БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Лаҳзае, ки ҷаҳон оғоз меёбад

Тандурустӣ / Слайдер

Субҳ ҳанӯз надамида дар долони ороми таваллудхона садои қадамҳои шитобзадае ба гӯш мерасад. Дар паси дар зане бо умеду тарс интизори лаҳзаҳои шодмонист. Соатҳое, ки зиндагии ӯро куллан тағйир медиҳанд. Ҳамин айём табибе бо оромӣ ва табиати хос омода аст, оғози ин лаҳзаро бехатар ба сомон расонад…

 

Наргис Аҳмадова табиб-момодояест, ки солҳои боз ҳаёти хешро ба ин лаҳзаҳои форами зиндагӣ – гиряи тифли навзоду хандаи модарҳои ҷавон бахшидааст. Бале, лаҳзаҳое, ки дар он на танҳо кӯдак, балки дунёи наве барои модар эҳдо мешавад.

— Ҳар як таваллуди модар, хоҳ ӯ навзо аст ё дуюму сеюмбора, ин барои ман мисли таваллуди аввал аст. Ҳар бори таваллуди модар барои табиб ин масъулияти нав, эҳсоси нав аст, — мегӯяд Наргис.

Ба назар ин суханҳо сода менамоянд, аммо дар паси он таҷрибаи бедорхобӣ, шабҳои навбатдорӣ ва садҳо сарнавишт ниҳон аст. Роҳи ӯ ба ин касб аз ноҳияи Файзобод оғоз ёфтааст. Касберо, ки ҳар ҷавонро ба андешаи дуру дароз водор месозад, ӯ интихоб кард. Азм намуд, ки табиб шавад, на барои обрӯ, балки барои он ки дастони марҳамаш ба дарди модаре даво шаванд, ба шодии онҳо шарик гардад.

— Аз овони мактабӣ назди худ мақсад гузоштам, то ҷое бошам, ки аз ман ба мардум фоида расад. Табиб будан танҳо аз кору касбу вазифа иборат нест, балки уҳдадорӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд, — иброз медорад бону Наргис.

Соли 1999, вақте ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд, шояд ҳанӯз пурра дарк намекард, ки роҳи интихобкардааш чӣ қадар душвориҳо дорад. Аммо бо гузашти солҳо печидагиҳои ин роҳ ӯро кушод. Ихтисоси акушер-гинекологӣ интихобе буд, ки масъулияти басо вазнин, ҳаёти ҳам модар ва ҳам кӯдакро дар бар мегирад.

— Дар ин соҳа ту ҳаққи иштибоҳ надорӣ. Як қарор, як хулоса метавонад ду ҳаётро тағйир диҳад. Барои ҳамин, ҳар қадам бояд боандеша бошад, — ёд аз рӯзҳои аввали корӣ мекунад ӯ.

Фаъолияташро соли 2012 дар беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод оғоз бахшид. Аз рӯзҳои аввал бо воқеияти сахти касбӣ рӯ ба рӯ шуд, аммо маҳз ҳамин мушкилиҳои пешомада азми ӯро қавитар гардонд.

— Ҳолате шуд, ки вазъ хеле вазнин буд. Ҳам модар ва ҳам кӯдак дар хатар буданд. Соатҳо мубориза бурдем. Ноумедиҳо миёни ҳамроҳонам, хоҳарони шафқату духтурони эҳёгар пайдо мешуданд, аммо ман равшании шаби умедро интизор будам. Вақте кӯдак ба гиря даромад, фаҳмидам, ки тамоми он заҳматҳо арзиш доштаанд. Ин гуна лаҳзаҳо зиёданд. Аммо подоши на ҳама заҳматҳо ва хурсандиҳо осон ба даст меояд. Баъзан соатҳои дароз миёни маргу зиндагӣ мубориза мебарем, то инсонҳоро наҷот диҳем. Ин сахттарин ва мушкилтарин қисми кор аст, — мегӯяд ӯ.

 

Дар ин шабу рӯзи фаъолият, Наргис на танҳо табиби зоймон, балки ҳамчун роҳбар фаъолият дорад. Мудири шуъбаи таваллудхона будан маънои онро дорад, ки акнун ӯ масъули кори дигарон низ ҳаст. Сарфи назар аз мақом, муносибати ӯ ба ҳамкорон ва беморон тағйир наёфт. Барояш ҳар як бемор модар ва шахсият аст.

— Роҳбар будан ин дастгирӣ кардан, омӯзондан ва масъулиятро тақсим кардан аст, — иброз медорад роҳбари ҷавон.

Новобаста ба вазифа, хоксор аст. Ҳар як ҳамшираи шафқате, ки дар таваллудхона фаъолият дорад, аз муносибати гармаш бо ҳамкорон ҳарф мезанад.

Наргис аз зумраи нафаронест, ки бо як нигоҳ метавонад ба бемор оромӣ бахшад, бо як сухан умед диҳад ва бо як амал ҳаётро ҳифз кунад. Рисолате, ки бар дӯш дорад, бо самимияти хос ба ҷо меорад.

— Ҳар зане, ки ба назди ман меояд, танҳо бемор нест, ӯ модар аст ва бо умед меояд. Ман бояд ба ин умед посухи мусбат диҳам, — меафзояд Наргис.

Солҳои охир, вақте ҷаҳон бо мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ шуд, нақши табибон боз ҳам муҳимтар гардид. Дар чунин шароит, Наргис кори худро ором, устувор ва содиқона идома дода истодааст.

— Вақте мо дар бораи кӯдакон ҳарф мезанем, бояд дар бораи оғози онҳо низ фикр кунем. Ҳар як тифл сазовори оғози зиндагии солим аст. Ҳар кӯдаке, ки солим ба дунё меояд, ояндаи ҷомеа аст. Агар мо имрӯз ғамхорӣ кунем, фардо ҷомеаи беҳтар хоҳем дошт, — мегӯяд бону Наргис.

Дар интиҳои суҳбат пурсидам, ки агар имкони аз нав интихобро медошт, оё боз ҳамин роҳро пеш мегирифт? Ӯ бе таваққуф ҷавоб дод:— Бале, бо ҳама душвориҳояш, зеро вақте ту нахустин шуда гиряи тифлро мешунавӣ, дарк менамоӣ, ки дар ҷойи дуруст, дар макони солим, дар шодие шарик ҳастӣ.

Берун аз дари таваллудхона зиндагӣ бо маҷрои худ идома дорад. Кӯдакон даст ба дасти модар, хандаи ҷавонон ба гӯш мерасид, ҷое меомӯхтанду ҷое орзуҳо мекарданд, аммо кам касе ин лаҳзаҳо меандешид, ки ин ҳама аз куҷо оғоз шуд. Дар паси он ҳама табассум, қадамҳои аввал ва орзуҳо, заҳмату бедорхобиҳои табибе меистад. Наргис Аҳмадова дар сароғози ҳаёти инсонҳо қарор дорад, дар ҳамон нуқтае, ки тарс ба умед ва интизорӣ ба воқеият табдил меёбад.

Гулшан ҶӮРАЗОДА

Душанбе – Файзобод – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон