БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуе шоиста дар хизмати давлатӣ

Сиёсат

 Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз нисфи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Яке аз онҳо мудири бахши қабул ва баҳисобгирии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ВМКБ Бегимо Саидбаҳроншоева мебошад. Ҳамарӯза ашхоси касбу кори гуногун ба манзури ҳалли масоили мухталиф ба бахш муроҷиат менамоянду бо табъи болида берун меоянд, зеро кормандони коршинос дар иҷрои хизмати вазифавӣ хушмуомила буда, ба онҳо ҳуқуқҳояшонро мефаҳмонанду маслиҳат медиҳанд.

Дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тайи солҳои фаъолияти Академия зиёда аз 90 кадри болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он таҳсил намуда, дар сохторҳои гуногун фаъолият меварзанд. Бегимо Саидбаҳроншоева яке аз хатмкардагони ҷавони Академия мебошад, ки вазифаи хидматиашро бо салоҳияти баланди касбӣ иҷро менамояду чун кадри муваффақ ва ояндадор аз ӯ ном мебаранд.

Бегимо дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон таваллуд ёфтааст. Деҳа бо ёдгориҳои зиёди бостонӣ аз маконҳои қадимтарини ноҳия ба шумор рафта, дар таълифоти гуногун чун «гаҳвораи зардушт» аз он ёд мешавад. Вай аз хурдӣ ёдгориҳои қадимро наззора мекарду ба омӯзиши осори таърихӣ ва фарҳангии зодгоҳаш дил баста, мехост таърихнигор шавад, вале дониши хуб аз фанни риёзӣ ба интихоби касб таъсир гузошт ва ӯ факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғро интихоб карду онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Фаъолияти касбиашро дар бонк оғоз кард. Шуъбаи кор бо мизоҷони бонк аз мутахассиси ҷавон дар баробари дақиқият дар дахлу харҷи амалиёти бонкӣ, ҳамчунин, малакаи хуби муошират бо одамони касбу кори гуногунро талаб менамуду вай ин қобилиятро доро буд…

Эълони озмуни ҷойи кор дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таваҷҷуҳашро ҷалб намуд. Ҳамкорон ин тасмимашро ҷонибдорӣ накарданд, зеро дар симои корманди доно ва қобил мутахассиси муваффақи бонкдориро медиданд.

Бону Бегимо аз имтиҳон гузашт ва фаъолияташро ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ ва протоколии дастгоҳи раиси вилоят оғоз бахшид. Дақиқият, саводнокӣ, тозакорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ, ки аз рӯзҳои аввали кор зоҳир гардиданд, эътимод ва эҳтиромро ба кадри ҷавон афзуданд. Дар баробари кор, ӯ ба курси такмили ихтисоси касбияти хизматчии давлатӣ ҷалб гардида, донишу таҷрибаи бештар андӯхт. Сипас, ӯро сармутахассиси бахши муроҷиат ва қабули шаҳрвандон таъин намуданд. Таҳсил дар Академияи идоракунӣ барояш мактаби бузурги омӯзиш ва такмили малакаи касбӣ гардид. Инак, чанд сол аст, ки вай бахши қабул ва баҳисобгирии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоятро мудирият мекунад.

 Шаҳрвандон на фақат бо арзу шикоятҳои мухталиф ба қабулгоҳ муроҷиат мекунанду дархостҳояшон зуд ва дар муҳлати муайяншудаи қонун ҳаллу фасл мешаванд, балки барояшон посухи хаттӣ низ ирсол мегардад. Афроди ташаббускор ва беғаразу бетараф кам нестанд, ки мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доранду ба манзури мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои гуногуни фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва вусъати бунёдкориҳо пешниҳоди созанда менамоянд. Рӯзҳои қабул чунин имкониятро барояшон фароҳам сохтаасту пешниҳодҳо ҳатман ба назар гирифта мешаванд, - изҳор медорад мудири шуъба.

Кадри ҷавон дар иҷрои вазифаи хидматиаш масъул, боғайрат ва фаъолу ташаббускор аст. Бидуни интизорӣ ва сари вақт қабул намудани шаҳрвандону қобилияти гӯш додан ба арзу дархосташон ва дар ин асос тавсия додани тарзи дурусти қонунии муроҷиатҳо, қабули муроҷиатҳо ва пас аз баррасиашон аз ҷониби мақоми аввали вилоят аз натиҷаашон посухи хаттӣ додан ба муроҷиаткунандагон аз ҷониби кормандони шуъба бо низом, салоҳият ва сифати баланд ба ҷо оварда мешавад. Дар баробари шаҳрвандон аз идораву муассисаҳои гуногун ба унвони раиси вилоят ҳамарӯза ҳуҷҷат ва асноди зиёд ворид шуда, шуъба дар таъмин намудани робитаи тарафайни расмӣ нақши муҳим дорад.

 Байни ману ҳамсояамон баҳси замин ба вуҷуд омад. Ман ба ҳақ буданам бовар дораму мехостам барои кумак ба ҳалли масъала ба раиси вилоят муроҷиат намоям. Дар шуъбаи қабул маро хуш пазируфтанду ба арзам гӯш доданд. Роҳи қонунии ҳалли масъаларо ба ман фаҳмонданд, - баён дошт сокини солманди деҳаи дурдасти ноҳияи Роштқалъа.

- Соли 2024 соли баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ эълон шуда, барои боз ҳам бештар боло бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолиятамонро густариш медиҳем, - мегӯяд бону Бегимо. Ҳанӯз чанд сол пеш шумораи шаҳрвандоне, ки барои ҳалли хурдтарин масоил, аз ҷанҷоли оилавӣ сар карда, то баҳси замин ба қабулгоҳи раиси вилоят муроҷиат менамуданд, хеле зиёд буд, вале боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боис гардид, ки шумори муроҷиатҳо ба қабулгоҳ кам шуда, акнун аксари шаҳрвандон моҳияти ҷомеаи қонунмандро дарк менамоянд…

Мутахассиси ҷавон Б. Саидбаҳроншоева дар ҷодаи интихобнамудаи хеш - хизмати давлатӣ устуворона қадам мениҳад. Агарчанде ҳамарӯза пуркору серташвиш ҳасту ҳаҷми зиёди коргузориро ба иҷро мерасонад, хаста намешавад, зеро касбашро дӯст медорад. Ба хотири фоидаи молиявӣ ҳаваси муҳоҷир шуданро дар дил намепарвараду ҷойи корашро мисли хонаи худ муқаддас медонад…

Ш. МИРЗОҶАЛОЛ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон