БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зермаъноҳои вожаи Ваҳдат

Сиёсат

  Имрӯз калимаи «ваҳдат» як вожаи барои ҳама фаҳмо, дилчасп, дилнишин, форам ва рӯшан аст. Аз ин ҷост, ки ин мафҳумро акнун бисёр одамон як калимаи одии ба дилашон наздик ва дар суҳбатҳояшон мавриди истифодаи умум мепиндоранд. Агар ҳоло дар кӯчаҳо назарпурсие анҷом диҳему маънии аслии «ваҳдат»-ро пурсон шавем, шояд ҷавонон моро нафаҳманд, мақсади моро дарк насохта, писханд зананд, ки: «Чӣ, моро ҳамин қадар нодон меҳисобед, ки гӯиё ба маънои он сарфаҳм намеравем?».

 

Ва дар посух чандин маънии «ваҳдат»-ро қатор хоҳанд кард.

Бале, хушбахтона, мо ба замоне расидаем, ки барои одамон мафҳуми вожаи муттаҳидсозандаи «ваҳдат» ошкор аст, ба монанди маъниҳои калимаҳои Ватан, модар, сулҳ, озодӣ, дӯстӣ, ишқ, муҳаббат, баробарӣ, бародарӣ…

Аз ин шукр бояд кард. Пас, бо итминон гуфтан мумкин, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи худ расиданд. Яъне, ваҳдатро ба вожаи одӣ дар муносибати байни одамон табдил доданд. Аммо, 32 сол пеш вазъи дигаре доштем. Ҳама аз ваҳдат мегуфт. Ваҳдат он замон ба маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидии мардум аз ҷиҳати фикру ақида, як будани мафкура фаҳмонда мешуду калимаи серистеъмол ба ҳисоб мерафт, вале барои одамони гуногун, ҳатто сиёсатмадорону олимони вақт ташвиқу тарғиби он як муаммоеро мемонд. Гӯиё ҳама ба ҳалли ин муаммо пардохта буданд, вале ҳамагӣ дар ҳалли он ноком мемонданд. Шояд нобасомониҳо ақлҳоро кунд карда буд…

Ногоҳ садое мутантану бо итминон аз Қасри Арбоб садо дод: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».

 

Ин садои Сарвари тозаинтихоби давлат он қадар самимӣ ва боварибахш буд, ки одамонро таҳрик дод, бедор кард. Мағзҳо ба ҷунбиш омаданд, аҳли замона дар бораи ваҳдати миллӣ амиқтар фикр карданро оғозиданд.

Одамонро ҳам фаҳмидан мумкин буд, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба руҳияи мардум, иқтисодиёт, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Касе ба ояндаи Тоҷикистон, ки 35723 хона дар нобасомониҳо вайрон гардида, аз ин миқдор 21740 хона пурра хароб шуда буд, бовар кардан намехост, ки рӯзе диёри тоҷикон боз қомат хоҳад афрохт. Бар илова, дар минтақаҳои даргир тамоми инфрасохтори ҷамъиятию маданӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла китобхонаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва амсоли инҳо ба коми оташ рафтанд. Дар маҷмуъ, хисороти иқтисодии мамлакат беш аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Бадбахтона, ин ҷанги бародаркуш ҷони 150 ҳазор нафарро аз байн бурд, ки дар натиҷа ҳазорҳо зан бе шавҳар, наврасону кӯдакон ятим монданд.

Боз ҳам садои гирои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он шабу рӯз баланд мешуд: «Мо якдигарро мебахшем! Мо миллатамонро соҳибӣ мекунем! Ватанамонро обод мекунем! Бахшидани гуноҳи якдигар бисёр душвор аст. Фақат ҷавонмард метавонад гуноҳи якдигарро бахшад».

Аммо, ин гуна суханони пурмеҳр ва самимӣ ба душманони миллат намефорид. Онҳо бо ҳар роҳу васила иғво меандохтанд ва ахиран муваффақ шуданд, ки беш аз як миллион нафарро аз зодбум гуреза созанд.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» таҳия шуд ва ҳарфи нафарони дар ду соҳили дарёи Ому ҷудошударо ба ҳам мерасонд. Ба мардум ва руҳияи онҳо боз ҳам суханони қотеонаи Эмомалӣ Раҳмон муассир буд: «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором эҳсос намекунам!».

 

Ин ҳарфҳо, албатта, бетаъсир намемонданд, аммо барои одамон самимияти бештар зарур буд, ки он ҳам боз аз забони сиёсатмадори ҷавон, аммо хирадпеша, Эмомалӣ Раҳмон садо дод:

«Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст».

Чун мардум ташнаи сулҳ буданд ва дар симои Роҳбари нави Тоҷикистон ҳомии худро медиданд, ҳар чи зудтар мехостанд ба хонаҳои худ баргарданд. Аммо, мухолифин, ки ин мардумро бо фиребу найранг ба Афғонистон бурда буданд, дар амалӣ шудани он садд мегузоштанд. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо ниятҳои неку сулҳпарварона дошт. Барои ҳамин аз 5-уми апрели соли 1994 бо роҳбарони мухолифин музокироти расмиро оғоз намуда, 17–19-уми майи соли 1995, сарфи назар аз вазъи душвори дохилии Афғонистон ба хотири аввалин вохӯрӣ бо роҳбарони мухолифин ба он мамлакат роҳ гирифтанд. Ба кишваре, ки дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Тоҷикистон низ он замон ноором буд. Бо назардошти масъалаҳои таъмини амният ба Роҳбари давлат маслиҳат намедоданд, ки озими ин сафар шавад, вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташнаи сулҳи Тоҷикистон буд, аз раъйи худ барнамегашт ва чунин посух дод: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!».

Дар ин сафар бархе аз аъзои Ҳукумат ҷуръати як сиёсатмадорро дида бошанд, қисми дигар самимияти роҳбареро пай бурданд, ки барои мардумаш некӣ мехоҳад ва баҳри ин некӣ аз чизе тарс надорад.

Мулоқоти навбатӣ бо роҳбарони мухолифин дар Афғонистон 10–11-уми декабри соли 1996 дар Хосдеҳ баргузор шуд. Ҳайати ҳукуматӣ аз Душанбе дар ду чархбол парвоз кард. Дар суҳбати якҷоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, қаҳрамони машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбарони мухолифини тоҷик, намояндаи СММ иштирок доштанд. Шоҳидони ин суҳбат баъдан дар хотираҳояшон навиштаанд, ки он дидор хеле одӣ ва хоксорона ҷараён дошт. Сарвари давлат, аз рӯйи нақлҳо, болои кӯрпача нишаста, пиёлаи чой дар даст ором, ботамкин, аммо қотеъонаву боварибахш суҳбат мекард. Ин ҳолат дар дили ҳозирон шуълаи умед афрохт, ки ояндаи ин музокирот бо ҳама ихтилофу нофаҳмиҳояш Сулҳу Ваҳдат хоҳад буд.

 

Дар натиҷа то рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва иттифоқ афтод, дар ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир шуд.

Фаромӯш набояд кард, ки сулҳсозии Тоҷикистон ду давра дошт: Музокироти сулҳ ва Комиссияи оштии миллӣ. Ҳар ду давра мушкилот ва махсусиятҳои худро дошт, ки он зери роҳбарии Сарвари давлат ҳал шуданд. Музокироти сулҳ аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва аъзои ном ба номи он 4-уми июли соли 1997 имзо шуд. Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ чор зеркомиссия: оид ба масъалаҳои сиёсӣ, низомӣ, муҳоҷирон ва ҳуқуқ таъсис ёфт. Комиссияи оштии миллӣ, агар оғози корашро аз 7-уми июли соли 1997 ҳисоб кунем, 998 рӯз фаъолият кард. Мутобиқи Низомнома Комиссияи оштии миллӣ бояд то ба кор шуруъ намудани Парлумони нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум фаъолият мекард. Баъди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ вазифаашро ба анҷом расонд. 31-уми марти соли 2000-ум Президент аъзои Комиссияи оштии миллиро ба ҳузурашон қабул карда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуданд. Дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ 31-уми марти соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Дар натиҷа бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардида, барои бақои миллат майсаҳои умедҳои нав сабз гаштанд. Инак, аз рӯзи ба имзо расидани ин санади муҳим 27 сол сипарӣ шуд ва мардуми тоҷик ин рӯзро, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун санаи муқаддаси миллӣ ҳар сол дар Ватани ободу озод ҷашн мегиранд.

Аз ҳамин хотир, вожаи «ваҳдат»-ро намешавад як калимаи одӣ пиндошт. Он мазмуни фарох ва муҳим дошта, ҳатто бо истиқлол ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ва Пешвои миллат медонанд. Вақте ин вожаҳои фараҳбахш садо медиҳанд, бояд ҳар тоҷикистонӣ донад, ки иттиҳоду ҳамбастагӣ, ки ҳоло чун як чизи маъмулӣ ба назар мерасанд, ба осонӣ насиби халқҳои сулҳпарвари кишвар нагаштаанд.

Пас, бояд сари ин мафҳум, яъне ваҳдат, мо ҳар рӯз ва беист андеша ронем. Хоса ҳоло, ки ҳамарӯза шоҳид мешавем, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё чи қадар ҷангу хунрезиҳо дар авҷанд. Ин ҳама моро водор месозад, ки 27-уми июнро бесаброна интизор шавем ва Иди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳам табрик гӯем.

Идатон муборак, ҳамватанон!

Одиназода Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон