Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тоҷикистон дар соли 2025 Соли таҳкими давлатдорӣ, кушода шудани марзҳо, оғози марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ва инноватсионӣ
Сиёсат / СлайдерАгар соли пасисаршудаи 2025-умро бо як таъбир хулоса намоем, чунин ифодаро хоҳем дошт: он барои Тоҷикистон соли таҳким ёфтани суботи сиёсӣ, густариши равобити байналмилалӣ, рушди босуръати саноат ва тақвияти нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Дар ин сол бо ташаббусҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои муҳим ноил шуд, ки ҳар кадоми он ба таври мустақим ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз таъмини амнияти энергетикӣ то рушди иқтисоди рақамӣ, иртибот дорад.
Дар соли 2025 Президенти Тоҷикистон мисли солҳои дигар ба тамоми манотиқи мамлакат сафарҳои корӣ анҷом дода, маҷмуи корхонаҳои навро ифтитоҳ намуда, аз рӯзгори мардум аз наздик огаҳ шуданд. Ин сафарҳо, на танҳо хусусияти назоратӣ, балки характери стратегӣ доштанд, зеро ҳар як коргоҳи нав бевосита ба барномаҳои саноатӣ пайваст буда, ҳадафаш зиёд кардани истеҳсолот, ҷойҳои корӣ ва ҳаҷми содирот мебошад.
Дар ин сол Ҳукумати Тоҷикистон идома бахшидани ислоҳот ва таҳкими пояҳои сиёсии ҷомеаро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод. Қабули як қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 10 то 30 фоиз, бидуни шак, ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронда шуд.
Мавзуи дигар, ки аҳамияти стратегӣ дорад, ташкили Агентии назорати давлатии энергетикӣ мебошад. Дар пасманзари тадбирҳои нав дар соҳаи энергетика, Сарвари давлат зарурати танзими қатъии истеъмоли неруи барқ, ҷазои ҷиноятӣ додан ба истифодабарандагони бемасъулияти неруи барқ, масъулияти иҷтимоии аҳолӣ ва соҳибкоронро таъкид намуданд.
Аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар соли 2025 марбут ба интихоби вакилони парлумон буд. Моҳи март дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлисинамояндагон баргузор гардид, ки дар он 6 ҳизби сиёсии кишвар ширкат варзид. Раванди интихобот бо иштироки нозирони байналмилалӣ аз САҲА ва ИДМ сурат гирифт ва ҳамчун як марҳалаи муҳим дар рушди парламентаризми миллӣ арзёбӣ шуд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам дар ҳамин руҳия сурат гирифт ва сиёсатмадори ҷавону таъсиргузор, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дубора Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардид.
Тоҷикистон дар соли 2025 нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиро ба қайд гирифт ва тибқи маълумоти расмӣ, кишвар дар миёни давлатҳои ИДМ аз рӯйи суръати рушди саноат ҷойи аввалро ишғол кард. Ин нишондиҳанда дар асл натиҷаи сиёсати саноатикунонии Президенти ҷумҳурӣ мебошад. Ифтитоҳи шаҳраки нави саноатӣ дар Душанбе, ки дар он се корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор даромад ва бунёди се корхонаи дигар оғоз ёфт, аз қадами навбатӣ дар ин самт шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, ба хатти мусофиркашонии пойтахт 30 электробуси истеҳсоли ватанӣ ворид гардид, ки ба татбиқи сиёсати экологӣ мусоидат мекунад.
Ҳамкориҳои минтақавӣ низ сол ба сол рушд ёфтанд. Аз ҷумла, соҳибкорони вилояти Суғд дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, беш аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошта, ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун таъминкунандаи маҳсулоти экологӣ таҳким бахшиданд.
Аз рухдодҳои муҳими дохилӣ ин ҳам буд, ки бори аввал дар замони истиқлол парвози тайёраҳо ба шаҳру навоҳии дурдаст, аз ҷумла Кӯлоб, Панҷакент, Ванҷ, Ховалинг ва ғайра роҳандозӣ гардид.
Соли 2025 барои Тоҷикистон соли дастовардҳои таърихӣ дар самти сиёсати хориҷӣ низ буд. Ҳалли масъалаи чандинсолаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо имзои Созишномаи давлатӣ оид ба марз яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин созиш на танҳо суботи дуҷонибаро таъмин намуд, балки роҳро барои рушди тиҷорат ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ боз кард. Саҳнаи дипломатии минтақавӣ бо имзои Эъломияи «Дӯстии абадӣ» дар Хуҷанд бо иштироки сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон боз ҳам тақвият ёфт. Ин ҳуҷҷат рамзи суботи устувор дар минтақа арзёбӣ гардид.

Дар соли рафта равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дигар низ густариш ёфт. Аз ҷумла, зимни сафари ҳайатҳои расмӣ бо Эрон имзои 23 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ва ҷамъбасти созишномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 450 млн доллари ИМА анҷом шуд; Россия ва Тоҷикистон дар доираи мулоқоти сарварони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд; дар Душанбе ду саммити бузурги байналмилалӣ баргузор гардид: «Осиёи Марказӣ – Россия» ва вохӯрии раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки нуфузи дипломатии Тоҷикистонро мустаҳкам гардонд.
Суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва даъваташон барои қатъи низоъҳо, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳифзи наслҳои оянда низ нишон дод, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷонибдори субот, сулҳ ва адолати байналмилалӣ муаррифӣ шуд.
Соли 2025 рӯйдодҳои фарҳангӣ ва илмию варзишӣ хеле ғанӣ буданд. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» боз ҳам бештар шуда, акнун ба 23. 5 млн сомонӣ баробар гардид. Бори аввал дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мешавад, ки ба устувории арзишҳои фарҳанги миллӣ равона шудааст. Дар паҳлуи ин, нашри нави «Шоҳнома», ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президент маблағгузорӣ гашта, ба аҳолӣ ройгон паҳн мешавад, иқдомест, ки дастгирии иҷтимоӣ ва тарғиби мероси миллӣ дар сатҳи давлатиро нишон медиҳад.
Тоҷикистон дар ин давра идома додани сиёсати дипломатияи фарҳангиро низ фаъолона пеш бурд. Аз ҷумла, дар Москва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон дар яке аз куҳантарин театрҳои Париж - «Théâtre du Gymnase Marie-Bell» ҳунарнамоӣ карданд. Гуфта мешавад тамошобинони фаронсавӣ бо шавқи зиёд ҳунармандони тоҷикро интизор буданд ва ҳамаи чиптаҳо дар ду ҳафта ба фурӯш рафтанд.
Дар арсаи варзиш низ комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла, дастаи наврасони Тоҷикистон чемпиони Осиёи Марказӣ (CAFA) шуд; варзишгари тоҷик Мунира Абдусаломова ба топ25-и варзиши таэквондо ворид гардид; Мадина Қурбонзода аввалин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» ё «Grand Slam» соҳиби медал шуд. Ҳодисаи муҳими варзишии соли 2025 ин буд, ки нахустин бор дар ҷаҳон бо ташаббуси раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи байналмилалии футбол ҷашн гирифта шуд.
Як хабари фавқулода ин гардид, ки «Фонди Россия оид ба сулҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лев Толстой пешниҳод намуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ба Пешвои миллат тақдим гардид… X Маҳз дар ин сол ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Қарори дахлдор 12- уми июли соли 2025 зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.
Тоҷикистон дар таҳқиқи масъалаҳои амнияти иттилоотӣ низ фаъол буд. Барои ҳамин дар Душанбе бузургтарин конфронси минтақавӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AI Conf 2025 доир шуд, ки дар он беш аз 400 коршинос аз 15 кишвар ширкат варзид. Дар натиҷа 20 санад ва ҳамкорӣ бо маблағи умумии зиёда аз 117 миллион доллари ИМА имзо шуд.
Дар Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» далели равшани сиёсати стратегӣ дар соҳаи технология мебошад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар ҷаҳон дар масъалаи ташаккули сиёсати ҷавобгӯ ба зеҳни сунъӣ фаъолона ширкат варзид ва дар СММ пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро матраҳ кард. Дар баробари ин, лоиҳаҳои калони рақамикунонии мактабҳо бо дастгирии ЮНИСЕФ, инноватсияи Perplexity AI дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо бо ширкатҳои байналмилалии рақамӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон роҳи стратегиро дар ин самт интихоб кардааст…
Дар соли 2025 Тоҷикистон бо офати марбут ба заминларза дар минтақаи Рашт рӯ ба рӯ шуд. Ин офат 94 манзили истиқоматиро пурра ва даҳҳо хонаҳоро қисман хароб кард. Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозӣ фавран оғоз гардида, сохтмони хонаҳои нав барои сокинони зарардида сари вақт анҷом ёфта, ба ниёзмандон тақдим шуд.
Хулоса, соли 2025 барои Тоҷикистон соли муваффақиятҳо буд, ки кишвар дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Ин, бегуфтугӯ, дар заминаи иқдомҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба каф омаданд, ки субот ва рушди устувори давлатро таъмин карданд, робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро тақвият доданд. Ин натиҷаҳо барои соли 2026, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад, имкон медиҳанд, ки кишвар ба марҳалаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона қадам гузорад.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо











