Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Момодоя
ТандурустӣБо Зарифа Кӯйлибоева суҳбати ҷолибе доштем. Ӯ нафарест, ки дар соҳаи тиб хизмати басо арзанда анҷом додааст. Касбаш момодоя буда, муттасил лаҳзаҳои ҳассосу муҳими ба дунё омадани кӯдакро ҳамроҳӣ мекунад.
Бале, солҳои зиёд аст, ки ӯ дар соҳаи тандурустӣ фаъолияти пурсамар дошта, ба садҳо модар дар лаҳзаҳои душвору фараҳбахш пайваста пайғоми нек мерасонад. Ӯ бо меҳрубонӣ, сухани нарм ва муносибати самимӣ тавонистааст эҳтирому боварии мардумро соҳиб гардад. Ҳар кӯдаке, ки бо кумаки ӯ ба дунё меояд, барояш бахти нав ва масъулияти бузург аст. Ӯ мегӯяд, ки хушбахтии ҳақиқӣ дар ашки шодии модар ва гиряи аввалини тифл эҳсос мешавад.
Касби момодоягӣ сабру таҳаммул, донишу таҷриба ва қалби пурмеҳрро тақозо менамояд.Зарифа Кӯйлибоева 11-уми декабри соли 1970 дар шаҳри Истиқлол ба дунё омад. Пас аз хатми мактаби миёнаи №8 таҳсилро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Химкии вилояти Москва давом дод. Мехост, ки орзуи кӯдакии худро амалӣ созад. Бале, аз овони тифлӣ умеду орзуҳои хеле зиёд дошт. Таманно дошт дар бар либоси ҳамширагӣ дошта бошад.
Пас аз хатми Коллеҷ дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи зодгоҳ ба кор пардохт. Кордонию мушкилнописандии ӯро ба назар гирифта, соли 1993 ба таваллудхонаи шаҳр ба сифати момодоя ба кор гузаронданд.Таҷрибаи ғанӣ ва чашмикории Зарифа аз назари масъулин пинҳон намонд. Аз ин рӯ, ӯро соли 2000-ум момодояи калон таъин карданд. Солҳои зиёд дар ин самт фаъолият намуда, бо таҷриба, меҳрубонӣ ва муносибати самимии худ миёни ҳамкорону беморон соҳибобрӯ гардид. Барояш ҳар як таваллуд лаҳзаи фаромӯшнашаванда аст, зеро ба дунё омадани тифл оғози зиндагии нав мебошад.
Сокинони шаҳри Истиқлол ба хубӣ дарк карданд, ки момодояи номвар ҳамеша мекӯшад бо чеҳраи кушода ва суханони оромбахш ба дилҳои модарон гармиву умед бахшад. Бале, ӯ худро хеле хушбахт меҳисобад. Мегӯяд, ки аввалин гиряи кӯдак хушбахттарин садоест, ки ҳар рӯз ба ӯ неруи тоза мебахшад. Маҳз ҳамин лаҳзаҳо сабаб мешаванд, ки тамоми хастагӣ ва шабзиндадорӣ фаромӯш гардад. Ба гуфтаи Зарифабону, модар шудан яке аз муқаддастарин неъматҳои зиндагист ва иштирок дар ин лаҳза барои ҳар момодоя ифтихори бузург аст.
Дар фаъолияти худ ба садҳо модарон мадад расондааст. Бисёре аз занон ӯро бо меҳрубонӣ, суханони тасаллибахш ва муносибати самимӣ ёд мекунанд. Дар лаҳзаҳое, ки модар изтироб дорад, бо чеҳраи пуртабассум ва сухани нарм ба ӯ умед мебахшад. Ҳамкорон низ ӯро ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва инсони масъулиятшинос мешиносанд, зеро вай ҳамеша омода аст ба ҷавонони соҳа маслиҳат диҳад ва таҷрибаи худро омӯзонад.
Ба андешаи ӯ, дар касби момодоягӣ, пеш аз ҳама, бояд муҳаббат ба инсон ва эҳсоси масъулият вуҷуд дошта бошад. Пешаи момодоягӣ аз кас масъулияти зиёд, сабру таҳаммул, қувваи равонӣ ва меҳнати шабонарӯзиро талаб мекунад. Аксаран момодояҳо шабҳоро бедор мегузаронанд, то саломатии модару кӯдакро ҳифз намоянд. Маҳз чунин бонувони меҳрубон ва фидоӣ бо заҳмати поки худ ба зиндагӣ нур мебахшанд.
Хидматҳои ин бонуи соҳибкасб дар ҷомеаи меҳнатӣ ва соҳаи тандурустӣ борҳо қадр шудаанд.
Зарифа Кӯйлибоева дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Ҳамроҳи ҳамсараш Аҳлиддин Одинаев фарзандони дӯстрӯ ба камол расондаанд, ки имрӯз нурбахши хонадон ҳастанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Истиқлол
Мубодила:
Шарҳҳо










