Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хусусиятҳои шифобахшии суманак
Тандурустӣ / Слайдер / ФарҳангСуманак таоми суннатии ниёгон буда, дар арафаи ҷашни Наврӯз омода мешавад. Он аз гандуми сабзида, орди гандум ва равған иборат аст. Суманак барои ба эътидол овардани фаъолият ва ҳолати рӯдаю меъда ва ғадуди зери меъда муфид аст. Ин намуди анво ҳамчунин ба системаи асаб таъсири судманд расонда, хобро беҳтар мекунад.
Сирри ширинии суманак дар таркиби он, дурусттараш дар шарбати гандуми сабзида аст. Дар шарбати сабзида хлорофилл (то 70%), аминокислотаҳои зарурӣ, ферментҳо, карбогидратҳо, магний, калий, руҳ, калсий, натрий, оҳан, кислотаи фолий, инчунин витаминҳои A, B1, B2, B3, B5, B6, C ва E мавҷуданд. Беҳтар аст, ки онро бо наботчой бинӯшанд, зеро суманак хосияти паст кардани фишори хунро низ дорад.
Бояд гуфт, ки суманакро дар муддати 20-24 соат меҷӯшонанд. Дар дохили дег сангҳои хурдеро мегузоранд, ки суманакро аз сӯхтан муҳофизат мекунад. Ривоятҳое мавҷуданд, ки агар ҳангоми истеъмоли суманак ин сангҳо дар табақи шумо оянд, он гоҳ орзуҳоятон ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Ширинии суманак табиӣ буда ба он шакар ҳамроҳ намекунанд. Аз ҳамин хотир, барои истеъмоли одамони гирифтори диабети қанд ва фарбеҳӣ беҳтарин ғизо ҳисоб меёбад. Ин ғизои миллӣ ба кӯдакону занон ва занони ҳомила ҳам муфид арзёбӣ мешавад. Суманак қувватро барқарор намуда, одамро болидарӯҳ менамояд. Дар ҳолати маҳкам намудани суманак нигоҳдории маҳсулот то 6 моҳро дар бар мегирад. Пас аз кушодан дар яхдон на бештар аз як ҳафта онро нигоҳ медоранд. Як қошуқ суманак метавонад ду килограмм меваро аз ҷиҳати витаминҳо иваз кунад. Организмро бо моддаҳои ҳаётан муҳим, ки барои фаъолияти муътадили тамоми узвҳои дохилӣ заруранд, сер намуда, норасоии витаминҳоро бартараф мекунад.
Организмро аз ҳама гуна маҳсулоти нолозим тоза мекунад.
Микрофлораи рӯдаҳо ва ҳозимаро беҳтар карда, қабзияти музминро бартараф менамояд. Гардиши хунро низ ба эътидол меорад. Ҷигарро муҳофизат карда, кори онро беҳтар мекунад.
Бемориҳои занонаро пешгирӣ намуда, ба ҳолати бачадон таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳамчунин аз афзоиш ва инкишофи бактерияҳои зараровар дар бадан пешгирӣ мекунад.
Ба шушҳо таъсири судманд дорад, яъне таҳшинҳоро дар онҳо, ки ҳангоми нафаскашии газҳои туршӣ пайдо мешавад, маҳлул мекунад. Организмро бо зиёда аз 19 аминокислотаҳо таъмин мекунад.
Ба системаи лимфавӣ ҳам таъсири мусбӣ мерасонад.
Таҳияи М. Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо
