин лаҳзаҳоро аз пардаи телевизион медиданд, ба бор овард. Баъд аз ӯ роҳбарони ҳар ду ҷониб, намояндагони вакилон аз се вилоят, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, шахсиятҳои маъруфи давр низ Парчамро бӯсида, ба дидаҳо молиданд.

         Воқеан, ногуфта намонад, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Парчами Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд таҳия гардид, моҳи июни соли 2007 ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуд. Ин маънои онро дорад, ки арзиши Парчам танҳо дар матоъ ё рангҳои он нест. Он дар худ як таърихи зинда дорад, таърихи як миллати аз нав эҳёшуда:

         Сурх - нишони шуҷоат ва муборизаи халқ барои озодӣ,

         Сафед - рамзи покӣ, сулҳ ва ниятҳои нек,

        Сабз - рамзи ҳаёт, зироат ва эҳёгарии миллат.

    Дар миёнаи он тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора, ки ба иттиҳоди миллат, ба ормони давлатдории тоҷикон ва ба ҳафт ганҷи фарҳангии мо ишора мекунанд, ҷой доранд.

          Масарратбахш аст, ки соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами 165-метрии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он вақт баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Бо гузашти солҳо кишварҳои дигар парчамҳои баландтар сохтанд, аммо баландтарин эҳсос, яъне ифтихори тоҷикон аз ин рамзи муқаддас, ҳанӯз рақиби ба худ мувофиқ пайдо накардааст.

           Аз ин ҷост, ки ҳоло Парчами давлатии Тоҷикистон на  танҳо дар муассисаҳои расмӣ, балки дар хонаҳои мардум, дар мактабҳо, дар барномаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ ба назар мерасад. Ин худ як тағйироти бузурги иҷтимоӣ ва фикрӣ аст. Агар дар солҳои аввали истиқлол мардум рамзҳои давлатиро танҳо ҳамчун нишонаҳои расмӣ мешинохтанд, имрӯз онҳо ин рамзҳоро қисме аз ҳувияти миллӣ медонанд. Варзишгарони тоҷик, вақте дар арсаи ҷаҳонӣ пирӯз мешаванд, аввалин коре, ки анҷом медиҳанд, ин Парчами Тоҷикистонро боло барафрохтан аст. Гӯё он лаҳзаҳо доштану боло афрохтани Парчам барояшон як савганде ба ин мазмун аст: «Ин ғалаба барои Тоҷикистон мебошад!»

            Дар асл, ҳар парчам рисолати хоси худро дорад. Барои кишварҳои бузург он рамзи қудрат аст, барои кишварҳои нав — нишони истиқлол. Аммо барои Тоҷикистон, ки роҳи душвору пур аз имтиҳонро аз сар гузаронд, Парчами мо рамзи зиндагӣ ва муттаҳидшавии миллат аст, зеро қабули Парчам моро ба он рӯзҳои сангин бармегардонад, ки миллат аз парокандагӣ ба ваҳдат расид. Ёде аз он рӯзҳо мекунанд, ки ашки модарон бо умеди сулҳ рехта мешуд ва акнун, ки кӯдакон бо шодиву ифтихор дар мактабу кӯдакистон сухан аз Парчам мегӯянд.

            Ҳоло, вақте Парчами баланди Тоҷикистонро парафшон мебинем, гӯё садои ҳамон Иҷлосияи тақдирсоз аз Қасри Арбоб мутантан ба гӯш мерасад: «Ин дақиқаҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад!»

         Ҳамин аст рисолати аслии Парчам, яъне муттаҳид сохтани дилҳо, ҳифзи ваҳдат ва бедор кардани ифтихори миллӣ. Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон талош доранд дар ҳар шаҳру ноҳия ва деҳаҳои калони кишвар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд ва парафшон гардаду шахсан худашон дар ифтитоҳи ин рӯйдоди таърихӣ ширкат варзанд…

         Хулоса, Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо рамзи давлатдории навин, балки шоҳиди зиндаи сулҳ ва бародарию баробарии тоҷикистониён аст. Он аз майдони Қасри Арбоб оғоз шуда, то баландтарин нуқтаҳои ҷаҳон расид, ҳам ба маънои рамзӣ ва ҳам воқеӣ. Имрӯз, вақте мо ба Парчами миллат менигарем, бояд на  танҳо зебоии рангҳояшро бинем, балки маънои таърихии онро низ эҳсос намоем: Яъне, Парчам ин ваҳдат аст, сулҳ аст, истиқлол аст! Парчам ин Тоҷикистон аст!

                                                               ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон