БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бемориҳои фасли гармо

Тандурустӣ

Тобистон, ки фасли дӯстдоштаи атфол аст, бо ҳама ҷаззобияташ барои саломатии кӯдакон то андозае хавфнок аст. Зуд-зуд гирифтор шудани тифлон ба бемориҳои сироятии гуногун, ки сабаби хурӯҷи аксарияташон гармои шадид аст, дар фасли тамуз модаронро бештар ба ташвиш меорад. Қариб рӯзе нест, ки модарон бо кӯдакони аз бемории дарунрав азиятдида ба табибони оилавӣ, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо арз набаранд.

Табиби соҳибмақом Ҳабибахон Охунова, бо собиқаи кории қариб 40-сола, ки алҳол ҳамчун табиб-машваратчӣ дар Маркази саломатии № 1-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад, дар бораи бемориҳои мавсими гармо ва тарзи дурусти табобати онҳо аз таҷрибаи ғанӣ ва дониши фарох дар соҳаи табобати атфол андешаҳои худро иброз намуд, ки барои бонувони азиз ҷолибу омӯзанда аст.

Бемориҳои фасли гармо

Дар тобистон бештар бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, камхунӣ, соматикӣ ва ғайра авҷ мегиранд, ки сабаби асосии густариши онҳо тағйирёбии иқлим, сол аз сол баланд шудани ҳарорати ҳаво, таъсири мустақими нурҳои офтоб ва риоя накардани тозагиву ҳолати санитарӣ мебошад.

Сабабҳои пайдоиш

Ҷисми кӯдак нозук буда, дар қабул кардани бактерияҳои гуногун фаъол аст. Сабабгори асосии густариши бемориҳои меъдаву рӯда ин микробҳо ё вирусҳое мебошанд, ки дар шароити гармӣ зуд афзоиш ёфта, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Ин бемориҳо махсусан дар он ҷойе бештар паҳн мегарданд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ риоя намешаванд. Нӯшидани оби ноҷӯшида ва истеъмоли меваю сабзавоти ношуста низ боиси авҷгирии ин бемориҳост. Ҳамчунин, дар оилаҳои сернуфус, мактабу боғчаҳо як бактерия ё вирус метавонад ҷисми чандин кӯдакро заҳролуд гардонад. Махсусан кӯдаконе, ки системаи масунияти баданашон суст аст, ба бемориҳои сироятӣ бештар мубтало мегарданд.

 Нишонаҳои беморӣ

Бактерияҳо дар меъдаву рӯда асосан баъди гузаштани даҳаи инкубатсионӣ таъсири худро ба организм мегузоранд. Барои ҳамин, аксар беморон то аз беморӣ огоҳ мешаванд, ки аллакай ба он гирифтор шудаанд. Ҳарорати баланд, беҳоливу хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, наҷосати обакии пай дар пай аломатҳои нахустини беморӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ин марҳала кӯдакон аз қабули ғизо даст мекашанд. Дар натиҷаи пешгирӣ ва табобат накардани ин бемориҳо ҳолати фавт низ ба қайд гирифта шудааст, ки ташвишовар мебошад.

 Пешгирӣ ва табобати бемориҳои меъдаву рӯда

То ба дунё омадани кӯдак, модар бояд солим бошад ва давраи ҳомиларо хуб сипарӣ намояд. Дар марказҳои саломатӣ табибони машваратчӣ на танҳо саломатии модар, балки ҳолати инкишофи тифлро дар батн мушоҳида намуда, тавсияҳои зарурӣ медиҳанд. Риояи қоидаи беҳдоштӣ, тозагии умумии муҳити зист ва истифодаи ғизои солим шарти аввали мубориза бо бемории дарунравӣ аст. Зуд-зуд нӯшондани оби тозаи ҷӯшонда ва шарбати меваи тару тоза ба манфиат буда, миқдори талафёфтаи оби организми кӯдакро барқарор месозад. Дар натиҷаи мушоҳидаи оризаҳои беморӣ модарон бояд ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.

 Худтабобаткунӣ

  Худтабобаткунӣ бештар дар оилаҳое ба назар мерасад, ки дар он шахсони бузургсолу ботаҷри­ба зиндагӣ мекунанд. Калонсолон аз таҷрибаи худ маслиҳатҳое медиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳ ба бемор ёрии аввалиндараҷа мерасонад. Муътадил кардани ҳарорати бадан бо истифодаи оби ҷӯшомада, бедор кардани иштиҳо бо истеъмоли маҳсулоти ширӣ, покиза намудани муҳити атроф ва дур нигоҳ доштани кӯдак аз нурҳои мустақими офтоб аз маслиҳатҳои бамавриди онҳо ба шумор мераванд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки он чизе ки пир медонад, парӣ намедонад. Аз ин рӯ, агар маслиҳати онҳо ба саломатии кӯдак зиёновар набошад, ҳатман бояд риоя кард. Аммо бояд хуб дар хотир нигоҳ дорем, ки ҳар шахс ҳолати бемории шахсӣ ва бархӯрду ҳассосияти гуногун бо маҳсулоти доруворӣ дорад. Ҳолатҳое шудаанд, ки дар натиҷаи худтабобаткунӣ ҳолати бемор вазнинтар гашта, табобати он душвориҳоро ба бор овардааст.

 Пас, чӣ бояд кард?

Дар ҳолати мушоҳидаи оризаҳои бемории дарунравӣ ё офтобзадагӣ ва вазнин шудани ҳолати кӯдак ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд. То расидани духтур ба кӯдаки мубталои ин беморӣ то тамом шудани дарунравӣ ҳарчи бештар оби ҷӯшомадаи тоза ва маҳлули намакдори регидронро нӯшондан лозим аст.

 

Табибони оилавӣ бо мушоҳидаи ҳолати беморӣ тавсияҳои заруриро дода, бо фармудани усули табобат беморро зери назорати худ мегиранд. Баъди гузаштани се рӯзи давраи табобатӣ вазъи беҳбуди саломатии кӯдакро ба инобат гирифта, хулосаи зарурӣ мебароранд. Дар рафти табобат тақдири бемор бо табиб пайванд аст. Аз ин рӯ, бемордорон вазифадоранд, ки бо риояи дурусти маслиҳат ва табобати фармудаи табиб ғамхори сиҳатии бемор бошанд.

Таҳияи М. НАЗИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон