Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нигоҳе аз дирӯз ба имрӯз
ТандурустӣНазари Нигина аз шишаҳои мусаффои тиреза ба кӯчаи серодам бархӯрд. Равуои мардум мисле, ки оби дарё чашмро мебарад, андешаҳояшро ба дуриҳои дур бурд…
Нисфи шаб марду зани солхӯрдае ҳайрону саргардон аз дари дорухона даромаданд. Ҳаросон ба қаторҳои дорумонӣ чашм давонда, шояд доруи даркориро меҷустанд. Нигина, ки аз нигоҳи аввал аз ҳаракатҳои саросемавори ин зану мард ташвишашонро эҳсос намуда буд, пурсид:
Чӣ хизмат кунам? Кадом дору ба шумо даркор?
Мо то ин ҷо расидан беш аз 10 дорухонаи дигарро дидан намудем, вале барои паст кардани ҳарорати бадани писарамон чӣ доруе даркор аст, ки пайдо накардем. Писарам бемори вазнин аст, аз каронавирус азият дорад. Чӣ кор кунам, ки табъаш паст шавад?
Бо кӯмаки Нигина онҳо ҳароратсанҷ ва якчанд доруҳои дигарро гирифта, дарҳол аз дари дорухона берун шуданд.
- Он волидон куҷо шуда бошанд? Тақдири фарзандашон чӣ шуд? Чаро ки он шаб суроға ё рақами телефони онҳоро напурсидам? – бо ёдовар шудан аз ин қисса суҳбатамон бо Нигина Расулова, мудири шуъбаи дорухонаи №5-и шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Ӯ дар муддати беш аз 30 сол фаъолият доштанаш дар дорухона шоҳиди даҳҳо чунин воқеаҳо гардидааст, ки на ҳар якеашон мисли ин ҳодисаи оншаба аз хотираш зудуда шудаанд. Нигина мегӯяд, ки аз бемории фарзанд танҳо волидон чунин ташвиш доранд ва дарди фарзанд метавонад онҳоро ба истилоҳ «ҷонсарак» созад.
Нигина дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаву ба воя расидааст. Модар, ки омӯзгор буд, аз хурдӣ чунин хислатҳоро ба мисоли инсондӯстиву нексириштӣ дар қалби фарзандон бедор намуд. Падар ҳам чун геологи шинохта дар тарбияи 5 фарзанд сахтгир буду серталаб. Бале, муҳити хонавода чунин буд, ки фарзандон ҳар яке дар зиндагӣ мавқеи хешро пайдо намуданд.
Нигина, ки аз хурдӣ дар баробари шавқ доштан ба дигар фанҳо рағбати беандоза ба фанҳои химия ва биология дошт, пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Ашт барои идома додани таҳсил ба шаҳри Душанбе омад.
- Интихоби пеша барои мо, фарзандони хонадон маҷбурӣ набуд. Аз ин рӯ, нафаре аз фарзандон мактабро хатм менамудем, волидонамон ҳатман дар бораи интихоби пеша пурсон мешуданд. Модарам низ чун «анъана»-и хонаводагӣ аз ман суол карданд, ки тасмими идома додани таҳсиламро дар кадом донишгоҳ ё донишкада дорам? Гуфтам, ки дорушинос мешавам, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Нигина соли 1991 бомуваффақиятона супурдани имтиҳонҳо донишҷӯи факултаи фармасевтикаи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Замони таҷрибаандӯзӣ дар дорухонаи №1-и шаҳри Душанбе шавқаш ба пеша бештар афзуд. Дар ин даргоҳи касбомӯзӣ Нигина бевосита дар корҳои дорусозӣ ширкат варзида, маҳсули заҳматашро дидаву аз он шод мегашт.
- Фаолияти кориам дар самти фармесевтика аз дорухонаи №1-и шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Мудири шуъбаи онвақтаи дорухона Нуралӣ Бозоров аз кори мо, гурӯҳи таҷрибаомӯзон қаноатманд шуда, сеи моро ба кор даъват намуд. Воқеан, дар замоне, ки пайдо намудани ҷойи кор хеле мушкил буд, баъди хатми донишгоҳ соҳиби кор шудем, - мегӯяд Нигинабону.
Алҳол, Нигина Расулова, ки беш аз 10 сол аст, дар дорухонаи №5-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад, ба мизоҷону дардмандон ва корафтодагон хизмат мерасонад. Ӯ мегӯяд, ки омӯзиши нозукиҳои пешаи дӯстдоштааш пас аз итмоми донишгоҳ хотима наёфтааст, баръакс ҳар рӯзаш аз омӯхтани таркиби маҳсулоти дорувориҳои нав оғоз меёбад.
- Талош меварзам, то аз навгониҳои дунёи дорушиносон бархӯрдор бошам ва он чиро, ки аз худ намудам, ба таҷрибаандӯзони ҷавон омӯзам. Дорухонаи №5-и шаҳри Душанбе на танҳо ба мизоҷонро номгӯи доруҳои гуногун, атриёт, гиёҳдоруҳо, хӯрокҳои варзишӣ ва молҳои ортопедӣ пешкаш менамояд, инчунин дар тарбияи мутахассисони соҳаи фармасевтӣ саҳмгузор мебошад, - гуфт дар фарҷоми суҳбаи Нигина Расулова.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо
