Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳифзи саломатии модару кӯдак
Тандурустӣ / СлайдерСоҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи саломатии модару кӯдак дар меҳвари он қарор дорад. Имрӯз дар шаҳри Бохтар барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд. Хусусан, фаъолияти шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии клиникии шаҳр намунаи равшани пешрафти соҳаи акушерӣ ва гинекология дар вилояти Хатлон мебошад.
НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
Дар шаҳри Бохтар имрӯз шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар баробари беморхонаи клиникии шаҳр, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҳамчунин 6 муассисаи хусусии тиббӣ — марказҳои тиббии «Даво», «Хатлон», марказҳои саломатии «Акси шифо», «Суман», «Дурахш» ва «Ҳаёти солим» фаъолият доранд. Илова бар ин, 22 муассисаи тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраи давлатиию хусусии дандонпизишкӣ, 10 ҳуҷраи ташхиси ултрасадо ва 110 дорухона ба аҳолии шаҳр ва деҳоти атроф хизмати тиббӣ мерасонанд.
Беморхонаи марказии шаҳр яке аз муассисаҳои калонтарини табобатии минтақа аст. Дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, таҳлилгоҳ ва дигар бахшҳои муҳими тиббӣ фаъолият менамоянд. Муассиса дорои 120 кати хоб буда, дар он 304 нафар корманд мебошад. Аз ин шумора 40 духтур, 156 нафар корманди миёнаи тиб, 75 нафар корманди хурди тиббӣ ва 33 нафар корманди хоҷагидорӣ мебошанд. Ҷолиб он аст, ки аз шумораи умумии кормандон 245 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Танҳо дар се моҳи аввали соли 2026 дар соҳаи госпиталии шаҳр 1361 нафар бемор бистарӣ гардида, 1322 нафари онҳо баъд аз табобат шифо ёфтааст.
Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 471 нафар мутахассис фаъолият дорад, ки аз миёни онҳо 115 нафар духтур, 303 нафар корманди миёнаи тиб ва 26 нафар табиби оилавӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ онҳо 78 ҳазору 72 нафар беморро қабул намуда, 277 ҳазору 448 шаҳрвандро дар хонаҳояшон аз муоинаи тиббӣ гузарондаанд.
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ низ фаъолияти густурда дошта, танҳо дар ҳамин давра ба 4800 нафар шаҳрванд хизмати тиббӣ расондааст. Аз ин шумора 3057 нафар тавассути нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва 1743 нафар мустақилона ба марказ муроҷиат кардаанд.
ШУЪБАИ ТАВАЛЛУД — МАРКАЗИ УМЕДУ ЗИНДАГӢ
Байни бахшҳои беморхона шуъбаи таваллуд мавқеи хос дорад, зеро дар ин ҷо ҳар рӯз зиндагии нав оғоз меёбад ва табибон барои ҳифзи ҷони модару кӯдак мубориза мебаранд.
Роҳбарии шуъбаи таваллудро табиби соҳибтаҷриба Гулчеҳра Холиқова бар дӯш дорад. Ӯ беш аз 25 сол дар соҳаи акушерӣ ва гинекология фаъолият дошта, панҷ соли охир мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии клиникии шаҳри Бохтар мебошад.
Гулчеҳрабону соли 1999 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси акушер-гинеколог хатм намуда, фаъолияти тиббии худро аз соли 2000 дар ҳамин беморхона оғоз намуд.
Шуъбаи таваллуд дорои ҳуҷраҳои баъд аз таваллуд, амалиётхона, ҳуҷраи бастубанд, шуъбаи эҳёгарии навзодон ва дигар бахшҳои зарурӣ мебошад. Шуъба 60 кати бистарӣ дошта, дар он 10 табиби соҳибтахассус ва 44 корманди миёна ва хурди тиб заҳмат мекашанд.
Танҳо дар чор моҳи аввали соли равон дар таваллудхона 1452 ҳолати таваллуд ба амал омадааст. Аз ин шумора 74 таваллуд бо роҳи буриши қайсарӣ анҷом ёфт.
— Хушбахтона, дар ин давра фавти модару кӯдак рух надодааст, ки ин натиҷа самараи фаъолияти шабонарӯзии табибон ва боло рафтани фарҳанги тиббии ҷомеа мебошад, — мегӯяд ӯ.
НАЗОРАТИ ТИББӢ — КАФИЛИ ТАВАЛЛУДИ СОЛИМ
Солҳои охир сатҳи огоҳии занони ҳомила нисбат ба гузашта беҳтар гардидааст. Аксари занон аз рӯзҳои аввали ҳомилагӣ дар марказҳои солимии репродуктивӣ аз қайд гузашта, давоми нуҳ моҳи обистонӣ ҳафт маротиба аз муоина мегузаранд.Ҳар як зани ҳомила бо «картаи мубодилавӣ» ба таваллудхона ворид мегардад. Дар ин карта тамоми маълумот оид ба вазъи саломатии зан сабт мешавад ва барои табибон дар муайян намудани хавфҳо ёрӣ мерасонад.
Имрӯзҳо бештар занон бо бемориҳои экстрагениталӣ, аз ҷумла илтиҳоби музмини гурдаҳо, камхунӣ ва ҷоғари эндемикӣ муроҷиат менамоянд. Хушбахтона, ҳолатҳои вазнини таваллуд нисбат ба солҳои гузашта хеле кам гардидаанд.
— Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ ду ҳолати вазнини таваллуд ба қайд гирифта шуд ва боқимонда ҳама таваллудҳои физиологӣ буданд, — иброз дошт табиб.
ТАВАЛЛУДИ ХОНАГӢ — ХАТАРИ ҶИДДӢ БА ҶОНИ МОДАРУ КӮДАК
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки табибонро нигарон мекунад, ҳолатҳои таваллуди хонагӣ мебошанд. Имрӯз чунин ҳолатҳо каманд, вале дар баъзе деҳаҳои дурдаст ҳанӯз ба назар мерасанд.
— Пештар таваллудҳои хонагӣ зиёд буданд, аммо имрӯз ба шарофати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти марказҳои репродуктивӣ қариб аз байн рафтаанд, — мегӯяд Гулчеҳра Обидовна.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии фавти модарон ҳангоми таваллуд бештар хунравии шадид мебошад. Аз ҳамин хотир, аксари занон имрӯз таваллудро дар муассисаҳои тиббӣ афзал медонанд.
ФОСИЛАИ БАЙНИ ТАВАЛЛУД — ОМИЛИ МУҲИМИ САЛОМАТИИ ЗАН
Қисме аз бонувон баъд аз буриши қайсарӣ фосилаи таваллудро риоя намекунанд. Ин ҳолат метавонад ба саломатии модар таъсири манфӣ расонад.
— Баъзан занон як сол пас аз ҷарроҳӣ дубора обистан мешаванд, дар ҳоле ки пайи ҷарроҳӣ ҳанӯз пурра шифо наёфтааст. Ин ҳолат барои ҳаёти модару кӯдак хатарзост, — зикр намуд Гулчеҳрабону.
Ба андешаи мутахассис, аҳли оила, бахусус шавҳар ва хушдоман, бояд нисбат ба саломатии зани ҳомила бетараф набошанд. Модарони ҷавон бояд аз рӯзҳои аввал зери назорати табиб қарор гиранд.
ТАБИБИ СОҲИБЭҲТИРОМ ВА МУТАХАССИСИ ВАРЗИДА
Бону Гулчеҳра духтури дараҷаи олӣ ва Аълочии тандурустии Тоҷикистон мебошад. Баҳри такмил додани донишу малакаи соҳавии хеш дар кишварҳои Эрону Россия курсҳои бозомӯзӣ гузаштааст. Байни ҳамкорону беморон ҳамчун табиби меҳрубон, масъулиятшинос ва мутахассиси баландпоя обрӯю эҳтироми зиёд дорад.
Тавре худи ӯ иқрор аст, давоми фаъолияти меҳнатиаш ҳазорҳо таваллудро қабул намудааст.
— Омори дақиқ надорам, вале мутмаинам, ки ҳазорҳо тифл рӯи дасти ман ба дунё омадааст, — мегӯяд бо эҳсоси ифтихор.
СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ МОДАРИ СОЛИМ ОҒОЗ МЕЁБАД
Дар фарҷом Гулчеҳрабону афзуд, ки ҳар инсон бояд нисбат ба саломатии худ масъулиятшинос бошад.
— Ташхису пешгирии бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва нигоҳубини саломатӣ маблағи зиёд талаб намекунанд. Ин, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ва иродаи худи инсон вобаста аст, — мегӯяд ӯ.
Воқеан ҳам, ҷомеаи солим аз модари солим оғоз меёбад. Ҳар кӯдаке, ки дар муҳити амну солим ба дунё меояд, ояндаи миллатро месозад. Аз ин рӯ, заҳмати табибони шуъбаи таваллуд, ки шабу рӯз барои наҷоти ҷони модару кӯдак талош меварзанд, шоистаи қадр мебошад.
Сабрина САФАРОВА
Душанбе – Бохтар – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











