Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Марҳабо ба Аксион
ТандурустӣТоҷикистон сарзаминест, ки табиати бою рангин ва сарватҳои гуногуни табиӣ дорад. Дар ҳар гӯшаву канори ин кишвари биҳиштосо мавзеъҳои таърихӣ, кӯҳу даман, чашмасорон, кӯлу даштҳо ва ҷойҳои фараҳфизои истироҳатӣ мавҷуданд, ки ба мардум манфиатоваранд.
Вақте ки аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Ашт сафар менамоем, дар пеши назар талҳои сафед чун арӯсони пироҳани сафедпӯш ба назарҳо ҷилвагар мешаванд. Ҳини ба поёнтари ҳамин мавзеъ омадан роҳ шуморо ба яке аз машҳуртарин мавзеи вилояти Суғд — осоишгоҳи «Аксикон» наздик месозад…
Ин ҷо бо лой дардмандонро табобат менамоянд. Ана, даруни лойи табобатӣ касе мехобид. Пас аз муддате ӯ аз лойдон хеста, барои шустушӯ дохили бино рафт. Тани худро бо оби шӯр шуст. Хушҳол буд, зеро медонист, ки азияти танаш баъди табобати ин ҷо рафъ хоҳад шуд.Худро зодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ намуд. Шиква дошт, ки аз дарди пой азияти сахт мекашад. Ду сол боз ба ин мавзеи табобатӣ меояду баъди он дарди пойҳояш сабук мешавад.
— Ин ҷо бароям хеле писанд аст, дар ин макон табобати табиӣ ба роҳ монда шудааст, на бо ёрии ягон таҷҳизот. Мегӯянд: «Табиат мекунад моро табобат». Ин гуфта ҳақ асту рост…
Осоишгоҳи «Аксикон» дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт воқеъ буда, ҳамчун макони истироҳатию табобатӣ шинохта шудааст. Ин мавзеъ ба табиати хоси худ, кӯли шӯр ва лойи табииаш диққати мардумро ба худ ҷалб месозад. Одамони зиёд ба ин ҷо барои табобат омада, аз имкониятҳои табиии он истифода мебаранд.
Рӯзе, ки ба ин мавзеъ омадем, мардуми зиёд аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои муолиҷа омада буданд. Онҳо дар хонаҳои алоҳидаи вагоншакл ҷойгир шуда, аз оби шӯр ва лойи табиии он истифода мебурданд. Бояд изҳор намуд, ки яке аз сарватҳои асосии ин мавзеъ кӯли шӯри он ба шумор меравад. Ин мӯъҷизаи табиат аз қадим диққати мардумро ба худ ҷалб намуда, лойи табиии он дорои моддаҳои гуногуни минералӣ буда, дар табобати санаторӣ истифода мешавад.
Дар ин мавзеъ барои рушди табобати табиӣ ва сайёҳии солимгардонӣ тамоми шароит муҳайёст. Солҳои охир ба рушди инфрасохтори табобатию истироҳатии «Аксикон» таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ин мавзеъ яке аз муҳимтарин манбаъҳои тавлиди намаки ғизоӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, захираи он ҳудуди як миллион тонна мебошад ва солона беш аз 35 ҳазор тонна намак истеҳсол мегардад. Гили шифобахши осоишгоҳ сиёҳранг, равғанӣ ва саршор аз маъданҳо буда, аз он бӯйи мушаххаси сулфиди ҳидроген ба машом мерасад.
Солҳои охир дар ин мавзеъ бо бунёди иншооти наву замонавӣ шароити хизматрасонӣ ба меҳмононро беҳтар сохта, имкониятҳои табобату истироҳатро васеъ намуданд. Нахуст танҳо осоишгоҳи «Аксикон» амал мекард. Бо ташаббуси соҳибкор, бонуи заҳматпеша Истамой Мамадалиева дар доираи омодагӣ ба Ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди осоишгоҳи наву замонавӣ барои қабули 200 нафар бемор пешбинӣ шудааст. Ҳини суҳбат бонуи соҳибкор изҳор намуд, ки барои табобат ва барқарорсозии саломатӣ шароити зарурӣ муҳайё буда, таҷҳизоти гуногуни муосири тиббӣ насб гардидаанд. Махсусан, хизматрасониҳои табобатӣ барои гирифторони бемориҳои буғумҳо, радикулит, остеохондроз ва баъзе бемориҳои системаи асаб ба роҳ монда шудаанд.
Дар ин мавзеъ, дар ҳудуди ҳамин осоишгоҳ, ки «Бунёд» ном дорад, боғу гулгаштҳо, иншооти гуногуни хизматрасонӣ қомат афрохтаанд.
Бунёди чунин иншооти истироҳатӣ дар мавзеи Аксикон аз он шаҳодат медиҳад, ки захираҳои табиии ин макон самаранок истифода гардида, иқтидори сайёҳии табобатии ноҳия афзоиш ёбад. Худи муассис изҳор дошт, ки дар ин макони табобатӣ беморони зиёде муолиҷа гирифта, саломатии худро барқарор месозанд.
Дар ин мавзеи басо зебо ва ҳам шифобахш ҷалби сайёҳон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Баробари ба истифода додани осоишгоҳ ҷойи корӣ низ барои шаҳрвандон пайдо шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардидани вазъи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, бояд изҳор дошт, ки осоишгоҳи ҶДММ «Бунёд» метавонад барои ободии ноҳия, беҳтар шудани хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
ноҳияи Ашт
Мубодила:
Шарҳҳо










