Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зан ва замон
Сиёсат / СлайдерСуҳбати хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода
- Имсол Дар Тоҷикистон ба тасвиб расидани яке аз санадҳои муҳим ва таърихӣ – фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 26 сол пур шуд. Дар ин муддат дар партави ин фармон мақому манзалати занону духтарони тоҷик то чӣ андоза боло рафт?
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз аввали солҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти таҳкими нақши занону духтарон дар иқтисоди миллӣ, ҳамзамон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расондааст.
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин ҳуҷҷати барномавӣ - Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа барои солҳои 1998–2005 тасдиқ гардида, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, бо қарори мазкур замина барои рушду такомули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанўз моҳи марти соли 1991 таъсис ёфта буд, гузошта шуд.
Илова бар ин, аз ҷониби Президенти кишвар бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардондани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3-юми декабри соли 1999 ба имзо расид, ки онро бештари бонувони тоҷик ҳамчун санади ҳуқуқии инқилобӣ пазируфтанд…
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат муайян гардид. Ҳадафҳое, ки дар оғоз Кумита дар назди худ дошт, то кадом андоза иҷро гардиданд?
- Дар шароити бағоят печидаву вазнин, ки он ба давраи оғози барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат рост омад, ҳанўз соли 1998 дар вохўрӣ бо фаъолзанони кишвар ба муқобили ақидаҳои ифротиёне, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта мехостанд занонро аз одитарин ҳуқуқҳояшон маҳрум созанд, ба гурўҳҳо ва қувваҳое, ки майли дар чорчўбаи танги ақибмонӣ нигоҳ доштани занонро доштанд, Тоҷикистон 27-уми декабри соли 1993 аз байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонд. Сарвари давлат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон чунин муроҷиат намуданд: «Метавонед боварии комил дошта бошед, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти афзалияти қонун ва эътирофи арзишҳои умумибашарӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад».
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, бо ҳадафи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ аз рўи аломати ҷинсӣ, тақвияти мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005 қабул гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда заминаи мусоид фароҳам овард.
- Барои ҷалби васеи занону духтарон ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо Кумита чӣ корҳоро сомон додааст?
- Дар радифи амалишавии фармони тақдирсоз Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала қабул ва амалӣ гардида, имрўз соҳаеро наметавон ёфт, ки бонувон дар рушд ва пешрафти он саҳмгузор набошанд.
Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти салоҳиятнокиву сифатҳои касбию кордонӣ то 1-уми марти соли 2000- ум ба вазифаи яке аз муовинони роҳбари вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва саридораю агентиҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ занони фаъол таъин карда шаванд.
Хушбахтона, имрўз занон сафири фавқулода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 4 нафар зан ба симати роҳбари аввали мақомоти марказӣ ва 3 нафар зан ҳамчун раиси шаҳру ноҳияҳо, 83 нафар зан муовини роҳбарони аввали мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда истодаанд. Инчунин, 48 нафар зан ҳамчун раиси ҷамоат ва 99 нафар зан ба ҳайси муовини раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сарбаландона адои вазифа доранд.
Дар баробари ин, аз соли 1997 то соли 2024 аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 27 ҳазору 322 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифта шуд, ки 16 ҳазору 14 нафарро духтарони деҳоти дурдасти кишвар ташкил дод.
Дар соли таҳсили 2024–2025 барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 1 ҳазору 269 Квота ҷудо шуд, ки имрўз 651 нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсили илм намуда истодааст. Кумита бо мақсади ҷалби бештари бонувон соли дуюм аст Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро доир намуда, ҷиҳати тақвияти малакаи касбии онҳо курсҳои омўзишии «Зан-сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон»-ро мунтазам амалӣ менамояд.
- Имрўз теъдоди грантҳо ва ҳаҷми маблағҳои он чӣ қадар боло рафт ва ба сифати зиндагии бонувон чӣ таъсир расонд?
- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2006, №307 аввалин маротиба грантҳои Пре- зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006–2010 таъсис дода шуда, теъдоди грантҳо аз 20 ба 40 ва аз 40 ба 80 адад (ба андозаи ҳар яке аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ) расонда шуда, то соли 2023 маблағи умумӣ ба андозаи 29 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод.
Таҳлили фаъолияти соҳибкории занон нишон дод, ки бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб мегузоранд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2024–2026» қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур дар солҳои 2024–2026 дар маҷмуъ, 60 гранти мазкур барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи як миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд. Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда шуда, дар арафаи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳунармандон туҳфаи арзанда ва муносиб ба ҳисоб меравад.
- Нақши оила дар ташаккули шахсият хеле муҳим аст ва равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеа тақозо менамояд, ки арзишҳои миллӣ дар фарҳанги оиладорӣ нигоҳ дошта шаванд. Дар ин масир чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Бо дарназардошти муҳимияти масъала ва нақши оила дар раванди пешрафти давлату ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ки ҳадафи он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар ин раванд, соли 2015 Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2024 Барно- маи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028 қабул гардиданд, ки сиёсати давлатро дар самти таҳкими пояҳои оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян менамоянд.
Илова бар ин, ворид гардидани як қатор тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла бо мақсади таҳкими солимии аҳолӣ масъалаи манъи никоҳ байни хешовандони наздик ва аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани шахсони никоҳшаванда ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои аъзои оиларо мустаҳкам менамояд.
Бо мақсади пешгирии зўроварӣ дар оила дар назди Кумита фаъолияти Маркази боварӣ бо телефони 221-30-40 роҳандозӣ гардид, ки он ба устувории оилаҳо мусоидат менамояд.
“Бонувони Тоҷикистон”
Мубодила:
Шарҳҳо











