БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ШИФОКОР

Тандурустӣ

Маркази саломатии шаҳрии №1-уми шаҳри Душанбе дар табобати беморони зиёд саҳми арзанда мегузорад. Духтурон пайваста дар хизмати маризон қарор дошта, барои солимии онҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд. Кормандони шуъбаи таҳлилӣ бо муносибати хубу гуфтори наку корафтодаро дилгарм мекунанд.

Яке аз кормандони марказ Мадина Мағзумова ҳисоб меёбад, ки ҳамчун таҳлилгар дар озмоишгоҳ фаъолият мебарад ва мудом пайи гирифтани дониш аст. Бояд гуфт, ки илми тиб ҳамеша омӯзишу рушдро тақозо менамояд. Духтури ҷавон аз таҷрибаи бойи ҳамкасбон истифода бурда, нозукиҳои касбашро сайқал медиҳад.

Мадина пас аз хатми МТМУ №18-и пойтахт соли 2006-ум ҳуҷҷатҳояшро ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе супурд.

 

-Завқу ҳавасам бештар ба ташхису таҳлили бемориҳо буд, аз ин рӯ, дар давоми фаъолият ҳуҷҷатҳоямро ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, ғоибона таҳсил намудам. Сипас, соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино як сол омӯзиш гирифта, тахассуси духтур-таҳлилгарро гирифтам,- мегӯяд Мадина.

Тибби муосири лабораторӣ самтҳои зиёдеро доро мебошад. Феълан, дар кулли муассисаҳои тиббӣ озмоишгоҳҳои клиникӣ ва таҳлилгарҳо мавҷуданд. Духтури лабораторӣ ташхисгарест, ки бо ташхиси лаборатории клиникӣ сарукор дорад. Вазифаи асосии духтури лабораторӣ ташхиси дақиқи патология бо мақсади таъин кардани терапияи мувофиқ барои бемор мебошад. Духтури лабораторӣ беморонро табобат намекунад, аммо ҳаёти инсон аз дурустии санҷишҳои лаборатории онҳо вобастагии зич дорад.

Дар масъалаи хондану соҳибтахассус шудани ману бародарам модарам саҳмгузоранд. Хонашин бошад ҳам, ҳамеша моро ба хондан талқин мекард. Падарам низ аз рафти хониши ману бародарам хабар дошт. Овони мактабхонӣ фанни кимиёро дӯст медоштам, ҳангоми дарс мекӯшидам, то масъалаву муаммоҳоро бештар ҳал намоям, - изҳор медорад таҳлилгар.

Ба китобу адабиёти тиббӣ рӯ оварда, барои қавӣ гардондани донишаш меомӯзад. Ҳамчунин, рӯзномаву маҷаллаҳоро низ варақ мезанад. Зеро ӯ ба он ақида аст, ки табиби таҳлилгар бояд ҳамеша аз пайи омӯзиш бошад…

Пас аз як писар дар оилаи онҳо духтараке бо чашмони обӣ, ба дунё омад, ки аҳли оила аз он шоду масрур буданд. Бо ҳазор орзуву армон Мадина номаш доданд. Дар ҷавоби «калон шавӣ, чӣ мешавӣ?», ҳамеша посух медод, ки милиса мешавам. Чун занҳоро бо либоси махсуси низомӣ медид, шавқ менамуд, ки рӯзе корманди мақомоти корҳои дохилӣ мегардад. Баъди хатми мактаби миёна ин орзуяш амалӣ нагашт. Чунки сардард ва фишори модараш тез – тез боло мерафту ба табибон корафтода мешуд, ки ӯ зуд шифо ёбад. Лутфу меҳрубонии духтурон нисбат ба модараш сабаб гаштанд, ки ӯ дар интихоби касби оянда фикрашро тағйир диҳад. Падараш ҳам мегуфт: «Барои зан беҳтарин касб духтурӣ аст».

Гузарондани сӯзандору ва қатрачакониро ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ёд гирифта будам. Холаам дар бахши ҷарроҳии кӯдакона ҳамчун ҳамшираи шафқат фаъолият мекарду рӯзҳои истироҳат маро ҳамроҳаш мебурд. Ба корҳои хола зеҳн мемондаму бори аввал ба модаркалонам дору гузарондам ва қатра чакондам. «Чӣ дастони нозуку шифокоре дорӣ, Мадинаҷон. Тамоман дардро ҳис накардам. Ту бояд шифокор шавӣ», - гуфтанд бибии меҳрубонам. Ин суханони модаркалонам азми маро дар роҳи мақсад устувор гардонд, - мегӯяд Мадина Мағзумова.

Иқрор меояд, ки шефтаи пешаи хеш аст. Мехоҳад бештар аз илми тиб ва дастовардҳои фановарии муосири соҳа баҳравар бошад. Рушди техника кори табибонро хеле осон кард. Ба назари ӯ, кор дар ин ҷода шавқангез аст. Табиби таҳлилгар ба воситаи ташхис маризиро муайяну мушаххас месозад. Таҳлилгар ҷавоби ташхисро ба табиб равон мекунад. Садҳо ниёзмандон аз ноҳияҳои гирду атроф ба маҳорату ширинзабонӣ ва касбияти Мадина офарин хондаанд.

Духтур будан барои Мадина мояи ифтихор аст, зеро вай ҳамеша зоҳиран ва ботинан тозаву пуртароват ва дар муошират хушдилу хушмуомила ва дар иҳотаи инсонҳои нек қарор дорад. Мадина худ низ ҳар сари шаш моҳ аз муоинаи тиббӣ мегузарад. Ба фикри Мадина, табиб бояд, пеш аз ҳама, солим бошад. Ӯ ба он андеша аст, ки беҳтарин сарвати ҳар як шахс саломатии ӯст. Сарфи назар аз мушкилиҳои зиндагӣ ҳар нафар бояд сабуру ботамкин бошад, чунки сарчашмаи ҳамаи бемориҳо маҳз аз асабоният ва фикронии зиёд ба вуҷуд меояд.

Вай аз фаъолият бо кормандони маркази саломатӣ меболад. Ӯ мегӯяд, ки дар шуъбаи онҳо беҳтарин мутахассисон ҷамъ омадаанд. Кормандони ин даргоҳ дар анҷуману конфронсҳои соҳа мунтазам иштирок карда, донишашонро мукаммал месозанд. Онҳо дар касб содиқу ба мариз ҳалим ва меҳрубонанд. Бо азму саъйи комил ва завқи беандоза мекӯшад, ки аз ҳамкасбонаш нозукиҳои пешаашро омӯзад.

Ҳамчун табиби таҳлилгар аз поён рафтани сиҳатии ҷомеа нигарон аст. Воқеан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо нисбат ба мардон занону кӯдакон бештар ба камхунӣ мубталоянд. Табиби ҳар инсон, пеш аз ҳама, худаш аст. Дар сурати дар бунёнаш пайдо гардидани одитарин ноҷӯрӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, пеши роҳи бемориро гиранд.

Дар таҷрибаи ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки камхунӣ дар аксари беморон зиёд ба назар мерасад. Ба чунин нафарон тавсия медиҳем, ки аз меваю сабзавоти тару тоза истифода баранд. Тоҷикистони азизамон дорои неъматҳои бузурги табиӣ буда, барои сокинони хушбахти он тамоми витаминҳои зарурӣ аз маҳсулот дастрас аст.

Нишонаҳои аввали камхунӣ мондашавӣ, гум шудани иштиҳо, партофтани вазн, дарунравӣ, гум кардани ҳассосият ба ҳисоб мераванд. Шарбати тару тозаи лаблабу, себ, анор, сабзӣ ва каду барои камхунӣ хеле муфид аст. Дар меваҳои хушк миқдори зиёди оҳан мавҷуд аст. Камхуниро бо сайру гаштҳои мунтазам дар ҳавои тоза, тарзи ҳаёти фаъол ва варзиши сабук бояд бартараф намоем, - изҳор дошт таҳлилгар.

Мадина оилаи обод дораду ҳамсари вафодор. Соҳиби писари дӯстрӯ ва духтараки нозанин аст, ки ҳар ду хонандаи мактаб аст…

Мадина БАЛАҶОНОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон