БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуи байтор
ТандурустӣОйбегим Зуурбекова соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури ҳайвонот - байтор тамом кард. Аввалин қадамҳои кории худро дар Озмоишгоҳи байтории ҷумҳуриявӣ ( ҳоло Маркази миллии ташхиси амнияти озуқаворӣ ) гузошт. Зина ба зина дар ин самт рушд мекард. Солҳои 2003 -2012 вазифаи мудири шуъбаи вирусологиро ба зимма дошт. Шуруъ аз соли 2013 дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ фаъолияти пурсамар дорад. Ҳамчун ходими калони озмоишгоҳи пешгирии вабои сумдард ва сафедхунии чорвои калон пайи кор аст.
Ин бонуи байтор барои пешгирии вабои сумдард ва сафедхунии чорво ташхиси ин бемориро бо усулҳои муосир ба роҳ мондааст. Барои пешгирии ин бемориҳо штами вабои сумдард ихтироъ намуда, соҳиби патент гардид. Бо ҳамин ихтироот дар намоишгоҳи 14-уми байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон» дар Ҷумҳурии Корея ширкат намуда, соҳиби медали биринҷӣ ва диплом шуд. Дар ин намоишгоҳ аз 17 кишвараи аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ихтироъкорон иштирок доштанд.
Раванди ташхис
Барои муайян намудани беморӣ аз фермаҳо мо хуни чорво оварда, ташхис мегузаронем. Агар чорво гирифтори бемории сафедхунӣ бошад, хӯрдани шир ва гӯшти онро тавсия намедиҳем. Ба онҳо мефаҳмонем, ки барои пешгирии вабои сумдард дар як сол бояд ду бор чорвоҳои худро аз ваксинаи зидди ин беморӣ гузаронанд ва ташхиси серологии бемории чорвои калонро гузаронанд.
Шир ва қаймоқи нопухтаи чорвои гирифтори сафедхунӣ, ҳамчунин, гӯшти онро хӯрдан қатъиян манъ аст. Бинобар ин, чорвоҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ҳатман бояд аз ташхиси байторӣ гузаронда шаванд. Байторон метавонанд бо гузарондани доруҳои табобатӣ алайҳи бемориҳои гуногун касалиҳои зиёди чорворо пешгирӣ намуда, дар солимии ҷомеа нақши муайян гузоранд. Чуноне академик Павлов нигоштааст: «Духтури одам танҳо одамро табобат мекунад, духтури ҳайвон тамоми инсониятро». Аз ин хотир, чорводор вазифадор аст бо байторон ҳамкории доимӣ дошта бошад, зеро бехатарии биологии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшту шир аз бисёр ҷиҳат аз ин ду шахс-чорводор ва байтор вобаста аст,- иброз медорад Ойбегим Зуурбекова.
Барои омӯзиши бештар Ойбегим сафарҳои зиёде ба хориҷа намудааст. Аз ҷумла, ба Эрон, Италия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, ки барои пешрафти кораш таъсири мусбате гузоштаанд.
Бону дорои зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, ду дастурамал ва патент аст. Барои пешрафти кори байторони ҷумҳурӣ ӯ ба тамоми ноҳияҳои кишвар сафар намуда, бо байторон семинару дарсҳо мегузаронад ва онҳоро аз роҳу усулҳои пешрафтаи ташхиси бемориҳо бохабар месозад. Номбурда аз он хурсанд аст, ки таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба илми ветеринарӣ сол аз сол меафзояд. Дар қатори шогирдон аллакай ду бону дар зинаи магистр таҳсили илм дорад.
Ҳоло имкониятҳои бештаре барои ҷавонон фароҳам аст, тамоми адабиётҳоро метавон аз интернет пайдо намуд. Замони мо шароит душвор буд, дастрасӣ ба китобҳо камтар буд. Хушбахтона, ҳоло тамоми шароитҳо барои ҷавонон дар Институти мо фароҳам аст. Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ бо олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Россия, Швейтсария ҳамкории зич дорад,-мегӯяд байтор.
Дастгирии шавҳар
Дастовардҳои хешро ин бонуи кордон аз дастгириҳои пайвастаи ҳамсараш Тилло Тиллоев медонад. Ҳар ду ҳампешаанду дар пайроҳаи илм дастгиру мададгори ҳам.
Ин касби волидон ба писари ягонаашон таъсир расонд, ки ӯ Донишгоҳи аграрии Кубани Федератсияи Россияро хатм намуда дар ин самт фаъолият дорад. Нилуфар, духтари нозанинаш ба самти забономӯзӣ майли бештаре дошт, ки донандаи хуби забонҳои романӣ-германист.
Дар зиндагӣ, агар миёни зану шавҳар якдигарфаҳмиву эҳтиром, дастгирӣ бошад, ҳар ду муваффақ мешавад, -меафзояд муаллим.
Имрӯз Ойбегим Зуурбекова аз он меболад, ки дар фазои ороми Тоҷикистон умр ба сар мебарад. Кори пажӯҳишии мавсуф барои замони имрӯза бисёр муҳим аст ва ифтихорманд аз онем, ки саҳми бонувони кишвар дар беҳгардонии рӯзгори мардум назаррас аст.
Агнес Шёберг (1888–1964) аввалин занест дар Аврупо, ки дар соҳаи тибби байторӣ рисолаи доктории худро дифоъ кардааст. Вай тақрибан бист мақолаи илмӣ дар ин самт нашр намудааст. Вай дар оилаи заминдори сарватманд ба воя расида, аз хурдӣ ба корҳои гуногуни кишоварзӣ машғул буд, вале ба ҳайвонот назари нек дошт. Вай маълумоти олиро дар Олмон гирифт ва соли1918 рисолаи доктории худро дар риштаи офталмологияи байторӣ дифоъ кард.
Фарзона ВОСЕЕВА
Мубодила:
Шарҳҳо
