БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Роздони дардмандон

Тандурустӣ

Солимӣ асоси некуаҳволии оила ва ҷомеа аст. Ин аст, ки сол ба сол аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ин самт дастгирӣ ёфта афзудан мегирад. Имрӯз дар дурдасттарин маҳалҳои шаҳру навоҳии мамлакат ба хотири беҳдошти солимии аҳолӣ бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаю дармонгоҳҳо ва дигар марказҳои тиббӣ фаъолият намуда, табибони соҳибтаҷриба дар хидмати мардум қарор доранд.

Ҳини сафаре, ки дар ноҳияи Муъминобод доштем, аз беморхонаи марказии ноҳия, шабакаи муассисаҳои «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» дидан намудем.

Рушди сайёҳии табобатӣ

Моҳи сентябри соли 2020-ум бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» дар ноҳияи Муъминобод ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар Марказ шахсони гирифтори маризиҳои дил ва фишорбаландӣ, ки баъди табобати маризӣ аз беморхонаҳо мураххас мешаванд, ба истироҳат фаро гирифта шуда, аз хидмати табибони ин макон баҳра мебардоранд.

Муассиса бо тамоми таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, мутахассисони соҳа, бахусус пизишкони дилшинос ба фаъолият ҷалб шудаанд. Алҳол, дар ин макон беш аз 130 нафар ба беморон хидмат мерасонанд.

– Шуъбаи қабул ва машваратию ташхисӣ яке аз сохторҳои асосии Муассиса буда, ба қабули маризон ва расондани ёрии аввалин ба онҳо сарукор дорад. Баъди гузарондани беморон аз тамоми ташхисҳои муайяншуда таърихи бемориро омода намуда, маризро ба шуъбаи барқароркунӣ мегузаронанд, – аз ҷараёни кори худ мегӯяд Гулрӯя Султонова, мудири шуъба.

Муассиса дорои 100 кат барои беморон буда, алҳол, 90 мариз пайи барқарорсозии саломатии худ мекӯшад. Дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил барои маризон 5 намуди табобати физиотерапевтӣ, гиёҳдармонӣ ва табиатшифоӣ, ҳамчунин, гаштугузор дар ҳавои тоза ва се вақт хӯроки парҳезӣ муҳайё мебошад.

– Дар ҳуҷраҳои беморон тамоми шароити будубош, сар аз ташнобу дастшӯ, кату рахти хоб фароҳам ва беҳтарин мутахассисони таҷрибаандӯхта ба маризон хидмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин ҷо се табиби дилшинос, ду духтури асабшинос ва ду пизишки бемориҳои дарунӣ, дорои малакаи баланди касбӣ, фаъолият менамоянд, – иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Ба гуфтаи бону Гулрӯя ба гурӯҳи имтиёзнок мӯйсафедони аз 80-сола боло, камбизоатон ва кӯдакони то синни 17-солаи дорои нуқсони бемориҳои дил шомил буда, аз хидматрасонии тиббии муассиса ройгон баҳра мегиранд.

Ҳамчунин, ин маконро чун мавзеи гардишгарӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ метавон муаррифӣ намуд, зеро бо ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ самти сайёҳии табобатии кишвар маъруфият касб карда истодааст.

Аз хидматрасонии КАТС

Хидматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои муҳим барои беҳтаргардонии соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб ёфта, дар пешгирӣ аз маризиҳо ва сари вақт аз ташхис гузаштану ба табобат фаро гирифтани бемориҳо маҳз тавассути маслиҳату машварати тиббии табибон сурат мегирад.

Бону Муборак Зикрулло, ки соли 2006 бо ихтисоси табиби бемориҳои узвҳои даруна Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуд, ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Муъминобод ба кор омад. Ӯ тайи 20 сол аст, ки ба беморон хидмати тиббӣ мерасонад ва дар баробари он аз пайи такмили дониши худ мекӯшад.

– Муъминобод ноҳияи дурдаст аст ва ниёз ба мутахассисон дар ҳама соҳаҳо афзун буда, бахусус дар самти тандурустӣ, ки он ба солимии инсон ва ниҳоят, солим мондани ҷомеа пайвандӣ дорад. Дар рафти фаъолият эҳсос намудам, ки одамони зиёд бо бемориҳои гуногун барои давои дарди худро ёфтан ба дармонгоҳ меоянд. Аз ин хотир, тасмим гирифтам, то дар риштаҳои дигари соҳаи тандурустӣ дониши худро сайқал бахшам.


Бахусус, солҳои пеш норасоии мутахассисону пизишкон дар самти тарбодшиносӣ ва ташхисгари ултрасадо дар шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳия мушкили асосӣ буд. Курсҳои 6-моҳаи такмили ихтисос дар риштаҳои тарбодшиносӣ ва ташхисгари ултрасадоиро аз худ намуда, ба аҳолии ниёзманд кумаки аввалияи тиббӣ мерасонем, – мегӯяд Муборакбону.

Ӯ иқрор меояд, ки таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии кишвар мушкили норасоии пизишконро дар соҳаи тандурустии ноҳия хеле кам намудааст. Табибони тибби оилавӣ ва духтурони кӯдакона, ки норасоии кадрӣ дар соҳа аст, бо дастгирии ҳамдигарӣ дар хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ин мушкилӣ ҳаллу фасл мегардад.

– Табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз вазъи солимии ҳар хонаводаи маҳал бохабар шуда, сар аз кӯдаки дар батни модарбуда то пирони барҷомондаро ба қайд мегиранд. Занони ҳомила, беморони дар ҳолати вазнин қарордошта ва маъюбон ҳамеша таҳти назорати доимии пизишкон қарор доранд, – иброз медорад табиб.

На аз замони ҳомиладорӣ…

Гулсара Муллоева, мудири шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод, мегӯяд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо занони қобили таваллуд як нуктаи хеле муҳимро барои нигоҳдошти вазъи солимии бонувон зикр менамояд: «Тарбияи бадан ва мувоҷеҳӣ саломатии худ буданро на аз замони пайдоиши тифли батн, балки пештар аз он омӯзед».

– Воқеан, мушкили баъзе аз оризаҳо, ки баъди ҳомиладорӣ дар занҳо маълум мегардад, ин сари вақт, яъне пеш аз замони ҳомиладоршавӣ ташхис ва табобат накардани бонувон мебошад. Аксар вақт дар давраи ҳомиладорӣ бо илтиҳоби гурдаю талха ва пешобдон, бемории ҷоғар, камхунӣ ва фишорбаландӣ ба табибони амрози занона муроҷиат менамоянд, ки дар баъзе ҳолатҳо табибон низ оҷиз мемонанд. Дар сурати сари вақт муроҷиат намудани мариз дар беморхона бистарӣ шуда, то давраи таваллуд таҳти назорати момодоя ва духтурони амрози занона қарор мегирад, – иброз медорад Гулсара Муллоева.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир фарҳанги тиббии аҳолӣ дар маҳалҳо то ҷое боло рафта, ки ин аз заҳмати табибон аст, ки баҳри солимии ҷомеа ҳамаҷониба талош меварзанд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

            Душанбе – Муъминобод – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон