Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мушкили фарбеҳӣ сол то сол меафзояд
ТандурустӣИмрӯз дар ҷаҳон беш аз як миллиард одамон бо вазни барзиёд умр ба сар мебаранд. Фарбеҳӣ на танҳо мушкили калонсолон, балки зиёда аз 159 миллион кӯдак дар ҷаҳон бо ин мушкил мувољеҳ ҳастанд.
Тадқиқоти охирони олимони ҷаҳон нишон додааст, ки дар 30 соли охир теъдоди кӯдакони вазни зиёддошта нисбат ба солҳои қабл чаҳор маротиба афзудааст. Ҳоло ҳар даҳумин кӯдак дар сайёра бо иллати фарбеҳӣ зиндагӣ ба сар дорад. Беш аз 20 % духтарони вазни зиёддошта дар 21 кишвари ҷаҳон ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар 35 мамлакат ҳамин миқдор писарони фарбеҳ низ ҳастанд. Вазъи ташвишовар дар давлатҳои ҳавзаи уқёнуси Ором ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар Ниуэ - ҷазираи Полинезия, ки дар наздикии Зеландияи Нав љойгир аст, аз се як ҳиссаи духтарон ва тақрибан ҳар писари дувум ба фарбеҳӣ мубталоянд.
Ин мушкилӣ дар байни кӯдакону наврасони аз 5 то 19-солаи давлатҳои ҷазиравии Полинезия ва Меланезия басо ташвишовар аст. Ҳиссаи кӯдакони вазни барзиёддошта дар ин кишварҳо аз 20 то 40 дарсад фарқ мекунад. Кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар ҷои дувум қарор доранд. Ҳиссаи духтарони вазни гарондошта дар Чили ва ҷазираҳои Кариб, аз ҷумла Антигуа ва Барбуда, Багама ва Пуэрто-Рико аз 20 % зиёд аст.
Мушкилоти фарбеҳӣ дар кишварҳои Африқо камтар ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде дар баъзе кишварҳо, масалан, дар љазираҳои Сейшел ҳиссаи кӯдакони вазни барзиёддошта ба 20 % наздик аст.
Олимон қайд мекунанд, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон 65,1 миллион духтар (6,9 %) ва 94,2 миллион писар (9,3 %) аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Таҳияи МАДИНА