Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Форуми «Занон, сулҳ ва амният» дар Душанбе
Сиёсат25 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Краун Плаза” чорабинии хотимавии Форуми «Занон, сулҳ ва амният» дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он минбари минтақавӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни занони минтақа мебошад. Чорабинӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти солро ҷамъбаст намуда, фазои муносибе барои баррасии дастовардҳо, мушкилот ва муайянсозии қадамҳои минбаъда дар самти татбиқи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният» дар Осиёи Марказиро фароҳам меорад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эҷоди фазои муколамаи стратегии минтақавӣ ва таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати таҳкими нақши занон дар бунёди сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Мавзӯи асосии чорабиниро нақши занон дар таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ, роҳбарии занон дар пешгирии низоъҳо, миёнаравӣ, эътимодсозӣ ва барқарорсозии сулҳ, таҷрибаҳои шахсӣ ва саҳми минтақавӣ, таҷрибаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки амалҳои сулҳофарона намудаанд, кор бо ҷомеаҳои баъди низоъ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез дар бар гирифта, ҳамчунин нақши Рӯзномаи "Занон, сулҳ ва амният", ки дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ҳамгироии омили гендерӣ ба сиёсати амниятӣ ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба масъалаҳои муҳими дигар низ аз қабили иштироки ҷавонон ва занон дар раванди сулҳоварӣ, ҷалби духтарон ба равандҳои қабули қарорҳо, пешбурди фарҳанги сулҳ тавассути таҳсил ва фаъолиятҳои шаҳрвандӣ, маориф ва соҳибкорӣ ҳамчун заминаи дастгирии занони афғон, баррасии ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занони афғон фикру андешаҳои коршиносон шунида шуд.
Дар доираи муколамаи мазкур ба таҳкими ҳамкорӣ тавассути мубодилаи таҷриба, ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, масъалаҳои дастгирии занон, рушди қобилияти онҳо ва ҳамкории минтақавӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Мубодила:
Шарҳҳо










