БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ояндаи босаодат аз илму маориф аст

Сиёсат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо натиҷагирӣ ва бо дарназардошти дастовардҳои соли 2025, соли сипаригардидаро соли таърихӣ унвон карданд. Барои тақвияти ин нукта ёдоварӣ аз Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон ва, ҳамчунин, намояндагони фарҳангу ҳунари ин се кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил гардид, басанда аст, зеро дар ин рӯзҳо масъалаи басо муҳим ва доғ – баҳси сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сад сол идома дошт, ба ҳалли ниҳоии худ расид. Ин рӯйдоди таърихӣ маҳз бо саъю талоши Сарвари сулҳпарвари тоҷикон, ки барои аз роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои доғу баҳсталаб таҷрибаи ғанӣ доранд ва дигаронро ба ин талқин менамоянд, муяссар гардид.

 

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегирад, зикр намуданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтию самаровар дар ин самт боис ба 3,4 баробар зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,6 фоиз афзоиш ёфтани иқтисоди миллӣ гардид.Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки татбиқи амалии марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 имкон фароҳам меорад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 10 фоиз кам карда шавад.Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлат ишора ба онро зарур донистанд, саҳми бахши хусусӣ дар пешбурди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Онро «ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар» баҳогузорӣ намуда, таъкид карданд, ки «ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад».Президенти кишвар ба соҳибкорони баору номуси миллат, ки рӯйи нангу номуси ватандорӣ дар сарсабзию ободонии Ватани азиз, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси коргоҳҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию камбизоатӣ саҳми назаррас гузоштаанд, сидқан изҳори сипос намуда, ҳамзамон, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки «ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад».

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад. Дар чанд соли охир Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2025 — 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст.Ин як рақами холӣ нест, дар пасманзари он мебояд рушди иқтисодӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳбуд ёфтани иқтисоди хонаводагии аҳолии кишвар ба назари эътибор гирифта шавад.Роҳбари давлат барои боз ҳам тавсеа додани раванди саноатикунонии кишвар ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки «бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон, дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мавзуи илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон мақоми меҳварӣ дошт.Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат ба соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, маҳз ба баракати чунин муносибати некбинона ва дурандешона дар се даҳсолаи охир ҳазорҳо иншооти марбут ба ин соҳаҳо бунёд ва ба истифода дода шуданд.Ҳадаф танҳо ин аст, ки насли наврасу ҷавони худро соҳибмаълумоту донишманд ва дорои фарҳанги баланд ба воя расонем, зеро танҳо афроди соҳиби донишу маърифат ва огоҳу дорои ҳувияти баланди миллӣ қодиранд, ки аз манофеи давлату миллат ҳимоя намоянд.

Соҳиби донишу касбу ҳунар намудани ҷавонон, ки ояндаи давлат дар дасти онҳост, яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон мебошад.Маҳз бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол аст, ки ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои олии таълимӣ Квотаи президентӣ амал мекунад, ки тавассути он ҳазорҳо духтарон аз музофот ба таҳсил фаро гирифта шуда, соҳиби касбу кор гардидаанд ва имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат кашида, дар ободии кишвари азизамон саҳми назарраси худро мегузоранд.Воқеан ҳам, ин тадбир ба дигар гардидани назари падару модар, хосса дар музофот, барои идомаи таҳсилу касбомӯзии духтарон баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ боис гардид…

Роҳбари давлат ҳамеша ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, зеро имрӯз шароите ҳукмфармост, ки барои пешрафти ҳар як кишвар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ, амри зарурӣ гаштааст.Бе донистани забонҳои хориҷӣ ҳамкории тарафайни судманд, ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва тавсеаи равобит ғайриимкон аст.Ҳикмати бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 3 миллиону 200 ҳазор нусха ба нашр расидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва ба аҳолии мамлакат туҳфа гардиданашон дар ҳамин таҷассум меёбад.

Сарвари давлат дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти насли наврас низ таъкид намуданд, зеро таълиму тарбия ду масъалаи ба ҳамдигар тавъаманд.Мусаллам аст, ки зербинои ҳам тарбия ва ҳам таълим дар хонавода гузошта мешавад ва, пеш аз ҳама, падару модар, баъдан муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сипас омӯзгорон ба ин масъалаи инсонсоз масъул ҳастанд.Агар тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, ҷалби кӯдак ба таълим низ осон муяссар намегардад.Аз ин хотир, Роҳбари давлат дар Паёми хеш бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти масъалаи мазкур иброз доштанд:«Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунон, масъалаҳои марбут ба мақомоти андоз, соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, шуғли аҳолӣ, иҷтимоӣ, ҷавонон, занон, қонунгузорӣ, терроризму экстремизм, хурофот, ҷиноятҳои киберӣ, вазъи кунунии ҷаҳон ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти мубориза ба ҳама гуна омилҳое, ки ба давлатдорӣ ва сулҳу суботи кишвари мо халал ворид месозанд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Соли равон бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

Итминони комил дорем, ки ҳар сокини ҳушманд ва бонангу номуси кишвар бо дар ниҳоди хеш парвардани андешаи садоқат ба Роҳбари давлат, муҳаббати бузург ба Ватани аҷдодӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ, мавриди корбурд қарор додани дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон дар сарсабзию ободонӣ ва пешравии кишвари азиз саҳми хешро мегузорад ва аз ин ҷашни бузург бо сарбаландӣ истиқбол менамояд.

                                                 САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон