Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шод аз табиби таҳлилгар шудан аст
ТандурустӣАз оғози суҳбатамон Ҳусноро Тағоева ифтихормандона сухан аз пешаи интихобнамудааш кард. Мегӯяд, ки агарчи хонаводаашон ҳеҷ иртибот ба касби табибӣ надоштанд, миёни фарзандони оила ӯ ин пешаро ба худ муносиб донист. Модар омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда, ба хонандагон дарси адаб меомӯхт. Падар дар мақомоти қудратӣ ифои вазифа намуда, дар низому тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор буд.
- Вақте хатмкунандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар ноҳияи Муъминобод будам, аз нақшаҳои ояндаи худ волидонро огоҳ кардам. Гуфтам, ки тасмими пизишк шуданро дорам. Чун холаи Хосиятам мехоҳам, табиби таҳлилгар шуда, дар ташхисгоҳ фаъолият намоям. Чандин маротиба шоҳиди ҷараёни кори холаам дар ташхисгоҳ будам ва эҳсос намудам, ки табиб-таҳлилгар метавонад бо нишондоди аввалин натиҷаҳои ташхис беморро аз маризиаш огоҳ карда, нахустин наҷотдиҳандааш бошад. Ва ҳатто дар лаҳзаҳои мушкилу ноумедӣ дарди шахси беморро ошкор карда, чун машваратчии хубе ҳам бошад, - мегӯяд Ҳусноробону.
Волидон тасмимашро пазируфтанд ва бо дуои неки онҳо Ҳусноро ба ҷониби пойтахт роҳ пеш гирифт. Соли 2016 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултаи тиббӣ-ташхиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуда, соли 2024 онро бомуваффақият ба итмом расонд.
Ӯ фаъолияташро пас аз хатми Донишгоҳ ва гузаштан аз марҳилаи интернатура дар шуъбаи озмоишгоҳи Беморхонаи марказии «Истиқлол» оғоз намудааст, ки алҳол дар ин даргоҳ ба беморону корафтодагон кумак менамояд. Муомилаи хуш ва дониши комили дар ин ҷода сайқалёфтааш ӯро байни ҳамкорон зуд маҳбуб намудаву соҳибэҳтиром гардондааст.
Аз Ҳусноро мепурсам, ки моҳияти касби шумо аз чӣ иборат мебошад? Фақат санҷидану таҳлил ва ба бемор пешниҳод намудани маълумот аст ё…?
- Моҳияти кори табиб-таҳлилгар танҳо анҷом додани таҳлил ё санҷишҳо набуда, балки дар рафти иҷрои кор зарурати шарҳи санҷишҳо ва гузарондани таҳқиқоти мураккаб низ пеш меояд. Ба тартиб даровардани маълумотҳое, ки аз натиҷаи ташхисҳо ба даст меояд, самти дигари кори табиб-таҳлилгар аст. Аз рӯи натиҷаи дурусти таҳлилҳо тарзи чӣ гуна ба табобат фаро гирифтани бемор муайян мегардад. Ҳолатҳое мешавад, ки табиб-таҳлилгар ба кадом пизишк муроҷиат намуданро низ тавсия медиҳад…
Масалан, вақте натиҷаи санҷиши таҳлилҳои бемор нишонаҳои саратон, ВНМО ё диабетро ошкор мегардад, онҳоро зуд ба назди табибони тахассусӣ мефиристем. Бо муайян кардани нишонаҳои аввали беморӣ табобати саривақтии маризӣ боиси наҷот ёфтани ҳаёти инсон ё беҳтар шудани ҳолати саломатии минбаъдааш мешавад.
Табиист, ки кори табиб-таҳлилгар аксаран пушти таҷҳизоти ташхисгарӣ ноаён мемонад, аммо аслан он самти муҳими ёрии тиббӣ аст, ки иҷрои он таваҷҷуҳи хосаро тақозо мекунад, - бо табассум иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи Ҳусноро Тағоева табиб-таҳлилгари имрӯза мебоист қаблан хоҳиши омӯзиши технологияҳои нави тиббиро дошта бошад, зеро ташхисгоҳҳои муосир на танҳо аз найчаҳо (пробирка) ва заррасанҷҳо (микроскоп) иборат аст, балки имрӯз таҷҳизоти ташхисӣ ё таҳлилгарии мураккаби компютерӣ мавриди истифода қарор дорад.
- Аз ин хотир, табиб-таҳлилгар бо дониши мукаммал, масъулиятнокӣ ва донистани тарзи дурусти корбарӣ бо таҷҳизоти муосир, ки имрӯз дар ҳамаи ташхисгоҳҳои кишвар аз онҳо истифода менамоянд, метавонад дар кори худ муваффақ шавад, - иброз медорад Ҳусноробону.
Ӯ лаҳзае ба сукут рафта, суханашро идома медиҳад:
- Ҳар кор нозукӣ ё мушкили худро дорад. Аксари биоматериалҳо, ба мисоли хун, ки муҳлати муайян барои санҷиш дорад ва дар сурати беаҳамиятӣ натиҷаи таҳлил дилхоҳ дастрас намешавад. Баъдан, ин эҳсосоте, ки аз натиҷаи таҳлилҳое, ки ҷавобашон манфӣ аст, табиб-таҳлилгар нороҳат мегардад. Барои рафъи ин нороҳатӣ аз нигоҳи равонӣ устувор мебояд буд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Қутбия
Мубодила:
Шарҳҳо











