БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз ҳамшираи тиббӣ то роҳбари муассиса

Тандурустӣ

Субҳ ҳанӯз пурра доман накушода, дар долонҳои беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ қадамҳои шитобони табибон, садои ороми дастгоҳҳои тиббӣ ва нигоҳҳои пур аз умеди беморон ба ҳам омехтаанд.


Деворҳои сафеди ин боргоҳи шифо гӯё аз оғози саҳифаи наве дар зиндагии ҳазорон нафар қисса мекунанд. Дар ин ҷо, ҳар ҳуҷра макони умед асту ҳар даре ба сӯи зиндагии дигар боз мешавад. Дар меҳвари ин дигаргуниҳо бонуе қарор дорад, ки роҳи худро аз пешаи ҳамшираи тиббӣ оғоз намуда, имрӯз роҳбарии ин муассисаи муҳими тандурустии вилояти Суғдро ба зимма дорад.


Баъзе инсонҳо касбро интихоб мекунанд, баъзеҳо сарнавишти худро ба он мебахшанд. Барои Дилафрӯз Ҳусейнова тиб танҳо пеша нест, балки рисолати зиндагист.


Ӯ 29-уми майи соли 1981 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Соли 1998 Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқиро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи амалиётхона ҳамчун ҳамшираи тиббӣ оғоз мекунад. Солҳои баъдӣ таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва хатми интернатура ӯро ба ҷодаи ҷарроҳӣ овард. Пас аз гирифтани ихтисоси духтури ҷарроҳ ба зодгоҳ баргашта, фаъолияти худро дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ идома бахшид.


Аз соли 2017-ум ҳамчун муовини сардухтур оид ба табобат ва алҳол ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дорад. Роҳи тайкардаи ӯ аз ҳамшираи тиббӣ то роҳбари муассисаи бузурги тандурустӣ намунаи ибрат барои бисёр духтарони тоҷик аст.


Зимни суҳбат бо лаҳни шево, нарму ором ҳарф мезанад: – Тиб барои ман танҳо касб нест. Ин масъулиятест дар назди ҳар модаре, ки фарзандашро ба оғӯш гирифта ба беморхона меояд, дар назди ҳар пирмарде, ки бо умеди шифо ба табибон муроҷиат мекунад ва дар назди ҳар кӯдаке, ки мехоҳад боз бардаму солим бихандад. 


Дар суханонаш расмият кам ва эҳсоси инсонӣ бештар ба назар мерасад. Соли равон барои мардуми Мастчоҳ рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнопазир гардид. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кат пешбинӣ шудааст. Дар он шуъбаҳои таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳӣ, урология, эҳё ва дигар бахшҳои муҳим ҷой гирифтаанд. Панҷ ҳуҷраи ҷарроҳии муосир бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз буда, имконият медиҳанд, ки бисёре аз амалиётҳои мураккаб дар худи ноҳия анҷом дода шаванд.


Тавре Дилафрӯз Ҳусейнова иброз намуд, вақте Сарвари давлат аз фаъолияти беморхонаи нав дидан карданд ва ба мо таҷҳизоти нави тиббӣ, аз ҷумла рентгени рақамӣ тақдим гардид, ҳар яки мо эҳсос кардем, ки ин эътимоди давлат ба заҳмати табибон аст. Ин беморхона барои мо танҳо бинои нав нест, балки имкониятҳои нав, масъулияти нав ва умеди нави мардум аст.


Бону Дилафрӯз зикр кард, ки имрӯз дар беморхона тамоми шароит барои ташхису табобати босифат муҳайё буда, табибон кӯшиш доранд, ки ҳар як бемор худро танҳо эҳсос накунад.


Имрӯз беморхонаи марказӣ як низоми бузурги ҳифзи саломатии мардум гардидааст. Дар ноҳия 580 кат барои хизматрасонии беморон фаъол буда, 280 кати он ба ин макон рост меояд. Дар ҳайати он 12 шуъбаи асосии тиббӣ амал мекунад ва кормандони соҳаи тандурустӣ шабонарӯзӣ барои ҳифзи саломатии мардум талош меварзанд.


Дар шаш моҳи сипаришуда ба ин боргоҳи шифо ҳазорон нафар муроҷиат намуда, шифо ёфтаанд. Танҳо ба шуъбаи қабул беш аз 1300 нафар ворид шуда, зиёда аз ҳазор бемор бистарӣ ва табобат гирифт. Дар ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ садҳо амалиёти хурду бузург анҷом ёфта, дар шуъбаҳои амрози дохилӣ, асаб, ғадудшиносӣ ва дигар бахшҳо садҳо нафар шифо ёфтаанд. Дар таваллудхона бошад, беш аз 1500 кӯдак нахустин гиряи зиндагиро сар дода, ба оғӯши модарон супурда шуд.


– Мо мехоҳем ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳ ворид мешавад, эҳсос намояд, ки ӯро мешунаванд, дардашро мефаҳманд ва барои шифояш тамоми имкониятҳоро сафарбар месозанд, – мегӯяд бону Дилафрӯз. – Барои табиб муҳимтар аз ҳама табассуми бемори шифоёфта аст.


Имрӯз бинои нави беморхона бо долонҳои равшан ва таҷҳизоти пешрафтааш ба рамзи умед ва эътимоди мардум табдил ёфтаасту дар миёни ин ҳама талошу шабзиндадориҳои сафедҷомагон симои бонуе намоён аст, ки рисолати табибиро аз ҳар гуна мансаб болотар мешуморад.


Дилафрӯз Ҳусейнова аз ҳамин қабил инсонҳост: бонуе, ки дар нигоҳи ӯ ҳар бемор, пеш аз ҳама, инсон ва ҳар табассуми шифоёфта бузургтарин мукофоти зиндагӣ аст. Шояд маҳз ҳамин эҳсоси масъулият аст, ки имрӯз номи ӯро барои сокинони Мастчоҳ бо мафҳумҳои меҳр, умед ва шифо ҳаммаъно кардааст.


Номи Дилафрӯз Ҳусейнова ҳамчун бонуи хоксор, хушмуомила ва раҳмдил ёд мешавад. Вай дар рӯзҳои серкориаш ҳам барои шунидани дарди бемор вақт меёбад, бо пирони дардманд ҳамдардӣ мекунад ва барои модарони ҷавон сухани таскинбахш пайдо менамояд. Шояд аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому обрӯи ӯ дар байни мардум танҳо аз вазифа сарчашма намегирад, балки аз инсондӯстӣ, шафқат ва садоқат ба касбе маншаъ мегирад, ки онро рисолати зиндагии худ медонад.


Далер САФАР

Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон