Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯзи модар муборак!
СиёсатБо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза, бо арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан-Модар, ки пояи якдилии башарият аст, бо самимонатарин ва некутарин таманниёти идона шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрик ва таҳният мегӯем.
Рӯзи Модар, ки тавъам ба фасли баҳор аст, чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гули лолаву райҳон, навои дилнавози обшорон гӯё ҳама дар пайку навид сари таъзим ба Зан-Модар ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.
Ҳусну таровати ҳаёт ва файзу баракати зиндагӣ аз модар аст, ки дар замири офтоби сипеҳр ситораи дурахшонеро мемонад, ки бо тавоноиву нерумандӣ ва заковату маърифат роҳи фарзандро дар тӯли пайроҳаҳои пурпечутоби зиндагӣ мунаввар месозад.
Ҳама эъҷозу эҷодҳо, парвозу бунёдҳо, ҷасорат, мардонагиву қаҳрамониҳои фарзандон аз замири поки модар ибтидо мегиранд, зеро модар на танҳо ҳаёт мебахшад, балки бо шири сафеди пок ва муҳаббати нотакрораш дар сиришти фарзанд хислатҳои накутарини инсониро мақом медиҳад.
Мактаби бузурги модар аз азал муҳаббат, тарбия, машъалафрӯзӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ аст, ки барои фарзанд аз он беҳтар дабистоне дигар нест.
Бо таҳаммулпазириву сулҳхоҳӣ модари тоҷик зиндагии осоишта, суботи комил, истиқлолияту ваҳдати миллиро аз ҳама дороиҳои дунё волотар дониста, ба сӯи ояндаи нек қадами устувор дорад.
Дар масири таърихи давлатдорӣ аз худ ҳамчун шахси фаъол, неруи пешбаранда, қувваи содиқу меҳнатдӯст дарак дода, бо ҷавҳари поктинатию иффат, матинию диловарӣ муаррифгар ва чеҳранамои давлату миллатанд.
Посбони бошарафи амониву оромӣ, сарсабзию хуррамии миллату Меҳан будани модар мақому мартабаи ӯро боз ҳам муқаддасу беназир мегардонад.
Бо назардошти ин фазилатҳои олии инсонӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувонро ҳамчун неруи созанда, тарбиятгари насли оянда ва сутуни пойдории оила ва давлату ҷомеа қадрдонӣ намуда, 17 сол муқаддам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти Рӯзи Модар эълон гардида буд, ки гувоҳӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик аст.
Ин ибтикору иқдоми наҷиби Сарвари давлат арҷгузорӣ ба шири сафеду поки модарон аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони миллатро дар оғӯши гарму нарми хеш аз газандҳо нигаҳ дошта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расондаанд.
Меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба қадри модар буд, ки мақому манзалати Зан-Модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари маҳбуби миллат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо намуд.
Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар соли 1999, ки барои миллат як давраи ҳассоси мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ буд, масъалаи баланд бардоштани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии занон дар ҳаёти давлат ва ҷамъият, таъмин намудани ҳуқуқу имкониятҳои баробар миёни мардон ва занон, зиёд намудани иштироки занон дар мақомоти давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, мусоидат ба таҳсил ва касбомӯзии духтарон, дастгирии занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, шуғл ва самтҳои дигари афзалиятнок, солимгардонии генофонди миллӣ, пешгирӣ ва зӯроварӣ нисбат ба занон, татбиқи воқеии масъулияти волидон дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ, ташаккули оилаи солим ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани мақоми зан ҳамчун неруи созанда ва фаъоли ҷомеа дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат дар сиёсати Ҳукумати мамлакат меҳварӣ гардид.
Давлат барои баланд бардоштани сатҳи маърифату малакаи занон, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мунтазам тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Мутмаинем, ки занону модарони мо соҳибмаърифату боматонат дар мақоми пурмасъулияти давлатӣ бо ташаббусҳои наҷиб ва меҳнати фидокоронаву созанда дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузошта, минбаъд ҳам чун офарандагони зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи равшани хонадону ҷомеа бо ғурури ватанпарастӣ ба хотири пешрафти Тоҷикистони азиз рисолати созандаи худро бо садоқату устувории модарона идома медиҳанд.
Бонувон ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Меҳани азизро бо садоқати ватандорию ватансозӣ, меҳнати софдилонаю ояндасоз пешвоз гирифта, дар эъмори давлатдории миллӣ ва фардои дурахшони Ватани азиз нақш ва саҳми боризи худро мегузоранд.
Дар ин рӯзи пурнишот пирӯзиву беҳрӯзӣ, саломатии комил ва бахту шодии бардавом насибатон бод. Бигзор, ҳамеша зери осмони софу ороми Тоҷикистон зиндагӣ намуда, аз меҳру эҳтироми фарзандон бархӯрдор бошед.
Бигзор, офтоби пурҷилои сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарсабзиву ободии давлати соҳибистиқлоламон дар симои шумо, модарону хоҳарони азиз, барои миллати тоҷик ҷовидона бошад.
Иди баҳору зебоӣ, Рӯзи Модар муборак, модарону хоҳарони гиромӣ!
Бунафша Файзиддинзода,
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо











