БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Пешвои миллат ба диёри мо сулҳ, ободӣ, зиндагии хуш овард»
СиёсатЧашми рӯз накушода, холаи Тағойгул корҳои хонаро сомон медод. Нафаси тозаи субҳгоҳон ба ӯ неруи тоза мебахшиду таҳрик ба кораш медод. Барвақт оши бурида мепухту сатилҳо дар даст сӯйи роҳи мошингарди шаҳри Норак мешитофт. Кадбонуи моҳиру тозакор, ки буд, ғизоҳои пухтааш мизоҷони зиёд дошт. Нону кулчаҳои дегдонӣ лаззати хосаро дошт, ки бо дархости муштариён холаи Тағойгул гоҳо дар як рӯз ду бор танур метасфонд. Меҳнатдӯстиву иродаи қавӣ баракати рӯзгорашро зиёда кард. Имрӯзҳо ӯ давлати пирӣ меронаду аз самари кори фарзандони тарбиякардааш подоши нек мебинад.
Тағойгул Саидова миёни бонувони маҳаллаи Т. Қурбонови шаҳри Норак обрӯву эътибори хосро соҳиб аст. Ӯро ҷавонону наврасон «мома» гуфта садо мекунанду бонувон бошанд холаи ҳунарманд. Воқеан, холаи Тағойгул ба ҳаққу ҳамсояҳо дасти ёрӣ дароз намуда, онҳоро баҳри мустаҳкам нигоҳ доштани оилаву рӯзгор раҳнамоӣ месозад. Вай бо шавҳараш Мирзохон домони 50 сол аст, ки зиндагии хубу гуворое доранд. Ва пурсиши аввали мо ҳам аз эшон ҳамин буд, ки оё ҳама солҳову рӯзҳои умри онҳо чунин хубу хуш буд?
Хола чашмони зебои обияшро сӯйи тиреза медӯзаду бо овози маҳине ҷавоб мегӯяд: -Не, бачам, зиндагӣ пастиву баландиҳо, каму костагиҳои худро дорад, ки ба ҳамаи ин бояд зану мард якдигарро хуб фаҳманд, сабр кунанд… Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯзгори талхе доштем,- аз саҳфаҳои ҳаёташ пора-пора ёдоварӣ намуд.
Даҳшати ҷанг, хобро аз чашмон гирифта буд. Шабҳои дароз болои сари фарзандон менишастем, тирпарронӣ сар мешуду барои амн, кӯдакони хобро аз як хона ба хонаи дигар мебурдем. Ҳашт фарзандро он замон нон додан осон набуд, ҳамроҳи шавҳарам писта мечиндему мефурӯхтем. Барои нон навбат меистодем. Шавҳарам ароба дошт, аз корхонаи нонпазию идораи матлубот нонҳоро то мағоза меоварду подоши кор ду дона нонаш медоданд. Ҳар рӯз ин ду нонро гирифта, пиёда то деҳаи Тутқавул, ки он ҷо модарам ва хушдоманам мезистанд, мерафтам. Ҳамсояҳои модар гувоҳанд, ки дар ҳамон рӯзҳои вазнини зиндагӣ кас хонаводаи худро илоҷе карда мехӯронду мепӯшонд.
Холаи Тағойгул ҳар рӯз ба ду ҳамсояи барҷомондаи солхӯрдааш хӯрок ва як бурдаӣ нон мебурдааст. Дар деги калон гандуми кӯфташударо бо каме равған, обу пиёз меҷӯшонду ба ҳаққу ҳамсояҳо тақсим мекардааст. Шираи гандум то бегоҳ онҳоро аз гуруснагӣ эмин медош.
Аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят шукргузорам, ки ба кишвари мо сулҳу амонӣ овард. Ин кори саҳл нест, бачам, замоне буд, ки бародар аз бародар, тоҷик аз тоҷики худаш қасос мегирифт. Мардум ба ноумедӣ мерафт, вале мо доим даст ба дуо будем, ки Тоҷикистони азиз аз вартаи ҷангу хунрезиҳо вораҳад ва фарзандон дар фазои амну осоишта ба воя расанд,- бо алам ёд меорад, холаи Тағойгул.
Ҳамин тавр, нидои қалби ҳазорон модарони ҷигарсӯхтаву фарзандгумкардаро Худованд шунид ва ваҳдати деринтизори миллат дар дили мардуми азияткашидаи тоҷик шуълаи умедро зинда кард. Бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ тоҷикистониёнро аз торикӣ ба рӯшанӣ овард.
Ин модари рӯзгордида бар он назар аст, ки дар зиндагӣ, муҳим якдигарфаҳмӣ ва эҳтиром аст. Барои сохтани оилаи солим инсон бояд шуҷоат ва иродаи қавӣ дошта бошаду ҳич гоҳ аз азму талош даст барнадорад.
Наҳаросидан аз нокомиҳо, меҳнатдӯстӣ ва сабру таҳаммулу дурандешии ин зан тавонистааст ӯро миёни хешу ақрабо ва ҳамсояҳо соҳибэҳтиром гардонад.
Бад-ин минвол холаи Тағойгул ва амаки Мирзохон тавонистанд, ки ҷигаргӯшаҳои худро дар руҳияи заҳматписандиву ватандӯстӣ ба камол расонанд. Имрӯз фарзандони ин хонавода ҳар яке пайи пешаи худ асту аз зиндагии зодмандон сабақи рӯзгор мегиранд.
Ҳурмату эҳтироми атрофиён, дарки эҳсос ва хайрхоҳӣ, бодиққатӣ ва ҳушёрӣ дар муносибат бо ҳамагонро аз волидонам омӯхтам. Ҳарчанд эшон маълумоти миёна доранд, андешаву маслиҳатҳову роҳнамоияшон оқилона аст. Тамоми дастовардҳои аз фазои сулҳу оромии Ватан ва корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Моро зарур аст, ки бо заҳматҳои ободкоронаи хеш подоши ин некиҳоро баргардонем ва дар ободии Ватан саҳмгузор бошем,-мегӯяд фарзанди хурдии хонавода Масрур Саидзода.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ - ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, Рӯзи Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Бисту ҳафт сол боз омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ касб кардааст. Солҳои охир ин мавзуъ дар маркази диққати сиёсатшиносону низоъшиносон ва сиёсатмадорони ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст…
Умри Ваҳдати милливу оромии Ватан тулонӣ бошаду модари тоҷик дигар рӯзҳои шумро набинад ва тифлакон дар оғӯши гарми онҳо ба камол расанду ворисони ин хоку ин миллат, ин Ватани биҳиштосо шаванд, - гуфта холаи Тағойгул ба мо дуои сафар дод.
Фарзона ВОСЕЕВА