БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – феномени сиёсӣ ва таърихӣ

Сиёсат / Слайдер

  Суҳбати ихтисосии муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Гулноза БОБОМУРОДОВА дар мавзуи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби сиёсӣЭмомалӣРаҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ: таъсис, ташаккул, рушд ва имиҷсозию муаррифии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода

 

- Биёед барои ҷомеа шарҳ диҳем, ки Рӯзи Президент чӣ гуна рӯз аст?

- 16-уми ноябри соли 1994 муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон аз ҷониби халқ бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз соли 2016 бо қарори Парлумони кишвар ин рӯз чун Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои вазнин, баъди муқовиматҳои шаҳрвандӣояндаи Тоҷикистон равшан ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интихоботи шаффофу демократӣмуайян гардид. 

Муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон баъдан дар анҷоми давлатсозию давлатдорӣборҳо бо амал собит сохтанд, ки воқеан шоиставу арзандаи ин мақоманд. Пешниҳоди эълони Пешвои миллат ҳам бо ташаббуси сокинони кишвар аз забони зиёиён садо дод. Ин маънои онро дорад, ки воқеан Президент аз байни халқ бархост, бар манофеи мардум хидмат кард ва мардумист.

Мо мегӯем Президент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллист, воқеан чунин ҳам ҳаст. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Сарвари давлат, сарфи назар аз хавфу хатар барои мулоқот бо мардум, гурезаҳо ба Афғонистон рафтанд. Талош намуданд, то охирин гурезаи иҷборӣба Ватан баргардад. Дар дунё зиёданд давлатҳое, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо дастёб нагаштаанд. Бигирем Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайраро.

Вохӯрӣ бо роҳбарони мухолифин, сари мизи гуфтушунид бо рақиб нишастан, аз суиқасдҳо ҷон ба саломат бурдан кори осон набуд. Дар муддати бисёр кӯтоҳ назди таърих дастёбӣба сулҳ дар Тоҷикистони аз нигоҳи иқтисодӣзаиф ва расидан ба оромиву рушди иқтисод, воқеан, аз шумули воқеоти камназир аст.

Рӯзи Президент ба мо эҳсоси эътимод ба худро, ки соҳибдавлатем, марзу ҳудуд, забон дорем, Сарвару Пешвою Президент дорем, ки Тоҷикистонро ба самти пеш мебаранд, медиҳад.

Дар синни 40-солагӣинтихоб шудани Сарвари давлате, ки дар коми оташ аст ва баъдан барои хизматҳои шоён Пешвои миллат баргузида шудан, кори саҳлу содае нест, махсусият ва харизмае, ки ЭмомалӣРаҳмонро чун феномен муаррифӣсохт, дар чӣзоҳир мегардад?

- Воқеан, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон чун шахсияти сиёсӣфеноменанд. Дар шароите, ки мехостанд моро ба Афғонистони дигар бадал созанд, маҳз Пешво буданд, ки давлатро сипар гардида, аз варта раҳонданд. Президент оташи кинро хомӯш намуда, ба эъмори давлати дунявӣпардохтанд. Масъалаи илму маориф, озодиву рушди духтарону занонро дар ҷойи аввал гузоштанд ва гуфтанд: «Асоси пешрафти ҳар давлат аз занону модарон сарчашма мегирад. Чи қадар занон дар ҷомеа пешрафтаву бомаърифат бошанд, ҳамон қадар Тоҷикистон пешрафт мекунад». Ҳар боре ба ин мавзуъ назар меандозам, ихлосу эътимодам ба жарфназариву дурбинии Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон меафзояд.

Дар даврони басо сангини иқтисодӣва сиёсӣаз ҷониби Президенти навинтихобшуда роҳи рушд ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Роҳбари давлат дақиқу мушаххас роҳу самтҳоро муқаррар намуданд. Аз рӯи барномаву стратегияи муайяннамудаи Сарвари давлат Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи иқтисодӣаз бунбасти коммуникатсионӣраҳо ёфту ба давлати транзитӣбадал шуд. Муттаҳидсозии минтақаҳо бо марказ имконпазир гашт. Ин исботи амалии ҳокимияти ягона ва ваҳдати миллӣбуд. Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ, хатҳои нави интиқоли неруи барқ, таъмини вилоятҳо: Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣбо барқ оғоз гардид ва тадриҷан кишвар ба истиқлоли энергетикӣрасид.

Ҳоло мо бо тамоми ҳастӣбо саъю ҷадал дар фикри бунёди НБО «Роғун» ҳастем. Дар сурати итмоми корҳои сохтмонӣва бо тамоми иқтидор ба кор даромадани Неругоҳи «Роғун» Тоҷикистон аз назари иқтисодӣба давлати қавӣбадал меёбад. Аллакай давлатҳои зиёде, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣва ғайраҳо барои ҳамкорӣдар соҳаи обу энергетика бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариди «энергияи сабз»-и мо мароқ зоҳир намудаанд, пешниҳоду дархостҳо ироа месозанд.

Дастовардҳои бемисли иқтисоди кишвар бе тардид бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мегиранд ва рушди иқтисод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аст…

Соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣПрезидент таъкид карданд, ки муқовимати шаҳрвандӣ, азҳампошии муносибатҳои иқтисодӣ, фирори мағзҳо, шароити ноустувори молиявӣба он оварда расонданд, ки мо рушди иқтисодро аз сифр шуруъ кардем. Иқтисоди кишвар солҳои аввали давлатсозӣ фалаҷ буд. Сармоягузорону сайёҳон аз тарси ҷон ба Тоҷикистон намеомаданд. Вазъ талаб мекард, ки рӯ ба соҳаи аграрӣ, таъмини озуқа, энергетика, роҳсозӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  орем. Имрӯз зимни таҳлили гузашта, мо, коршиносони соҳаи иқтисод, ба хулосае меоем, ки маҳз ҳамин стратегияи муваффақи Президенти кишвар боиси пешрафти азими самти иқтисоди мамлакат гардид.

Ҳоло Тоҷикистон чун давлати дар ҳоли рушди босуръат мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорон қарор гирифтааст. Дарҳояш мисли иқтисодаш боз аст. Ҳар нафаре хост дар доираи қонун метавонад ояд, самтеро сармоягузорӣнамояд, тиҷоратеро асос гузорад.

Мо дигар роҳҳоямонро ба дунё пайвастем. Нақбҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонӣдар тамоми манотиқи кишвар сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Хоҳишмандон барои истифода аз роҳҳои транзитии Тоҷикистон пайдо шуданд. Сохтмони роҳҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣмусоидат кард. Инфрасохтори сарироҳӣбо ташкили меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаҳо, марказҳои сӯзишворӣба рушди соҳаи савдою тиҷорати кишвар таъсири мусбат расонд.

Имрӯз соҳибкорони мо ба бозори давлатҳои минтақа: Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, ҳатто Федератсияи Россия, Чину Покистон роҳ кушодаанд. Замоне мо сармоягузор мекофтем, ҳоло тоҷикон худ сармоягузори пружаҳои азим дар дунёанд.  

 Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди сиёсати хориҷӣчӣгуна арзёбӣ мекунед?

- Президент ҳамеша таъкид медоранд, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст ва мо ба дилхоҳ гуфтугӯю муколама омодаем. «Тоҷикистон давлати сулҳхоҳ аст», - мегӯянд Сарвари давлат.

Баргузории ҳамоишу конфронс, чорабиниҳои сиёсиву иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ, қабули роҳбарони давлатҳои дунё дар Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тоҷикистон байни давлатҳои сайёра соҳибмавқеъ ва соҳибнуфуз аст. Роҳбарони мамолики хориҷӣПрезиденти Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмонро чун Президенти пешсафу Пешвои минтақа эътироф кардаанд, ба ҳарфаш гӯш медиҳанд.

Дар масъалаҳои оилаву оиладорӣ, занон, тарбияи ҷавонон, танзими ҷашну маросимҳо Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣнамуна аст. Дар ин самт ҳоло Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон аз қавонину санадҳои мо меомӯзанд ва онҳоро ба худ мутобиқ гардонда, ҷорӣменамоянд. Мавзуи занон ва оиларо Сарвари давлати тоҷикон аз рӯзи аввал дар меҳвари фаъолият гузоштанд, ҳамсояҳои мо нав ба ин мавзуъҳо таваҷҷуҳ намуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро мо барвақт қабул намудем, Ӯзбекистон нав онро баррасӣменамояд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин мавзуи амнияти Тоҷикистон аст. Дар ҳамсоядавлати Афғонистон бештар аз 40 сол аст, ҷанг идома дорад. Тоҷикистони имрӯз чун узви фаъоли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣимкон дорад, на танҳо худро ҳимоя намояд, балки дар ҳимояи давлатҳои минтақа саҳим бошад. Тоҷикистон дигар ба давлатҳои ҷангзада ва зарардида аз офатҳои табиӣёриҳои башардӯстона ирсол менамояд. Ин исботи аз нигоҳи сиёсӣва иқтисодӣпурқувват шудани Тоҷикистон аст.

Ибораи «Президенти мардумӣ» дар шакли табиӣаз забони халқ рӯи кор омад ва серистеъмол гашт...

Муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон тақрибан бо Ҳомид Карзай, роҳбари Афғонистон, дар як давра рӯи майдони сиёсат омаданд. Он ҷо ҳам ҷанг буду ин ҷо ҳам. Имрӯз мо дар куҷоему ҳамсояҳо дар чӣшароитанд? Ё Ироқу Сурия, ки дар ормони сулҳу суботанд. ЭмомалӣРаҳмон, воқеан, тавонистанд Тоҷикистонро ба сулҳи комил бирасонанд.

Сатҳи камбизоатии аҳолӣзамоне 70–80 дарсадро ташкил медод. Дар як марҳалаи кӯтоҳ он то 19–20 дарсад поён омад. Зимни сафар ба минтақаҳо Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аз аҳволи мардум бохабар мегарданд. Роҳ, об, барқ, мактаб, шароит ва имконоти он маҳалро барои ташкили корхонаҳои иқтисодӣпурсон мешаванд.

Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, корхонаҳои нав танҳо ба хотири ҷойҳои нави корӣва пешрафти мардуми минтақаҳо равона шудааст. Мегирем як корхонаи «Ҷунтай-Данғара»-ро, ки дар он беш аз ҳазору панҷсад зан ҷойи кор пайдо намуд. Чунин корхонаҳо дар миқёси кишвар садҳо адад сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

 Вақте духтарон дар минтақаи Рашт дар фурудгоҳ ба назди Президент меоянду хостори идомаи таҳсил ва илмомӯзӣ  мегарданд, ин нишонаи мардумӣбудани Президент аст. Дар суҳбатҳои хоса зиёд мешунавем, ки мардум мегӯянд: «Президенти мо ЭмомалӣРаҳмон аст. Барои мо ӯ лозим аст».

Истилоҳи «Президенти мардумӣ» ҳам дар шакли табиӣ, чун рамзи эҳтироми комил ба хотири заҳматҳои зиёд, азхудгузаштанҳо, умрро ба манфиати халқу давлат бахшидани муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, аз забони омма садо дод.

 Фикр мекунед, Сарвари давлат Рӯзи Президентро чӣгуна истиқбол мегиранд?  

- Албатта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Рӯз чун анъанаи тоҷикӣмеҳмононро қабул менамоянд. Ба унвонашон зангҳои телефонӣ, барқияҳои шодбошӣ, номаҳои табрикии зиёд мерасанд. Бовар аст, ки ин Рӯзи муфарраҳро дар иҳотаи пайвандон: ҳамсари азизашон, ки умре дар пастиву баландиҳои зиндагӣдар паҳлуяшон ҳамдаму ҳамрозашон буданд, фарзандоне, ки пайрави корҳои некашон ҳастанд, набераҳову дӯстон масруру масъуд истиқбол менамоянд.

Ба Сарвари давлатамон дар Рӯзи Президент тани сиҳату саодати хонаводагиро таманно дорем. Сипос барои заҳмату ранҷҳое, ки барои ба саодат расидани миллату давлат кашидаанд.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон